Дар Малайзия Ҷамъияти тоҷикон таъсис дода шуд

Июль 3, 2018 15:42

ДУШАНБЕ, 03.07.2018./АМИТ «Ховар»/. 30 июн, дар рӯзҳое, ки дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он тоҷикистониён рӯзи Ваҳдати миллии худро ҷашн мегирифтанд, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Малайзия машғули таҳсил ва фаъолиятҳои гуногун ҳастанд, аз таъсиси Ҷамъияти тоҷикони Малайзия навид доданд. «Ҳадаф аз таъсиси ин Ҷамъият муттаҳид сохтани тамоми тоҷикистониён дар Малайзия ва кишварҳои атрофи он, хабардор будан аз ҳоли якдигар, кумак ва дастгирии ҳамватанон дар таҳсил ва кору фаъолият, ташкил намудани маҳфилу нишастҳо дар ҷаншнҳои идона ва миллии ватанамон, муаррифӣ намудани имкониятҳои инвеститсонӣ ва сайёҳӣ, таблиғи фарҳанги куҳани таърихӣ ва симои мусбати Тоҷикистон дар Малайзия ва минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ мебошад», гуфта шудааст дар изҳороте Ҷамъияти мазкур, ки ба АМИТ «Ховар» расид. 

Дар изҳорот ҳамчунин омадааст: «Ҷамъияти тоҷикони Малайзия ба намояндагӣ аз номи як гурӯҳи тоҷикистониён дар Малайзия, эълом медорад, ки роҳи пешгирифтаи давлати имрӯзаи тоҷикон – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати созандаву хирадмандони асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ ва тарафдорӣ мекунад. Ҳар як нафаре, ки ақли солим ва чашми бинову дили равшан дорад, медонад ва мебинад, ки ин марди баландиқбол ва некқадам чӣ гуна ба ивази ҷонфидоиҳои ҷавонмардонаи бемислу монанд ватани азизи дар солҳои 90-и асри гузашта ба гирдбоди фано ва вартаи ҳалокат афтидаамонро наҷот дод, мардуми кишварро аз ғарибӣ, парокандагӣ ва хориву зиллат берун овард ва муттаҳид кард. Ҳамаи мо шоҳиди он астем, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ – ҳамаги бештар аз ду даҳсола дар натиҷаи пеш гирифтани сиёсати созандаи дохилӣ ва хориҷӣ аз тарафи ин сиёсатмадори бузург Тоҷикистони азизи мо ба як кишвари обод, шукуфо ва зебо табдил ёфт, тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, ба ҳамдигар пайваст шуданд ва имрӯз дар як фазои орому осоишта ва сериву пурӣ зиндагӣ мекунанд. Дур нест, ки ҳамагӣ дар чанд соли кӯтоҳи дигар дар натиҷаи амалӣ гаштани лоиҳаҳои стратегии азими гуногун ҷиҳати бунёди роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳан, сохтмони нақбҳо, бунёди нерӯгоҳҳои обию барқии бузург, кашидани хатҳои баландшиддати барқ барои дарёфти истиқлолияти энергетикӣ ва ба кишварҳои берун содир намудани нерӯи барқ ва ғайра Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба кишвари агросаноатӣ табдил хоҳад ёфт.

Ҳамзамон мо кӯшишҳои дастаи хурди сиёсатмадорон, шаҳрвандони гумроҳ ва сарварони ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористии зархаридро, ки ба амалҳои ноором кардани ҷомеаи кишвари мо ва тахрибкорӣ даст мезананд ва нияти зӯран сарнагун кардани ҳукумати қонунии кишварамонро доранд, маҳкум мекунем. Муҳаррики ин ҳизбу ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро на мардуми шарифи Тоҷикистон, балки кишварҳое мебошанд, ки чашми дидани оромиву ободии кишвари демократӣ ва дунявии моро надоранд. Мардуми мо як бор чӣ будани даҳшати ҷанг, оқибатҳои харобиовари онро дид ва дигар ҳаргиз ба сар задани ҷанги шаҳрвандии дуюм роҳ нахоҳад дод. Мо – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки имрӯз бо нияту дили соф дар кишварҳои дур таҳсил ва кор мекунем, як ҳадаф дорем, ки баъди хатми таҳсил ба Ватан баргардем ва онро обод созем ё он қадаре, ки тавон дорем, ба он кумаки худро расонем.
Мо боварии комил дорем, ки баъди як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони азизи мо ба як кишвари боз ҳам ободтару муқтадиртар табдил меёбад. Тоҷикистон ватани мост ва мо худамон онро месозем!»

Июль 3, 2018 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид