Сиёсати иҷтимоӣ дар меҳвари мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони аҳли ҷомеа қарор дошт
ДУШАНБЕ, 08.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар 12 май бори дигар таъкид карданд, ки «…ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллиамон, таъмин намудани саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрўи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад».
Мавриди зикр аст, ки мутобиқи моддаи 1 Конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам меорад. Дар асоси моддаи 64 Конститутсия, Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Бо назардошти ин, сиёсати иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон қарор дошта, бо ин мақсад аз тамоми имкониятҳо ва захираҳои мавҷуда самаранок истифода бурда мешавад. Далели раднашавандаи ин гуфтаҳо он аст, ки солиёни охир зиёда аз нисфи буҷети давлатӣ маҳз ба мақсадҳои иҷтимоӣ равона гардида, муассисаҳои зиёди маданию равшаннамоӣ, ба монанди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, қасрҳои фарҳанг бо тарҳи замонавӣ ба истифода дода мешаванд. Ҳамчунин дар назар дошта шудааст, ки аз моҳи сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, ба таври навбатӣ боло бардошта шавад.
Мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайгирӣ гардидани масъалаҳои иҷтимоӣ ва дақиқона мавриди таҳлил қарор додани онҳо орӣ набуд. Фазилатҳои наҷиби ин моҳи хайру саховат аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо сиёсати иҷтимоӣ борикбинона таҳлил гардида, аз соҳибкорон ва тоҷирон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин моҳи шариф нарху навои маҳсулоти мавриди ниёзи мардумро беасос баланд бардошта, ҳамватанони худро ба азият гирифтор накунанд. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар аксари кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин тоҷирон нархро баръакс, дар ин моҳ арзон мекунанд, то ки бо ҳамин роҳ соҳиби савоб шаванд. Ин сиёсат ба он нигаронида шудааст, ки манфиатҳои қишри нисбатан камҳимоя халалдор нашуда, бо ҳамин беҳбудии вазъи иҷтимоии онҳо таъмин карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба сиёсати иҷтимоӣ дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 апрели соли равон баргузор гардид, ба роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо супориши қатъӣ дода шуд, ки ба ифтихори 30-солагии истиқлолияти кишвар, яъне то 9 сентябри соли 2021 ва дар сатҳи баланди омодагӣ пешвоз гирифтани ин ҷашни бузурги миллӣ корҳои созандагиву ободониро дар тамоми қаламрави кишвар ҳамаҷониба густариш бахшанд.
Дар доираи ин чорабиниҳо, дар назар дошта шудааст, ки давоми се сол дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад.
Инчунин дар назар дошта шудааст, ки дар ин муддат бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, коргоҳҳои дўзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав ҳамчун корҳои созандагӣ ва ободонӣ анҷом дода шаванд, ки ин бешак, ба беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудааст.
Ҳамин тавр, сиёсати созандаи роҳбарияти олии сиёсӣ моро водор менамояд, ки нисбат ба масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ бетараф набуда, дар ташаккули мамлакат саҳми худро гузорем.
Г. ФИРДАВСОВА,
ёрдамчии судяи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






