Фурӯши телефонҳои мобилӣ дар асоси сертификати мутобиқати Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ роҳандозӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши телефонҳои мобилӣ дар асоси сертификати мутобиқат сурат мегирад. Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Абдураҳмонзода бо дахл ба масъалаи мазкур 16 июл дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ин тасмим дар асоси моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» гирифта шудааст.
Мавсуф афзуд, Хадамоти алоқа дар асоси иҷозати Агентии «Тоҷикстандарт» сифати телефонҳои мобилиро аз назар мегузаронад ва баъдан ба он сертификати мутобиқат медиҳад.
Яъне, минбаъд фурӯшандагони дӯконҳо, ки ба фурӯши телефонҳои мобилӣ машғуланд, аз Хадамоти алоқаи мамлакат барои ба фурӯш гузоштани телефонҳои мобилӣ бояд сертификати мутобиқат гиранд.
Гуфта шуд, ки тасмими мазкур бо мақсади таъмини амнияти давлат, саломатии муштариён, ҷилавгирӣ аз воридоти телефонҳои мобилии пастсифат ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар система ва бозори алоқаи мобилии мамлакат гирифта шудааст.
Бино ба иттилои Адолат Абдураҳмонзода, алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди муштариёни алоқаи мобилӣ ба 6,2 миллион нафар мерасад, ки аз он 4,4 миллионашро муштариёни фаъол ташкил медиҳанд.
Шумораи муштариёни алоқаи маҳаллӣ беш аз 355 ҳазор нафарро ташкил дода, аз ин омор зиёда аз 130 ҳазори он фаъоланд.
Теъдоди истифодабарандагони интернет ва истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ дар Тоҷикистон 2,5 миллион муштариро фаро мегирад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






