Франсия чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба футбол гардид

Июль 16, 2018 09:10

ДУШАНБЕ, 16.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Франсия дар бозии финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки шоми дирӯз дар варзишгоҳи «Лужники»-и Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, дастаи мунтахаби Хорватияро бо ҳисоби 4 бар 2 мағлуб кард.

Голҳои мунтахаби Франсияро Марио Манҷукич (худгол дар дақиқаи 18), Антуан Гризманн (дақиқаи 38, пеналтӣ), Пол Погба (дақиқаи 59), Килиан Мбаппе (дақиқаи 65) ва голҳои мунтахаби Хорватияро Иван Перешич (дақиқаи 28) ва Марио Манҷукич (дақиқаи 69) вориди дарвоза намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳамлагари мунтахаби Хорватия Марио Манҷукич дуюмин бозингаре гардид, ки дар бозии Чемпионати ҷаҳон ҳам ба дарвозаи рақиб ва ҳам ба дарвозаи худ гол задааст.

Сармураббии дастаи мунтахаби Франсия Дидие Дешам баъд аз Марио Загалло (Бразилия) ва Франс Беккенбауэр (ҶФГ) сеюмин нафаре гардид, ки Ҷоми Чемпионати ҷаҳонро ҳам ба ҳайси футболбоз ва ҳам ба ҳайси сармураббӣ ба даст овардааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи шанбе, 14 июл дар бозӣ барои ишғоли ҷойи сеюм дастаи мунтахаби Белгия тими мунтахаби Англияро бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст дода, медалҳои биринҷии Чемпионати ҷаҳонро соҳиб гардид.

Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи навбатӣ аз 21 ноябр то 18 декабри соли 2022 дар Давлати Қатар баргузор хоҳад шуд.

Июль 16, 2018 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад