30 июл-Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди савдои одамон: Тоҷикистон намегузорад, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва шахсони алоҳида ҳадафҳои нопоки худро дар ин самт амалӣ намоянд
Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд ва онро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
(моддаи 5, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
ДУШАНБЕ, 30.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии муҳоҷират, ҳамасола дар тамоми миқёси ҷаҳон 4 миллион нафар одамон қурбонии ҷинояти савдои одамон мегарданд, ки ин вазъ дар ҳоли имрӯз боиси нигаронӣ ва ба ташвиш омадани ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Масъалаи савдои одамон дар ҷаҳони муосир, яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба шумор рафта, ҳамарӯза дар гӯшаву канори олам, алалхусус давлатҳои ҷангзада ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ, аз ҷумла, занону кӯдакон дучори ин ҷинояти вазнин ва амалу кирдори ҷинояткоронаи савдогарони одамон мегарданд.
Новобаста ба пешравии илму техника ва пурталотум гаштани бархӯрди тамаддунҳо ва густурдатар гаштани ҷаҳонишавӣ савдои одамон ва масоили ҷинояти ба он марбут низ мураккабтару густурдатар мегардад. Бо назардошти ин раванд ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон СММ як зумра созишномаву конвенсия ва тавсияҳои гуногунсатҳу гуногумазмунро ба тасвиб расонидааст, ки ҳамагӣ дар пайи таҳкими озодиву ҳуқуқҳои инсон ва арҷгузориву бузургдошти ӯ мебошад. Вале ба гуфтаи сардори Маркази савдои одамони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Шарипов, бо бештар гаштани меъёрҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва усулҳои замонавие, ки аз арзишҳои инсонӣ ҳимоят мекунад, мушоҳида мешавад, ки ҷинояткорӣ низ бо усулҳои нав амалӣ гашта, ҳатто дар пешрафтатарин мамлакатҳои ҷаҳон низ ҳуқуқи инсонро доғдор кардаву зери суол бурдааст.
«Хушбахтона, дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари демокративу дунявӣ дар радифи кишварҳои муттараққии дунё ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус ва аҳамияти ҳамаҷониба зоҳир намуда, бо дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар намегузорад, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва шахсони алоҳида ҳадафҳои нопоки худро дар ин самт амалӣ намоянд. Бо ин мақсад бо дастгирӣ ва роҳнамоии Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», ҳамзамон соли 2016 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» қабул гардид, ки ин иқдоми хайрхоҳона ва башардӯстона аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қонунгузории мамлакат нисбат ба сокинони ҷумҳурӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ мекунанд ва қарор доранд, шаҳодат медиҳад»,-зикр намуд ӯ.
Бояд гуфт, ки ВКД ҶТ яке аз субъектҳои асосии муборизабаранда бо савдои одамон ба ҳисоб рафта, бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо ин ҷинояти вазнин ва таҳқиркунандаи номусу шарафи инсонҳо мунтазам тадбирҳои судманд меандешад. Вобаста ба иҷрои самараноки қонуни дар боло зикргардида ва Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 бо Фармоиши Вазири корҳои дохилӣ соли 2017 дар сохтори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази муқовимат ба савдои одамон таъсис дода шуд.
«То қабул гардидани қонуни нав корҳо ҷиҳати бақайдгирӣ ва таҳлили ҷиноятҳо дар самти савдои одамон дар асоси қонунгузории соли 2004 аз рӯи номгӯи муқаррарнамуда ба амал бароварда мешуд. Яъне, таҳлили ҷинояткорӣ дар самти хариду фурӯши одамон тибқи рӯйхати 22 ҷиноят ба роҳ монда мешуд. Аммо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» аз 26 июли соли 2014 муайян кардани номгӯи ҷиноятҳо дар самти савдои одамон ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд. Аз соли 2015 таҳлили ҷиноятҳои вобаста ба савдои одамон аз рӯи 12 моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад ва чунин муносибат боиси бечунучаро дуруст ба роҳ мондани омори ҷинояткорӣ дар самти баррасишаванда мусоидат намуда, тамоюли воқеии содиршавӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятиро, ки бо савдои одамон дар алоқамандӣ қарор дорад, инъикос менамояд»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ вобаста ба савдои одамон нишон медиҳад, ки тибқи маълумоти Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилӣ, дар 6 моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 41 ҷинояти мансуб ба савдои одамон ба қайд гирифта шудаанд, ки баҳри пешгирии ин ҷиноят пайваста аз ҷониби Вазорат чораҳои пешгирикунанда андешида мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, аз тарафи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 3 моҳи соли ҷорӣ бо мусоидати Маркази кумак ва дастгирии қурбониёни савдои одамони Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар қурбониён аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба ватан баргардонида шуданд.
Ба гуфтаи коршиносон, яке аз роҳҳое, ки нафарони ба фурӯши инсон дастдошта ба кор мебаранд, ин нахуст ба асорати қарзӣ гирифтор намудани «тӯъмаи» интихобнамудаашон аст. Аз ҷумла, дар натиҷаи амалӣ кардани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби мақомот шаҳрванд Ш. Абдуллоева, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дастгир карда шуд, ки аз соли 2012 инҷониб бо савдои одамон машғул буда, бо роҳи фиреб бо баҳонаи таъмини кор дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб духтарони маҳаллиро ҷалб намуда, барои тайёр намудани шиноснома, раводид ва роҳкиро маблағҳои пулӣ медод. Минбаъд онҳоро ба асорати қарзӣ гирифтор карда, барои анҷом додани ҳар гуфтаҳояш ҷабрдидагонро маҷбур намуда, аз ин ҳисоб фоидаи калони пулӣ ба даст меовард. Дар натиҷа нисбат ба Ш. Абдуллоева оид ба се ҳолати ҷиноят аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Вазорат ҷиҳати иҷроиши бандҳои Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 корҳои назаррасро ба сомон расонида, ҳар 6 моҳ ба унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод менамояд. Айни замон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамбастагӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон телефони миллии боварии муқовимат ба савдои одамон (227-07-07) фаъол гардонида шудааст, ки шаҳрвандони мо метавонанд бевосита муроҷиат намоянд.
Бо мақсади таҳлил ва мониторинги вазъи ҷинояткорӣ дар самти савдои одамон дар заминаи Маркази муқовимат ба савдои одамони РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳзани ягонаи ҷиноятҳо дар самти савдои одамон ташкил карда шудааст, ки дар он маълумот оид ба ҷиноятҳои алоқаманд ба савдои одамон, ҷинояткорон, қурбониёни савдои одамон, гурӯҳҳои осебпазир ҷой карда мешаванд. Ҳамчунин дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои махсус ва мунтазами такмили ихтисос барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба савдои одамон ташкил ва гузаронида мешаванд.
Бояд гуфт, ки масъалаи марбут ба савдои одамон дар шароити кунунӣ ҳамчун зуҳуроти манфӣ шинохта шуда, он метавонад ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи инсонӣ зарари ҷуброннопазир расонад. Ба ин хотир баҳри пешгирӣ ва бартарафсозии он ҷомеаи ҷаҳониро мебояд дар ҳамбастагӣ ва муттаҳидӣ амал намоянд, то ин кирдори ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ миёни ҷомеа решакан карда шавад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»