БОЗДИД АЗ «ҲАФТКЎЛИ МЎЪҶИЗАДОР». Дар Хуҷанд барои истироҳату фароғати сайёҳон тамоми шароит фароҳам аст
ДУШАНБЕ, 17.07.2018. /АМИТ Ховар»/. Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 5 ширкати сайёҳии шаҳри Хуҷанд, ба монанди Ҷамъияти байналхалқии туризми ҷавонон «Спутник», филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Олами саёҳат», «Суғдиён Помир — Тур», «Ҷаҳонгард» ва «Алп Сомон — тур» фаъолияти худро баҳри рушду нумӯъ ва пешрафти соҳаи сайёҳӣ дучанд ба роҳ мондаанд.
Тавре аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ тадбирҳо андешида шуда, баҳри рушди туризми дохилӣ ва қабули меҳмонон хатсайрҳои дохилӣ ташкил карда шудаанд. Хатсайрҳои «Шоми Душанбе», «Искандаркўл», «Ҳафткўли мўъҷизадор» аз ҷумлаи инҳо мебошанд.
Баҳри истироҳати шаҳрвандон, меҳмонон ва сайёҳон дар шаҳри Хуҷанд Боғи фарҳангию фароғатии «Наврўзгоҳ», хиёбони Исмоили Сомонӣ бо силсилафаввораҳо, Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол», Боғи истироҳатии ба номи Устод Рўдакӣ мавриди истифода қарор доранд.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар шаҳри Хуҷанд барои қабули сайёҳон 13 меҳмонхона фаъолият менамоянд. Ҳамчунин дар шаҳр 32 ёдгории таърихӣ, 3 ёдгории археологӣ, 25 ёдгории шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошанд.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






