Театри давлатии мусиқии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 14.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 июн то 2 июли соли равон Театри ӯзбек бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Театри давлатии мусиқии Ӯзбекистон ба номи Муқимӣ бо намоишномаи «Арӯси бесалиқа» ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, намоишномаи «Арӯси бесалиқа» 29 июн дар шаҳри Хуҷанд дар саҳнаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ, 30 июн дар шаҳри Душанбе дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ва 1 июл дар шаҳри Бохтар дар саҳнаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи А.Муҳаммадҷонов манзури ҳаводорони санъати театрӣ мешавад.
Гуфта мешавад, ки сафари ҳунарии ҳунарпешаҳои ӯзбек дар доираи созишномаи ҳукуматҳои ду кишвар бо мақсади густариши муносибатҳои фарҳангӣ, таҳкими равобити дӯстӣ, баланд бардоштани завқи бадеӣ ва шинос гардонидани тамошобини тоҷик бо санъати театрии ӯзбек сурат мегирад.








Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад






