АЗ ОББОЗӢ ДАР ҶОЙҲОИ МАНЪШУДА ХУДДОРӢ НАМОЕД! Дар дарёи Кофарниҳон марди 48-соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 09.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Наҷотбахшони Раёсати махсуси ҷустуҷӯӣ–наҷотбахшии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади пешгирӣ аз рух додани ҳодисаҳои нохуш дар обҳо навбатдорӣ ба роҳ мондаанд, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ марди 48-соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Умеда Юсуфӣ иттилоъ дода, илова намуд, ки ҳодиса 8 июл рух додааст. Ҳангоми навбатдории нақшавӣ дар соҳили дарёи Кофарниҳон наҷотбахшони Кумитаи мазкур марди 48-сола, сокини ноҳияи Рӯдакиро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд. Ин мард гирифтори бемории рӯҳӣ буда, пас аз наҷот ӯро ба ихтиёри мақомоти дахлдор супоридаанд.
Бо фаро расидани фасли гармо ва оғоз шудани мавсими оббозӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ назорат дар обҳо ва мавзеъҳои шиноварии ҷумҳуриро пурзӯр карда, дар дарёҳои пуртуғён, ки оббозӣ дар онҳо иҷозат дода намешавад, бо истифода аз ғаввосон ва наҷотбахшони касбӣ навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ мондааст.
Ғайр аз ин, кормандони Кумитаи мазкур ҳар рӯз бо сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мулоқоту суҳбатҳо анҷом дода, ба онҳо қоидаҳо ва маконҳои оббозиро шарҳ медиҳанд ва даъват мекунанд, ки аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда худдорӣ намоянд.
Аммо новобаста аз ҳушдорҳои қатъӣ сокинони ҷумҳурӣ дар чунин дарёҳо худсарона ба оббозӣ машғул шуда, ҳаёти худу наздиконашонро дар хатар мегузоранд. Аз ин сабаб, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва дар ҷойҳои муайяншуда ба шиноварӣ машғул шаванд.
Ҳамчунин волидонро огоҳ менамояд, ки фарзандони худро ҳангоми ҳузур доштан дар лаби дарёву кӯлҳо беназорат нагузоранд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






