ДОСТОНИ СУРАТГИР. Ба Рӯзи байналмилалии аккосон бахшида мешавад

Июль 12, 2018 11:20

ДУШАНБЕ, 12.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон 12 июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии аккосон (суратгирон) ҷашн гирифта мешавад. Сурат чист ва суратгир кист? Сурат, пеш аз ҳама, ҳуҷҷат, бозгӯяндаи таърихи давру замон, хотироти  гуногуни одамон буда, суратгир нафарест, ки дид, нигоҳ, назари ӯ аз дигарон фарқ дорад. Суратгири бомаҳорат  метавонад бо як ҷузъиёти хурдакаки аксбардоштааш пеши бинанда мазмуну муҳтавои як достон ва ё як романро манзур намояд.

Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» зиндагиномаи намояндаи ду насл – калонсол ва ҷавонро, ки  қисмати худро бо ин намуди санъат – аксбардорӣ пайвастаанд, варақгардон  намуд.

Намояндаи насли калонсол – журналисти аксбардори АМИТ «Ховар», Корманди шоистаи Тоҷикистон

Мақсудҷон Муҳиддинҷон

 Ин акс на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дуру наздики ҳамсоя маъруфияти хосса пайдо намудааст.  Дар ин  сурати таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон аз модари бузургворашон дуо мегиранд. Бинанда аз тамошои он як ҷаҳон ғизоӣ маънавӣ бардошта,   пеши назар симои модари худаш пайдо мегардад.

Аммо шояд на ҳама донанд, ки онро суратгири варзида Мақсудҷон Муҳиддинҷонов аксбардорӣ  намудааст. Дар бойгонии  Мақсудҷон — ако  ба ин монанд расмҳои таърихӣ хеле зиёданд. Аз ин бойгонӣ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ  ба таври васеъ истифода мебаранд.  Ҳар гоҳе, ки  ӯ маҳсули эҷоди худ —  аксҳои бардоштаашро мебинад, дилаш аз фараҳ лабрез гардида, аз он изҳори қаноатмандӣ мекунад, ки  дар зиндагӣ роҳи дуруст  ва пешаи пуршараф интихоб кардааст.

«Хушбахтона,  солҳои зиёд дар ҳайати Хадамоти матбуоти Пешвои миллат ба ҳайси суратгири шахсии Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  фаъолият доштам. Он рӯзҳои муборакро бо эҳсоси шодиву шукргузорӣ ба  ёд меорам ва аз он рӯйдоду ҳодисаҳои таърихӣ хотироти  хушу гуворо  дорам. Бояд бигӯям, ки чунин ифтихори бузург – бо Сарвари давлат кор кардан на ба ҳар кас муяссар мегардад»,- мегӯяд  Мақсудҷон –ако бо ҳисси баланди ифтихормандӣ.

Мо, ҳамкорон аз сафаргуфтаҳо, суҳбатҳои  пурмазмун ва таҷрибаи бойи    Мақсудҷон — ако  ҳамеша баҳра мебарем. Мавсуф  ба ин пешаи  шавқовар ҳанӯз аз овони мактабхонӣ рағбат  доштааст. Муҳаббати беандоза ба  аккосӣ   тақдири  ӯро  ба ин санъати дар ҷаҳон   маъруф  умрбод пайваст намуд. Соли 1977  баъди хатми  Донишгоҳи давлатии  Саратови Федератсияи Россия ӯ ба Агентии  телеграфии Тоҷикистон «Тоҷик ТА» ба ҳайси  муҳаррири шуъбаи  мусаввара   ба кор омад.  Баъди муддати на чандон тӯлонии фаъолият дар ин даргоҳ   Мақсудҷони ҷавон ба хулосае расид,  ки тавассути дасгоҳи аксбардорӣ  ва дилбастагие, ки ба  ин пеша дорад, метавонад ба ҷомеа бештар хизмат кунад.

Инак, зиёда аз 35 сол мешавад, ки дар ҳамин ҷо ба ҳайси  мухбири суратгир фаъолият дорад. Дар ин муддат аз  суратгири  одии «Тоҷик ТА» то ба мақоми суратгири  шахсии Сарвари давлат  расид. Албатта,  роҳи тайкардааш   дар ин муддат  тахту ҳамвор набуд. Аз як тараф кори шабонарӯзӣ, сафарҳои хизматии  пайи ҳам,   лаҳзаҳои пурҳаяҷони  аксбардорӣ дар ҷамъомадҳои дохиливу байналмилалӣ, сари вақт ва босифат омода намудани аксҳо… Аз ҷониби дигар  оила, масъулияти тарбияи фарзандонро бар дӯш доштан, дар ғаму шодии хешовандон шарик шудан ва дар ин рӯзҳо  дар канори  онҳо будан …

Хушбахтона, аъзои оила  ва  хешу таборон  хуб дарк мекарданд,  ки ў  масъулияти азиме бар дўш дорад. Аз ин рў, аксари корҳои  хоҷагиро худашон анҷом медоданд. Агар Мақсудҷон –ако дар ягон тӯйю маъракаи хешу табор  иштирок карда наметавонист, аз ӯ намеранҷиданд.

«Тӯли фаъолияти бисёрсолаам  кӯшидам, ки се хислати муҳими  мутахассиси ҳирфавӣ  —  воқеъият,    фаврият  ва  эҳсоси баланди  масъулиятшиносиро  дошта бошам.  Аз устодони гиромӣ   Леонид  Окунев, Зинат Азизов, Генадий Ратушенко, Заур Дахте, Аҳлиддин Исоев, Тухтамурод  Рузиев ва дигарон   нозукиҳои  кори  суратгириро омӯхтам ва  аз онҳо  сипосгузорам», — мегӯяд  Мақсудҷон –ако.

«Бисёриҳо ақида доранд, ки  ҳар касе хоҳад, метавонад баъди чанд моҳ ё соли омӯзиш суратгириро аз худ намояд. Шояд онҳо то андозае ҳақанд,   аммо ман бар он ақида устуворам, ки барои суратҳои хотирмону ҷолиб  бардоштан  маҳорати худодод  ва  касбияти баланди  суратгир нақши  ниҳоят  муҳим дорад.  Ёфтани лаҳзаи муносиб, интихоби ҷой, манзара,  замон, мувофиқсозии рангҳо ва ҳатто коркарду чопи сурат  нозукиҳои махсус талаб менамояд»,  —  андеша дорад   М. Муҳиддинҷонов.

Давлату ҳукумати Тоҷикистон заҳматҳои шоёни Мақсудҷон Муҳиддинҷоновро ба назар гирифта, ӯро бо  медали «Хизмати шоиста» ва унвонҳои фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, медали «100-солагии матбуоти тоҷик» ва ғайраҳо  қадрдонӣ  намудаанд.

«Вақте ки Пешвои миллат шахсан унвони фахрии Корманди шоистаи  Тоҷикистонро ба ман  супорида, барои хизматҳои бисёрсолаам изҳори сипос  намуданд, сарам ба осмон расид. Ҳамаи  фаъолиятам, аз ибтидо то имрӯз  чун навори кино аз пеши назарам гузашт ва тамоми мушкилоти дар ин давра аз сарам гузаштаро фаромӯш кардам. Вақте ки меҳнати кас қадр мешавад, вай кӯшиш мекунад,  ки боз ҳам зиёдтар меҳнат кунад, ба ҷомеа манфиат оварад. Маро низ ин қадрдонӣ қувваю илҳом  мебахшад», — иброз дошт собиқадори Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон «Ховар» М. Муҳиддинҷонов.

М. Муҳиддинҷонов имрӯзҳо дар баробари кор ба тарбияи шогирдон низ  машғул аст. Барояш дар ин ҷода барору комёбӣ  хоҳонем.

Намояндаи насли ҷавон — суратгир, наворбардори кинои Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»

Наврӯз Саидов

Суҳбат бо Наврӯз Саидов бори дигар собит сохт, ки суратгири ҳақиқӣ бояд маҳорати худодод ва муҳаббати беандоза ба ин пеша дошта бошад.

«Ман Коллеҷи тиббиро бо ихтисоси бародари шафқат тамом кардаам. Аммо аз рӯи ихтисосам ягон рӯз кор накардам. Чунки дар дилам танҳо муҳаббат ба суратгириро мепарваридам. Аз он рӯзе, ки дар пайравӣ ба бародарам – суратгири АМИТ «Ховар» Тоҳирҷон Саидов дастгоҳи суратгирӣ ба даст гирифтам, меҳри ин пеша дар дилам ҷой гирифт ва аз ҳамон замон   рӯзе ҳам нашудааст, ки  онро  дар канор гузошта бошам», — мегӯяд Наврӯз.

Бо вуҷуди он, ки аҳли хонавода Наврӯзро борҳо талқин менамуданд, ки ихтисоси тиббии ӯ барояш аз суратгирӣ дида манфиатовар аст, аммо ӯро аз раъяш гардонида натавонистанд. Наврӯз аз соли 2003 то 2005 ҳамчун ҳаваскор ба суратгирӣ машғул гардид. Ба хотири боз ҳам сайқал додани маҳорат ва пайвастани қисмати худ  ба ин пеша ӯ ба Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ба кор омада, тайи  ду сол ҳамчун ёвари коргардон кор кард. Роҳбарияти муассиса  қобилияти хуби  ӯро ба назар гирифта,  иҷозат доданд, ки  ба ҳайси  наворбардори кино фаъолият намояд.

«Наворбардорӣ, коргардонӣ, суратгирӣ ва амсоли инҳо  аз пешаҳое ҳастанд, ки аз  кас  назари нозуку мӯшикофона,  дарки фалсафаи ҳаёт, муҳаббати беандоза ба сарзамин ва  донистани  дигар паҳлуҳои  эҷодро тақозо менамоянд. Дар намоишгоҳҳо мушоҳида кардаам, ки мардум назар ба дигар навъҳои санъат ба тамошои  аксҳо  таваҷҷуҳи бештар доранд. Ман фикр мекунам, ки сабаби он  таваҷҷуҳи бепоёни  одамон ба сурат  ва воқеият доштани он аст», — иброз дошт Н. Саидов.

Аз 24 май  то 7 июни соли 2017 таҳти унвони «Сайёраи сабз» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  намоиши  аксҳои Н. Саидов     баргузор гардид. Дӯстдорони  санъати аккосӣ аз тамошои   суратҳои  бардоштаи ӯ  ғизои маънавӣ гирифтанд .

Дар ин намоишгоҳ  аксҳое  ба  маъраз   гузошта   шуданд, ки  муддати тӯлонӣ  аз ҷониби ин суратгири умедбахш аксбардорӣ шуда буданд. Ин  суратҳо табиати зебову нотакрор, тамоми зинаҳои экосистемаҳои табиии Тоҷикистон- аз биёбон то баландкӯҳҳоро дар бар мегиранд. Масалан, як растанӣ бо номи ҷузгун, ки хоси биёбон аст ва моҳҳои апрелу май гул мекунаду  тамоми биёбонҳоро оро медиҳад, бо маҳорати баланд  аккосӣ  шудааст. Шояд бинанда то замони тамошои ин расм дар бораи ин растанӣ ва гул кардани он дар биёбон  ҳеҷ маълумот ё таваҷҷуҳе надошт.  Ва шояд   онро   борҳо дидаву аз наздаш бетафовут гузаштааст.  Яъне  бедор намудани таваҷҷуҳ  ва мароқи одамон, муҳаббати онҳо ба атроф, зиндагӣ, табиат аз  ҳунари волои  суратгири ҳирфаӣ  дарак медиҳад.

«Борҳо сари ин мавзӯъ андеша кардам, ки чаро дар Тоҷикистон  мардум ба шеъру шоирӣ, рассомӣ ва суратгирӣ барин пешаҳои эҷодӣ   таваҷҷуҳи хосса доранд?  Тӯли фаъолияти чандсолаам ҳамчун суратгир ва наворбардор ба ин  суол ҷавоб  пайдо кардам. Дар  чунин сарзамини сарсабз зиста, наметавонӣ  аз табиати зебою  нотакрори он ба ваҷд наоӣ ва васфи онро насозӣ. Барои ҳамин ҳам диёри моро сарзамини шоирхезу шоиртабъон меноманд. Мехоҳам тавассути аксҳои хеш ба ҷаҳониён бигӯям, ки  Тоҷикистон воқеан ҳам биҳишти рӯи замин  аст», — мегӯяд Н. Саидов.

Наврӯз Саидов  ба ҳайси наворбардори кино ҳам  ба мувафаққиятҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, филмҳои ҳунарии «Хокпайванд», «Доғ», «Фасли рӯъё», «Паймон», «12 соли интизорӣ»  ва ғайраҳоро ба  навор бардоштааст.

«Суратгирӣ барои ман шуғли дӯстдошта аст ва пайваста ба он машғулам. Мехоҳам тавассути равзанаи дастгоҳи аксбардорӣ  ба ҷаҳониён аз  Ватани  дилрабову мардумони дорои таъриху фарҳанги бой – Тоҷикистони азиз ҳикоят кунам. Аз табиати зебову мафтункунанда, аз мардумони ҳунарманду инсонпарвар, аз дастоварду  пешрафиҳояш пайғом бидиҳам. Ният дорам, ки аксҳоям дар озмунҳои байналмилалӣ ҷо бигиранд ва ба ин восита Ватани хешро муаррифӣ намоям», -мегӯяд суратгири ҷавону умедбахш Н.Саидов.

Мо дар симои ду насли аксбардори мамлакат Рӯзи баналмилалии суратгирро барои тамоми суратгирони Тоҷикистон муборакбод мегӯем!

 

Рухсораи НУР,
 АМИТ  «Ховар»

Июль 12, 2018 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 100 асари Пешвои миллатро дар шакли электронӣ мавриди истифодаи умум қарор дод
Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик шинос шуд
ДИДГОҲЕ БАРОИ ПЕШРАФТИ ИЛМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
Рӯзи шанбе дар милитсияи Хатлон «Рӯзи театр» эълон гардид
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҷлил гардид
«СУРУДҲОИ МОНДАГОР». Дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж барномаи фарҳангии ҳунармандони тоҷик доир шуд
Дар конференсияи байналмилалӣ ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Париж маҷаллаи «Пайванд» рӯнамоӣ шуд
«МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ ВА САҲМИ Ӯ ДАР ГУСТАРИШИ ФАРҲАНГИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО конференсияи байналмилалӣ оғоз гардид
«АЗ ХУРОСОНАМ КАШИДӢ, ТО БАРИ ЮНОНИЁН…». Ба гиромидошти хотираи мутафаккири бузурги тоҷик мавлоношиносони ҷаҳон дар Париж ҷамъ меоянд
«ҶОН ШАВУ АЗ РОҲИ ҶОН ҶОНРО ШИНОС». Тоҷикистон 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро дар қароргоҳи ЮНЕСКО таҷлил менамояд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗ МАН». Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ то охири моҳ ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Остона ҷаласаи умумии 78-уми Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ доир гардид