«БО ДЕГ ШИНӢ — СИЁҲ ШАВӢ…». Ҳамнишинӣ бо ҷинояткор ҷиноят аст
ДУШАНБЕ, 14.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғ табдил ёфтааст. Зеро фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба ҳаёти осоиштаи миллатҳову давлатҳо хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ҳарчанд, бо вуҷуди такомулоти азиме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ касб кард, бо дарназардошти ваҳдати сартосарӣ, рушди иқтисоди миллӣ, баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум, воқеӣ шудани армонҳои миллӣ, аммо масъалаҳои печидае рӯ ба рӯи раъияти кишвар қарор гирифа, ки басо хатарнок аст. Ин ҳам, фаъолияти баъзе гурӯҳу созмонҳо, ба монанди ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Хатари он мазмуну муҳтавои тундгароиро дошта, ба кулли ҷомеа таҳдид мекунад.
Дар замони пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳо, доир ба густариши ифротгароии бунёдӣ, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарзо зиёд гуфтаанду мегӯянд. Дар баробари ин, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила амалӣ созанд. Аъзоёни фирории ТТЭ ҲНИ, ки дар хоки кишварҳои аврупоӣ қарор доранд, ҳамчунин афроди алоҳидаро ба доми фиреб кашида, барои ширкат дар нишасту вохӯриҳо даъват менамоянд. ТТЭ ҲНИ мехоҳад намояндагони гурӯҳҳои мухталифро дар шаҳри Дортмунди Олмон гирд оварад. Дар ҳоле, ки барои иштирок дар ҷаласаву нишастҳои ТТЭ ҲНИ мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии сангин пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи моддаи 3073 иштирок дар фаъолияти ҳибҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстреместӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1359), бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.15 №1261).
Аз ин рӯ, касоне, ки дар он нишаст ширкат мекунанд, бояд бидонанд, ки ҷараёни бошиддати фаъолияти ТЭТ ҲНИ ба ҷомеа таъсири манфӣ расонида, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одати бегонагонро ворид сохта, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф менамояд. Натиҷаи он ҳама вақт манфӣ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур, эътироз ва муқобилиятро ба миён меоварад. Аъмоли Ҳизби наҳзати исломӣ боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ мегардад ва ҳамнишинӣ бо он маънои шарикӣ дар ҷиноятро дорад.
Иллати сар задани падидаҳои номатлубу хатари тафриқаандозӣ ва пайдо шудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ, таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, беасосу бадномкунанда ва дар ин замина ба вуҷуд овардани фазои нофаҳмӣ маҳз аз ҷониби ҷинояткорони ТЭТ ҲНИ дар чунин нишастҳо садо медиҳад, ки ҳамнишинӣ бо онҳо низ ҷиноят аст. Тавре мақоли халқӣ мегӯяд: «Бо моҳ шинӣ — моҳ шавӣ, бо дег шинӣ — сиёҳ шавӣ».
САФАРЗОДА Анвар Ислом,
мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






