30 июл- Рӯзи байналмилалии дӯстӣ. Чу ёбӣ дӯсте, сахташ нигаҳ дор…
ДУШАНБЕ, 30.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дӯстӣ беҳтарин арзиш ва дастовард аст. Дар он ҷое, ки дӯстӣ ҳаст, умед ҳаст, адолату муҳаббат дастболоянд, меҳрубониву раҳму шафқат ва шодиву фараҳ ҳамроҳ бо инсонҳоянд. Он чӣ моро, зиндагониву хонаводаҳои моро фирӯзу шодком медораду ба ҳастии мо маъно мебахшад, ҳамин дӯстист. Маҷмаи Умумии СММ ҳамаи инро ба назар гирифта, 30 июлро — Рӯзи байналмилалии дӯстӣ эълон намуд, то дӯстӣ омили ҳамзистии осоишта ва бахту саодати мардум бошад. Дар робита ба Рӯзи байналмилалии дӯстӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан РАҲМОНӢ суҳбат намуд:
АМИТ «Ховар»: Дар ҷаҳони муосир, ки дар саросари дунё муноқишаҳо ва нооромиҳо дар авҷ аст, барои оромиши ҳамаи ин амалҳои ношоиста чӣ зарур аст?
Равшан РАҲМОНӢ: Тавре ки маълум аст дар садаи ХХ дар дунё ду ҷанги ҷаҳонӣ гузашт ва ҳоло дар асри ХХI низ дар саросари дунё ҷангҳо, муноқишаҳо, нооромиҳо ва баҳсҳои бемаънӣ дар авҷ аст, ки барои оромиши ҳамаи ин амалҳои ношоиста сулҳу адолат, озодию ободӣ зарур аст. Фақат муҳаббат, меҳр дӯстии беғаразона, одамияту самимият метавонад рӯзгори инсонро беҳтар гардонад, башарро ба роҳи нек ҳидоят созад, сайёраро осудаву ободу аз ҳар гуна балоҳо озод намояд. Хусусан дар замони муосир ба ин масъала таваҷҷуҳ кардани мо бисёр зарур аст. Чунки имрӯз на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми дунё ба дӯстӣ ниёз дорад. Мо бояд бо аҳли оила, ҳамсоягон ва қавму қабилаҳои гуногуни кишварамон дӯст бошем. Зеро дӯстӣ бевосита барои мустаҳкам шудани зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунад.
АМИТ «Ховар»: Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки тоҷикон миллати сулҳпарвару дӯстхоҳанд ва фарҳанги ҳазоронсолаи мо низ ҳамеша дӯстиро васф кардааст. Бигӯед, ки ниёгони мо аз замонҳои бостон то имрӯз дӯстиро чӣ гуна ситоиш кардаанд?
Равшан РАҲМОНӢ: Ҳанӯз дар нахустин китоби ниёгон «Авесто» омадааст: «Эй Маздо! Ончунон ки фарзона марди тавоное дӯстеро ба меҳрубонӣ паноҳ мебахшад, ту низ бо Шаҳриёри менуии хеш ва дар партави Аша (ростӣ) пайравони маро паноҳ бахш, то ман ва ҳамаи онон, ки Мантраи (сухани эзадии) туро месароянд, ба по хезем ва аз омӯзишҳои ту пуштибонӣ кунем» (Авсето, 2001, с. 77-78).
Бале, аз он рӯзгорони пешин то имрӯз тоҷикон дӯстиро ба воситаи зарбулмасал, панд, андарз, афсона ва ривоятҳо ситоиш кардаанд ва имрӯз ҳам дар эҷодиёташон фаровон истифода мебаранд. Тоҷикон мехоҳанд бо қавму миллатҳои гуногуни олам, бахусус ҳамсоягон, дар рафоқат ва муҳаббат зиндагӣ дошта бошанд. Ҳамин аст, ки дар байни мардуми тоҷик чунин гуфтаҳо маъмул мебошад ва онро дар мавриди муносиб ба забон меоранд: одаме, ки дӯст надорад, одам нест; ҳамсояи хуб беҳтарин дӯст аст; бародар бародар не, дӯст бародар аст; аз дӯсти нодон душмани доно беҳ; дӯст гирёнда гап мезанад, душман хандонда; аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ; аз дӯст як ишорат аз мо ба сар давидан; дӯст аҳл бошад, кор саҳл бошад; дӯстон – тоҷи сар, душманон – зери по ва монанди ин.
Ин навъ гуфтаҳо дар байни мардумони дигари олам низ ҳастанд. Дар дунё қавме, миллате, мардуме нест, ки дӯстиро ситоиш намекарда бошад, ё дар бораи дӯстӣ зарбулмасал, панд, андарз, афсона, ривоят надошта бошад.
АМИТ «Ховар»: Дар адабиёти класссики мо шоирон дар ситоишу тавсифи дӯстӣ суханҳои баланду дилписанд гуфтаанд…
Равшан РАҲМОНӢ: Ягон садае нест, ки дар осори адабии он замон аз дӯстӣ ёд нашуда бошад. Мисоли барҷастаи ин ҳамон сухани оламгири устод Рӯдакӣ аст, ки 1100 сол пеш гуфта буд:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Бале, тоҷик то имрӯз аз дидани дидори дӯсти азизаш шод мегардад. Хонаводаи тоҷик бо дӯст обод аст. Тоҷик барои дӯсти содиқу вафодори хеш ҷонашро фидо мекунад. Тоҷикон ба ин гуфти пурҳикмати Фирдавсӣ амал мекунанд:
Ҳамон дӯстӣ бо касе кун баланд,
Ки бошад ба сахтӣ туро ёрманд.
Дарвоқеъ, тоҷикон дар рӯзи сахтӣ ба дӯстони ҷонии худ ёрманд ҳастанд. Ҳанӯз Носири Хусрав гуфта буд:
Чу касро ёри якдил ёр гардад,
Ба ҳар озор кай безор гардад.
Кадомин дӯст, к-ӯ аз дӯст нозад,
Чу кор афтад, ба ҷон ҷонро бибозад.
Ин шоири ширинкалом дар ҷои дигар гуфтааст, ки агар дӯсти меҳрубону ғамхоре ёбӣ ӯро «сахташ нигаҳ дор». Чунки маҳз ҳамин дӯст дар рӯзи мушкиле туро ба кор ояд ва бароят аз ӯ «ширинӣ» хоҳад расид:
Чу ёбӣ дӯсте, сахташ нигаҳ дор,
Ки дар охир ба ширинӣ расад кор.
Асадии Тӯсӣ ҳамин гуфтаи болои Носири Хуравро ба таври зерин тасдиқ намуда гуфтааст:
Чу дастат расад, дӯстонро бипой,
Ки то дар ғам оранд меҳрат ба ҷой.
Аммо ба гуфти Абулмаҷид Саноӣ дӯсти воқеиро бояд шинохт. Агар Худо накарда ин дӯст нодон бошад вай балои ҷон хоҳад шуд:
Дӯстият мабод бо нодон,
Ки бувад дӯстиш офати ҷон.
АМИТ «Ховар»: Саъдии бузургвор дар яке аз гуфтаҳои хеш дӯстонро ба се тоифа-забонӣ, нонӣ ва ҷонӣ ҷудо намудааст. Бо ин гуна дӯстон чӣ бояд кард?
Равшан РАҲМОНӢ: Бале, ситоишгари панду андарз Саъдии бузургвор дар бораи дӯстӣ моҳирона, оқилона ва мушоҳидакорона суханҳои бисёр гуфтааст. Дар яке аз гуфтаҳои хеш ӯ дӯстонро ба се тоифа ҷудо намудааст: яке забонӣ, дигаре нонӣ, сеюмӣ ҷонӣ. Бо ҳар кадоми ин гуна дӯстон чӣ бояд кард Саъдӣ гуфтааст:
Дило, дӯстон се қисманд, ар бидонӣ,
Забонианду нонианду ҷонӣ.
Ба нонӣ нон деҳу аз дар биронаш,
Тавзӯъ кун ба ёрони забонӣ.
Валекин ёри ҷониро ба даст ор,
Ба ҷонаш ҷон бидеҳ, ар медонӣ.
Ин панди ҳикамтомези ӯро тамоми мардуми тоҷик дар ёд доранд. Ҳамин Саъдии хушгуфтор таъкид намудааст, ки ҳар касро дӯст нагиред. Дӯстро санҷида баъд интихоб намоед. Касоне ҳастанд, ки бо лофу газофу бародархондагӣ худро дӯст мешуморанд, вале аз ин гуна одамон эҳтиёт бояд шуд. Фақат он касоне дӯстони содиқ ҳастанд, ки дар рӯзи мушкилию дармондагӣ дар канори ту ҳастанд:
Дӯст машмор он ки дар неъмат занад,
Лофи ёрию бародархондагӣ.
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешоҳолию дармондагӣ.
Гуфтаи фавқи Саъдиро шоирони дигар низ таъкид намудаанд. Чунки онон дар таҷрибаи рӯзгори хеш дӯсти хубу бадро дидаанд ва мардумро огоҳ намудаанд, ки дӯсти воқеӣ кист ва ӯро аз душман бояд ҷудо кард. Дар ин бора Хусрави Деҳлавӣ гуфтааст:
Касеро дӯст шояд гуфту ҳамдам,
Ки бошад ҳамдам андар шодию ғам.
На ёр, ағёр гӯ онро, ки ҳар бор,
Ба шодӣ ёр бошад, дар ғам ағёр.
Агар инсон дарвоқеъ дӯсти ҷонӣ пайдо намояд ба гуфти Низомӣ «Заҳри туро дӯст чӣ хонад? Шакар. Айби туро дӯст чӣ донад? Ҳунар». Вале ба гуфтаи Ҳумои Табрезӣ дӯстони азизи гиромӣ барои рӯзгори одамӣ ҳамеша ғанимат аст, ки дӯсти ҳақиқиро ҳамеша ёд овардед:
Дӯстон аз дӯстон ёд оваред,
Аҳди ёри меҳрубон оваред.
АМИТ «Ховар»: Дар зиндагӣ инсон ба ҳар гуна воқеа ва ҳодисаҳои гирифтор мешавад. Инсон хато мекунад. Гоҳе дӯсти меҳрубонашро ранҷонида чӣ кор карданашро намедонад. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?
Равшан РАҲМОНӢ: Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ин бора зиёд гуфтааст. Ба гуфтаи эшон, агар одамоне, ки дар дил кинаву кудурат дошта бошанд, онро аз дил дур созанд:
Каримон ҷон фидои дӯст карданд,
Сагӣ бигзор, мо ҳам мардумонем.
Ғаразҳо тира кунад дӯстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?
Биё, то қадри якдигар бидонем,
Ки ногаҳ зи якдигар намонем.
Ҳофизи бузургвор моҳияти дӯстиро ва бадбахтии душманиро хеле зебо, моҳирона, дилнишин, барҷаста ва ба ҳаёти инсон наздик ба таври зерин ёдовар шудааст:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Ниҳоят чӣ фоли нек аст, ки дар байни ду кишвари бо ҳамдигар дӯсту ҳамсоя – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамин дӯстӣ дар ин соли равон саҳифаҳо нав боз намуд. Ин дӯстӣ, ки решаҳои таърихӣ дошт ва бунёди онро Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ гузошта буд, дубора эҳё гардид.
Умед аст, ки дар рӯзҳои наздик Пешвои миллат ба давлати Ӯзбекистон сафар менамоянд ва ин дӯстии азалиро боз ҳам равнақ бахшида, дар таърихи ин ду миллати бо ҳам дӯст созишномаҳои нав ба имзо мерасанд. Бо сафари Пешвои миллат дар таърихи ин ду давлат саҳифаҳои нав боз мешавад, ки он равнақбахши зиндагии мардуми ҳар ду кишвар хоҳад шуд.
Аз ин рӯ мардумони олам, бахусус мардуми азизи Тоҷикистон бояд аз гуфтаҳои ниёгони худ ибрат гирифта, дар оянда низ дирафши дӯстиро дар ҳар ҷо баланд бардоранд. Дар хонавода, кӯдакистон, мактаб, донишгоҳ, кӯча, бозор, дар ҳама ҷо бо меҳру муҳаббат бошанд, дӯстиро ҳар лаҳза ташвиқ созанд; ба ҳамдигар бо самимият, табассум ва меҳрубонӣ муроҷиат намоянд.