Ҳувияти миллӣ дар замири истиқлолияти миллӣ қарор дошта, кафили асосии ваҳдати миллист

Июнь 27, 2018 09:32

ДУШАНБЕ, 27.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. 12   майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар мулоқот намуда, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва ҷаҳонии замони муосир сухан карданд. Пас аз ин мулоқот, ки масъалаи асосии он сарҷамъию муттаҳидӣ, тарбия кардани наслҳои нави донишманду эҷодкор, худшиносу худогоҳ, ба шароити нави таърихӣ тобовар ва содиқ ба ормону ҳадафҳои давлати соҳибистиқлол, ҳифзкунандаи ҳастии миллати худ ва тарғибгари  арзишҳои меҳварӣ буд, қишрҳои гуногуни ҷомеа назари худро баён доштанд.

Дар робита ба ин ёрдамчии судяи Суди конститутсионӣ Валӣ ТЕМИРОВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳояшро чунин баён намуд:

-Мувофиқ ба андешаҳои илмӣ, зери мафҳуми ҳувияти миллӣ низоми арзишҳои маънавӣ, ҷаҳонбинӣ, маданият ва андешаҳое фаҳмида мешавад, ки хоси миллат ва халқҳои алоҳида буда, тўли солиёни дуру дарози таърихӣ, бо назардошти арзишҳои фарҳангӣ ташаккул ёфтаанд. Аз ин ҷо, ҳувияти миллӣ бештар тобиши консервативӣ дошта, ба он ворид гардидани унсурҳои бегонаро намепазирад. Масалан, дароз кардани дасти хайру саховат нисбат ба шахсоне, ки барҷомондаву танҳо буда, ниёз ба ғамхорӣ доранд. Бинобар ин, ҳувияти миллӣ дар замири истиқлолияти миллӣ қарор дошта, ба сифати кафили асосии ваҳдати миллӣ дар кишвар баромад мекунад. Нисбат ба он арҷгузорӣ гардида, барои рушди он заминаҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд. Чунончи, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ва ё Соли оила эълон гардидани соли 2015.

Ҳувияти миллӣ вобаста ба мазмун ва муҳтаво падидаи ниҳоят мураккаби иҷтимоӣ буда, бо чунин унсурҳо: худогоҳии миллӣ, худшиносии динӣ, арзишҳои моддӣ ва маънавӣ, сатҳи ҷаҳонбинӣ пайвастагии зич пайдо кардааст. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки унсурҳои мазкур муддати тӯлонии таърихӣ ташаккул ёфта, бо ҳодисаҳои гуногуни таърихӣ мавриди санҷиш қарор дода мешаванд. Ҳамон арзишҳои моддӣ ва маънавӣ ба сифати омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ муқаррар карда мешаванд, ки ин санҷишҳои таърихиро паси сар карда, устувории худро нисбат ба ҳама гуна ҳаводис исбот кардаанд. Устувории ин арзишҳо ба сифати унсури калидии ҳувияти миллӣ, устувории миллатро асос гузошта, барои тафриқагузорӣ байни манфиатҳои миллӣ ва омилҳои халалдоркунандаи манфиатҳои миллӣ мусоидат менамоянд. Миллат ва халқҳои алоҳида дар ин пайвастагӣ устувории худро дар муқобили ҳама гуна даъватҳои шароити ҷаҳонишавӣ таъмин намуда, арзи ҳастӣ кардани худро заминагузорӣ менамоянд. Дар ҳоли акс, фаношавии ин халқ ва миллат ногузир аст.

Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон ба дурустӣ таъкид гардид, ки «…вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд кардан медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд».

Нуқтаи назарҳои таҳлилӣ ба он ишора менамояд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти муносибатҳои сиёсӣ, ҳимояи манфиатҳои геополитикӣ ва минтақавии кишварҳои алоҳида тобиши худро тағйир дода, ноил гардидани онро тавассути инқилобҳои фарҳангӣ пайгирӣ менамоянд. Моҳияти аслии онро агарчи таъмини ғолибияти мутлақи сиёсӣ ташкил медиҳад, дар пасманзари он азхудшавии ҳудудҳои нав, истифодаи захираҳои табиии ин ҳудудҳо ба манфиати миллӣ, ташкилкунии бозорҳои нав барои молу маҳсулоти ватанӣ ва амсоли инҳо қарор доранд. Чунончи, тибқи қонуни «Маршал», таъмин гардидани волоияи манфиатҳои миллии ИМА нисбат ба манфиатҳои минтақаи Аврупо дар даврони баъди ҷанги дуюми ҷаҳон.

Афзалияти ин усул он аст, ки манфиатҳои миллӣ бидуни кӯшиш ва харҷи назаррас гузаронида шуда, вобастагии минтақаҳои алоҳида аз бозингарони асосӣ таъмин карда мешавад. Аз ин ҷо, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дурустӣ таъкид гардид, ки «…дар шароите, ки арзишҳо таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат тағйир ёфта, муборизаи қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё ва неъматҳои моддӣ торафт шиддат гирифта истодааст, тавассути корҳои тарбиявию маърифатӣ ҳифз ва тарғиб намудани арзишҳои меҳварие, ки тафаккур ва амали насли имрӯзу фардои миллатро ташаккул ва рушд медиҳанд, ногузир ва ҳатмӣ мебошад».

Дар ин ҷараён, роҳ додан ба кашолкориҳо ё батаъхиргузориҳо қобили қабул дониста намешавад. Дар ҳоли акс, фазои холии манфиатҳои миллӣ аз ҷониби арзишҳои халалдорсозандаи ҳувияти миллӣ пурра гардида, сабаби дуршавии шахс аз асли хеш мегардад. Чунончи, аз ҷониби шаҳрвандони алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир шудани тақлид ба фарҳанги бегона, ки хоси фарҳанги миллати тоҷик набуда, наметавонад арзиши волои онро таъмин намояд. Вобаста ба ин, пайдоиши рахна дар устувории пояҳои давлатдории миллӣ рӯи кор омада, бегонашавӣ мушоҳида мегардад. Мутобиқ ба ин, аз ҷониби Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади риояи тарзи либоспӯшӣ ва ташвиқи фарҳанги либоси миллӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ, хештаншиносӣ, эҳё ва рушди мероси фарҳанги миллӣ таҳия гардидани Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон иборат аз ёздаҳ бахш иқдоми саривақтӣ буда, барои пешгирӣ гардидани болоравии фарҳанги бегона нигаронида шудааст.

Тавре аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, «…таърихи башарият нишон медиҳад, танҳо давлат ва халқҳое умри нисбатан дарозтар дидаанд, ки онҳо аз имкониятҳои дар ихтиёр доштаашон пурра ва дурусту оқилона истифода карда, наслҳои нави донишманду эҷодкор, худшиносу худогоҳ, ба шароити нави таърихӣ тобовар ва содиқ ба ормону ҳадафҳои давлати соҳибистиқлолро тарбия кардаанд».

Ҳамин тавр, дар ин пайваст моро зарур аст, ки аз дастовардҳои шароити ҷаҳонишавӣ дуруст истифода карда, мутобиқатии онро бо манфиатҳои миллӣ ва ҳувияти миллӣ дар асоси гузоштани арҷ ба аслу насаби хеш таъмин созем. Барои ояндагони худ Ватан ва мулкеро мерос гузорем, ки боиси ифтихори онҳо буда, барояшон шароити беҳтарини зисту зиндагониро фароҳам орад. Зеро онҳо барои ин Ватан ва ин мулк, ки номаш Тоҷикистон аст, барҳақ ҳуқуқ доранд.

 

Июнь 27, 2018 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард