Ҳайати Тоҷикистон дар машваратҳои кишварҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Москва иштирок намуд

Июль 13, 2018 08:20

ДУШАНБЕ, 13.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 12 июли соли 2018 дар шаҳри Москва машваратҳо оид ба масъалаҳои фаъолияти байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмон баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар машваратҳои мазкур муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода роҳбарӣ мекард.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ, инчунин масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти сиёсати хориҷӣ дар ҳошияи СҲШ мубодилаи афкор намуданд.

Чораҳои амалӣ оид ба мустаҳкам намудани нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо зарурати пурзӯр намудани талошҳоро дар роҳи мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини боэътимоди амният ва рушди устувор дар минтақа ва ҷаҳон дар маҷмӯъ зикр намуданд.

Июль 13, 2018 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд