БАҚИЯИ ҚАРЗИ АНДОЗ МЕАФЗОЯД. Ё чаро баъзе ширкату корхонаҳои ноҳияи Восеъ бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд?!
ВОСЕЪ, 14.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз сарчашмаҳои асосии буҷет сари вақт ҷамъоварӣ намудани андоз ва иҷро гардидани нақшаи қисми даромади он ба шумор меравад. Ин самт, пеш аз ҳама, аз фаъолияти корхонаву ташкилотҳо, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ ва дигар андозсупорандагон вобастагӣ дорад. Вале на ҳамеша ва на ҳама андозсупорандагон дар ин бора эҳсоси масъулият мекунанд. Дар ин бора – гузориши хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймони ХОЛ аз ноҳияи Восеъ.
Мутаассифона, бақияи қарзи андоз дар ноҳияи Восеъ сол аз сол дар ҳоли афзоиш қарор дорад, ки ин аз бемасъулиятӣ ва фориғболии аксар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дарак медиҳад.
Тавре сардори нозироти андози ноҳия Зафар Авазов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бақияи қарзи андоз дар ноҳия то санаи 1 июни соли равон ба 7 миллиону 904 ҳазору 414 сомонӣ расида, сабаби мушкил гардидани нақшаи ҳармоҳаи ҷамъоварии андоз гардидааст. Шумораи бештари андозсупорандагонеро мисол овардан мумкин аст, ки ҳазорҳо сомонӣ аз андоз қарздоранд, аммо дар ин самт андеша намекунанд.
Имрӯз боло рафтани қарзи андоз бештар аз ҳисоби Кооперативи тиҷоратии «Бузургмеҳр», ЧДММ «Осиё-12», ҶСП «Восеъ», Кооперативи истеҳсолии «Хуҷамуъмин», ҶДММ «Азиз-1» Кооперативи тиҷоратии «Бахт-82», ҶДММ «Баракат», Кооперативи тиҷоратии «Ҳулбук», ҶДММ «Хутал» ва дигар ширкатҳои бонуфузе мебошад, ки онҳо метавонанд аз ҳисоби истеҳсолоти корхонаҳо ва даромади заминҳои кишоварзӣ нақшаи андозро барзиёд иҷро намоянд.
Аммо, баръакси ҳол, бақияи қарзи андоз аз ин ҷамъиятҳо аз 100 то 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар ин самт чандин маротиба аз ҷониби масъулини нозироти андоз ба роҳбарияти ҷамъиятҳо огоҳнома ирсол гардид, вале мутаассифона, дигаргуние дида нашуд.
Манбаъ афзуд, ки дар ҳолати сари вақт пардохт накардани бақияи қарзи андоз онҳо рӯзҳои наздик ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунанд.








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






