«МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ ВА САҲМИ Ӯ ДАР ГУСТАРИШИ ФАРҲАНГИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО конференсияи байналмилалӣ оғоз гардид

Июнь 7, 2024 15:59

ДУШАНБЕ, 07.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва саҳми ӯ дар густариши фарҳанги ҷаҳонӣ» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни ифтитоҳи конференсия иброз намуд, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҷаҳонро бо андешаҳову афкори созандааш тасхир кардааст. Имрӯз ҳам бо гузашти асрҳо ӯ яке аз симоҳои маҳбуб ва пазируфташудаи илму адаби дунё аст, ки асарҳояш серхонандатарин дар олам буда, аз ҷиҳати теъдоди чоп дар сафи нахустин қарор доранд.

Ҳадаф аз баргузории конференсияи байналмилалӣ-  пос доштани хотираи Мавлонои Балхӣ ва эътирофи саҳми безаволи ӯ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ буда, дар он олимону донишмандон аз тамоми гӯшаи канори олам ҷамъ омадаанд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 5 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ намоиши мусаввараву либосҳои миллии тоҷикӣ, конфронси байналмилалии илмӣ ва барномаи фарҳангӣ оғоз гардид, ки то 8 июн идома меёбад.


Ёдовар мешавем, ки 5 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид, ки дар  намоиш осори илмию адабии Мавлоно, бахусус аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллӣ ва Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии машҳуртарин асари Мавлоно «Маснавии маънавӣ», ки аҳамияти бузурги таърихию фарҳангӣ доранд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд.

Ҳамчунин дар намоиш асарҳои санъати миниётурнигорӣ, ки аз ҷониби рассом-миниётурнигор Олимҷон Комилзода тасвир гардидаанд ва китобҳои «Гулчини ғазалиёт» ва «Ҷоми ҷон», ки дар онҳо ашъор ва ғазалиёти Мавлоно гулчин гардида, ба тозагӣ дар нашриёти «Ирфон» чоп шудаанд, ба маъраз гузошта шуданд.

Бояд гуфт, ки шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки зодаи Вахшонзамини Тоҷикистон аст, дар арсаи суханварӣ ҳамчун нобиғаи назми классикии форсу тоҷик эътироф гардидааст. Мероси адабии Мавлоно хеле пурарзишу рангоранг буда, аз лиҳози навъи сухан фарогири назму наср аст. Ҷалолуддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик буда, бо мероси адабии худ: «Девони Шамс», «Маҷолиси сабъа», «Мактубот», «Фиҳи мо фиҳ» ва «Маснавии маънавӣ» ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 7, 2024 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

22 июл дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оғоз мегарданд
Сайёҳон ба воситаи аудиошунавоӣ бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Хуҷанд шинос мешаванд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ба даври сеюми ин озмуни ҷумҳуриявӣ 525 довталаб роҳхат гирифт
Бахшида ба 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоишу маҳфилҳои илмӣ-адабӣ доир мешаванд
Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва қабули довталабонро эълон намуд
«Нурворизм» ва «Танворизм» -«Ду равияи як рассом». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассом Зокир Собиров ифтитоҳ гардид
Коллеҷи хореографӣ ба номи Малика Собирова дар соли нави хониш ба истифода дода мешавад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Ҳадафи ин иқдом тарғиби либоси миллӣ ва ҷалби тарроҳон ба муосиргардонии он мебошад
«САҲМИ ИБНИ СИНО ДАР ТАШАККУЛИ ТИББИ ҚАДИМ ВА МУОСИР: ОСОРИ ИЛМӢ, ТАҶРИБА ВА НАЗАРИЯ». Таҳти ин унвон дар Русия озмуни мақолаи беҳтарин эълон гардид
Филми «Дар талоши ҳақиқат» аввалин маротиба дар синамоҷашнвораи «Дебют»-и Амрико иштирок мекунад
Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҳамкориро бо рӯзномаи «Жэнмин Жибао»-и Чин тақвият мебахшад
Байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Медиакорпоратсияи «CMG»-и Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид