ТОБИСТОНИ МАКТАБИЁН. Дар Суғд беш аз 1000 лагери беруназшаҳриву наздимактабӣ фаъол гардидаанд
ХУҶАНД, 07.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд ҷиҳати омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони вилоят дар соли 2018 ситоди махсуси «Тобистон — 2018» таъсис дода шуд. Ҳадафи он тақвият бахшидан ба ҷараёни фарогирии мактабиён ба фароғати фаъол дар давраи таътили тобистона мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, имрӯзҳо дар лагерҳои варзишию солимгардонии беруназшаҳрии миқёси вилоят корҳои сохтмонӣ, таъмир, муҷаҳҳазгардонии бино, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои оббозиву майдончаҳои сабзкорӣ ба итмом расонида шуда, онҳо ба қабули хонандагон омодаанд.
Зикр гардид, ки дар давраи тобистони имсола дар қаламрави вилоят тибқи нақша 19 лагери беруназшаҳрӣ, 679 лагери наздимактабӣ, 243 лагери истироҳатию меҳнатӣ, 30 лагери солимгардонӣ ва машғулиятҳои меҳнатӣ барои хонандагони синфҳои 9-10 ва 39 лагери варзишӣ-беҳдоштӣ бо фарогирии зиёда аз 75 000 нафар кўдакону наврасон фаъолият мебаранд. Аз шумораи умумии фарогирандагон беш аз 1000 нафарашонро кўдакони ятиму бепарастор ва 7600 нафарашонро хонандагон аз оилаҳои камбизоат ташкил дода, ба истироҳатгоҳҳо ройгон фаро гирифта мешаванд.
Инчунин ҳоло дар миқёси вилоят 19 муассисаи иҷтимоӣ бо фарогирии беш аз 1800 нафар кўдакон ба таълиму тарбия фаъолият доранд.
Бояд гуфт, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давраи таътили зимистонаи соли 2018-ум 100 нафар кўдакони ятиму бепарастор ва 200 нафар ғолибони озмуну олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба истироҳату фароғат ҷалб гардида буданд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






