Дар Душанбе намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардид

Июль 3, 2018 09:45

ДУШАНБЕ, 03.07.2018 /АМИТ “Ховар”/. Аз 2 июл то 2 августи соли равон дар толори Галереяи санъати муосири Тоҷикистон, воқеъ дар бинои Маркази тиҷоратии “Душанбе мол” ва толори Истгоҳи роҳи оҳани Тоҷикистон ҳунармандон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ маҳсули дасти хешро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, намоишгоҳ бо мақсади дастгирии ҳунармандон ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси ин Кумита баргузор мегардад.

Имрӯз маросими ифтитоҳи намоишгоҳи якмоҳа дар толори Галереяи санъати муосири Тоҷикистон, воқеъ дар бинои Маркази тиҷоратии “Душанбе мол” сурат гирифт.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода зимни ифтитоҳи намоишгоҳ иброз дошт, ки имрӯз бо кумаку дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик дубора эҳё гардида, ҳунармандон дар ҷомеаи навини тоҷикон мақоми хоссаеро соҳибанд. Ӯ ҳамзамон таъкид намуд, ки намунаи ҳунарҳои мардумӣ муаррифи симои сайёҳии кишвар буда, ҳунармандӣ ва сайёҳӣ бо ҳам тавъаманд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи мазкур намояндагони ширкатҳои сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб бо шумули менеҷери ширкати “Бин Муса трейвл” Рашид Аки,  роҳбар ва менеҷери ширкати “Ейшн голф трейвл” Ушас Сомасундар  ва Амира Ашраф иштирок доштанд.

Ҳар як сайёҳ ҳангоми будубош дар фикри дарёфти армуғон бо унсурҳои миллӣ мешавад. Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ аз андоз озод карда шуд. Ин иқдоми созанда ба эҳё ва рушди ҳунарҳои асили дастӣ мусоидат намуда, роҳро ба бозори ҷаҳонӣ боз мекунад.

 

 

Июль 3, 2018 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд