БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: Тарифҳои ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ таҷдиди назар карда шуданд
ДУШАНБЕ, 17.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва кам кардани хароҷоти ташкилотҳои қарзӣ-иштирокчиёни низоми пардохтҳои электронӣ ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкиро ба ташкилотҳои қарзӣ таҷдиди назар намуд.
Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 июли соли 2018 тарифҳои нави ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ муқаррар гардиданд. Тарифҳои нав хароҷоти ташкилотҳои қарзиро ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ ба маротиб кам намуда, барои зиёд шудани теъдоди пардохтҳои байнибонкӣ ҳавасманд менамоянд. Дар навбати худ тарифҳои нав ба ташкилотҳои қарзӣ имконият медиҳанд, ки онҳо низ тарифҳои хаққи хизматрасониҳои худро ба муштариёнашон кам намоянд.
Инчунин дар доираи лоиҳаи грантии Бонки ҷаҳонӣ «Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» бо мақсади рушди инфрасохтори низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва ҷавобгӯ намудани низоми пардохтӣ ба стандартҳои байналмилалӣ татбиқи Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо ва Амонатгоҳи (депозитарияи) марказии қоғазҳои қиматнок амалӣ гардида истодааст.
Ба кор андохтани низомҳои зикргардида дар шашмоҳаи якуми соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро вусъат бахшида, дар баробари ин барои беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир мусоидат намояд.








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






