Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни математика «IMO-2018» 5 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни математика- «IMO-2018» сазовори 5 медал гардиданд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, олимпиадаи мазкур аз 3 то 14 июли соли равон дар шаҳри Клуҷ-Напокаи Ҷумҳурии Руминия баргузор гардид. Дар он довталабон аз 132 давлати дунё иштирок карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 нафар хонанда муаррифӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони кишвар сазовори 5 медали биринҷӣ гардиданд. Муҳаммадҷон Кличев аз Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Шоҳрухи Умедҷон, Меҳрон Бобохонов, Абубакр Усмонов, Наимҷон Хонҷонов аз Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамзамон Суннатулло Раҳматов аз Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе сазовори ифтихорномаи фахрӣ гардид.
Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, хонандагони кишвар аз аввали соли 2018 дар 14 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Россия, Малайзия, Булғория, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 201 медал, аз ҷумла, 47 медали тилло, 71 медали нуқра, 83 медали биринҷӣ гардиданд. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108 медал (33 медали тилло, 36 медали нуқра, 39 медали биринҷӣ) зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки пеш аз иштироки дастаҳо дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо даври интихобӣ ҷиҳати интихоби дастаҳо гузаронида мешавад. Маркази мазкур ҷиҳати интихоби дастаи яккачини кишвар даври интихобии олимпиадаи мазкурро моҳи июн баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 70 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар иштирок намуданд. Аз байни иштирокчиён 6 нафар хонанда барои иштирок дар даври ниҳоии олимпиада роҳхат гирифтанд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






