Тоҷикистон ва СММ ҳамкориро дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» баррасӣ намуданд

Июнь 19, 2018 08:35

ДУШАНБЕ, 19.06.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ  Лю Чжэнминро 18 июн ба ҳузур пазируфт.

Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири корҳои хориҷӣ С.Муҳриддин ба муовини Дабири кулли СММ Лю Чжэнмин барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 миннатдорӣ изҳор намуда, нақши СММ-ро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ баланд арзёбӣ кард.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҷории ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои СММ ва инчунин дурнамои ҳамкории минбаъда ва ҳамкорӣ дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар фарҷом Вазир аз сатҳи муносибати муштарак изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳовасмандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи густариши ҳамкории самарабахш бо СММ дар амалисозии барномаҳое, ки барои ноилгардӣ ба ҳадафҳои рушди устувор равона шудаанд, изҳор намуд.

Июнь 19, 2018 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд