Ҷамъияти тоҷикони Миср: ТТЭ ҲНИ сиёсати «мазлумият»-ро пеша мекунад…
ДУШАНБЕ, 28.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар саҳифаи фейсбукии Ҷамъияти тоҷикони Миср оид ба иғвои навбатии ташкилоти террористӣ — экстремистии ҳизби наҳзати ислом мулоҳизаҳои Ҷамъияти тоҷикони Миср нашр гардид, ки онро манзури хонандагони АМИТ «Ховар» месозем:
«Тайи чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ гурӯҳҳои иғвоангези ифротии тобеи ТТЭ ҲНИ аз хабари бемории тифлаки ноболиғи чорсола, бо номи Ҳамза, ҳангома сохта, дар асоси нақшаи тарҳрезишудаи сарпарастони молӣ ва маънавии худ, сиёсати «мазлумият»-ро пеш гирифтанд. Кабирӣ бо ин сиёсати нопоки пешгирифтаи худ, ният дорад, ки амалҳои террористии ҳизб ва аъзоёнашро рӯйпӯш намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба «мазлум» будани хеш ҷалб намояд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамаи ин сиёсатбозиҳои кабириҳо баъд аз нофарҷом баргузор гардидани «Маҳфил»-и хонаводагии ТТЭ ҲНИ дар шаҳри Дортмунди Олмон дар таърихи 15 июли соли равон оғоз гардид. Ин барномаи куҳнашудаест, ки ҳангоми нокомии сиёсӣ аз он истифода мебаранд.
Аз ин хабарҳо бармеояд, ки Кабирӣ барои пӯшиши сиёсати нокоми худ ба фарзандони падарии худ низ раҳм намекунад. Чунин кирдори ноҷавонмардона на дар чаҳорчӯби муқаддасоти динӣ ва на ба рафтори неки инсоният рост меояд. Ӯ бемории Ҳамзаро сабаб қарор дода, ба дарди Худо характери сиёсӣ бахшид ва бар зидди тақдири Парвардигор баромада дорад. Чунончӣ, бобои модарии Ҳамза – Исломиддин Зайниддинов дар изҳороти худ таъкид намудаст, ки таъхири сафар ба сабабҳои молиявӣ рабт дошта, ягон монеаи дигар ба хонаводаи онҳо вуҷуд надорад.
Барои ҷалби бештари сарпарастони хориҷии худ, аъзои ТТЭ ҲНИ бо истифода аз шабакаи телевизиони арабии «Ал-Ҳивар», ки моли ташкилоти террористии «Ихвон-ул-муслимин» аст, гӯё «мазлум» будани худро ба ҷомеаи хориҷӣ эълон менамоянд. Бехабар аз оне, ки ин маротиба низ аз уҳдаи иҷрои вазифаи дар пешгузоштаи хоҷагонашон набаромаданд.
Аз ин рӯ, мо тоҷикони муқими Миср, кабириҳоро даъват менамоем, ки агар онҳо заррае имон дошта бошанд аз сафсатагӯӣ ва иғвоангезии сиёсӣ даст кашида, Ҳамзаи хурдсолро барои амалӣ намудани сиёсатҳои ғаразноки худ суйистифода накунанд.
Ҷамъияти тоҷикони Миср








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






