ДОВТАЛАБ-2018: Имсол дохилшавандагони мактабҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон бори аввал эссе навиштанд

Июль 7, 2018 10:52

ДУШАНБЕ, 07.07.2018./АМИТ «Ховар»/. 4-уми июл дар ҳамаи нуқтаҳои имтиҳонсупории Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  довталабони кластери сеюм бори аввал эссе навиштанд. Навиштани эссе имсол бори аввал аст.   Дар  мамлакат 47 адад нуқтаи имтиҳонсупории маркази тестӣ фаъолият  мекунанд. Имсол ба  ин марказ 94950 нафар хатмкунандпагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи ҷумҳурӣ ҳуҷҷат супориданд. Тафсилоти бештар – дар гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар.

Шурӯъ аз соли 2018 дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ эссе (кори хаттӣ) аз фанни забони тоҷикӣ (давлатӣ) ҷорӣ карда шудааст. Вобаста ба ин, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда,  дар ин замина  гурӯҳи корӣ  таъсис дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки масъалаи ворид намудани кори хаттӣ ҳамчун як қисми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ҳанӯз соли 2011 ба миён омада буд.   То соли 2013 гуруҳи корӣ зери назари мушовирони байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Дар давоми солҳои 2012 – 2013 дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон се маротиба озмоиши кори хаттӣ гузаронида шуд. Дар заминаи ҳамин озмоишҳо  гурӯҳи корӣ бо мақсади ёрӣ ба омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ «Дастури методӣ оид ба навиштани кори хаттӣ (эссе)»-ро омода ва нашр намуд. Пас аз он соли 2013 бо мақсади муаррифии ин дастури методӣ ва ёрӣ расонидан ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои тайёр намудани хонандагон ба навиштани кори хаттӣ аъзои гурӯҳи корӣ дар машварати августии омӯзгорони ҷумҳурӣ иштирок карда, бо онҳо роҷеъ ба тарзи навиштани эссе ва холгузорӣ ба он суҳбат доштанд. Омӯзгорон низ дар суҳбат фаъол буда, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар роҳандозии эссе изҳор намуданд. «Вале бо сабабҳои муайян масъалаи ворид намудани кори хаттӣ ба низоми ИМД барои чанд сол қафо партофта шуд»,-гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи таҳияи маводи имтиҳонии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Азимов.

Ба гуфтаи мавсуф, соли 2015 баъд аз  дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  корҳои омодагӣ шурӯъ шуданд. Гурӯҳи кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастури методӣ оид ба навиштани кори хаттӣ (эссе)»-ро бознигарӣ карда, шакли такмилшудаи онро дар ду китобча бо номҳои «Тавсияҳо оид ба навиштани кори хаттӣ (эссе)» ва «Тавсияҳо оид ба тафтиши кори хаттӣ (эссе) ва холгузорӣ ба он» ба нашр расонд. Ин тавсияҳо ба хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимие, ки мебоист дар озмоиши хурди кори хаттӣ (эссе) моҳи ноябри соли 2016 иштирок менамуданд, дастрас гардид. Барои санҷиши коршоямии меъёрҳои холгузорӣ ба кори хаттӣ (эссе) 21-22 ноябри соли 2016   озмоиш гузаронида шуд. Дар озмоиш 916 хонандаи синфи 11-и 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд. Ҳисобот аз натиҷаи озмоиш ба Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  гардид.

Дар назар аст, ки соли 2018 шумораи довталабон аз 100 ҳазор нафар бештар хоҳад буд.  Барои   навиштани кори хаттӣ (эссе) 195 дақиқа муайян шудааст. Садҳо нафар  омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва рус  ҷиҳати  тафтиши кори хаттии ин миқдор довталаб  ба кор ҷалб карда  шудаанд. Омӯзгорон бояд дар давоми 10-12 рӯз кори ҳамаи довталабонро мувофиқи тартиби муайяннамудаи Маркази миллии тестӣ тафтиш карда, ба он хол гузоранд.

Дар охири китобчаи тест, ки ба дасти довталаб мерасад, варақаи сиёҳнависи кори хаттӣ ҷойгир аст. Дар варақаи сиёҳнавис се мавзӯъ дода шудааст, ки зери ҳар мавзӯъ муқаддимаи кӯтоҳе барои роҳнамоӣ ба мавзӯъ ва кушодани фикри довталаб пешниҳод шудааст. Довталаб як мавзӯъро интихоб намуда, доир ба он дар ҳаҷми 2 саҳифа андешаҳояшро менависад.

Бояд гуфт, ки эссе аз иншо, ки қаблан навишта мешуд, то ҷое фарқ дорад. Иншо дар асоси нақша аз номи шахси сеюм навишта мешуд. Дар навиштани эссе нақшаи кор ҳатмӣ нест ва довталаб метавонад озодона ва аз номи худ мулоҳизаҳояшро нисбат ба ин ё он масъала (мавзуъ) баён намояд.

 

Июль 7, 2018 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Мулоқоти сеҷонибаи сарвазирони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Сӯхтори ҷангал дар Калифорния беш аз 300 гектарро фаро гирифтааст
Лондон аз рӯи танбашавии нақлиёт байни шаҳрҳои Аврупо дар ҷойи якум қарор гирифт
Дар натиҷаи заминларза дар Ситсзан дар ҷанубу ғарби Чин 126 нафар ҳалок гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Фаронсаро тӯфони «Флориан» фаро гирифтааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Панҷ комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Дар натиҷаи заминларза дар Чин 95 нафар ҳалок гардида, 130 нафар захмӣ шуданд
Дар ноҳияи Ишкошим пайомадҳои тарма бартараф карда мешаванд
Бар асари барфрезии шадид дар ИМА чаҳор нафар ҳалок гардид
Соли нави «рақамӣ»: Чӣ тавр муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» наздикони худро табрик намуданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд