ИМРӮЗ – РӮЗИ ЭСПЕРАНТО. Китоби «Забони эсперанторо меомӯзем»-и Стако Морчек ба тоҷикӣ нашр мешавад

Июль 26, 2018 14:32

ДУШАНБЕ, 26.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Забони эсперанторо меомӯзем»-таҳти чунин унвон китоби тозанашри роҳбари ҷамъияти эсперантодони Словакия Стако Морчек, ки барои мактаббачагон таълиф гардидааст, пешкаши ҳаводорони тоҷики забони эсперанто мегардад. Ин маҷмӯа аз ҷониби ходими илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон Фирдавс Шукуров ба тоҷикӣ баргардонида шуда,  рӯзҳои наздик ба дасти хонанда хоҳад расид. Дар ин бора эсперантодони тоҷик Фирдавс Шукуров дар Рӯзи эсперанто ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ  мужда расонд. 

Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар ҷаҳон забонҳои зиёди  сунъӣ мавҷуд ҳастанд, ки маъруфтарини онҳо забони эсперанто мебошад. Забони эсперанторо 26 июли соли 1887 дар Полша духтури чашм Людвик Лазар Заменгоф сохтааст.

Ақидаи ба вуҷуд овардани  забони байналмилалиро бори нахуст дар ҷаҳон Афлотун пешниҳод намуда буд, вале ба амалӣ гардонидани он муваффақ нашуд. Зеро дар он замон барои сохтани забони сунъӣ заминаҳои моддиву маънавӣ  вуҷуд надоштанд. Танҳо дар садаи XIX олимони Аврупо ба офаридани забони сунъӣ барои муоширати байналмилалӣ саъй намуданд.  Тибқи омор, то имрӯз дар ҷаҳон ҳудуди 900 забони сунъӣ ба вуҷуд омадаанд, аммо ҳеҷ яке бо забони эсперанто муқовимат карда натавонистааст.

Бино ба маълумоти Фирдавс Шукуров, феълан дар ҷаҳон истифодабарандагони забони эсперанто дар асоси баҳогузории гуногун тақрибан 1 млн. нафарро ташкил медиҳанд. Ҳадаф аз зиёдшавии теъдоди онҳо  омӯзиши зуд ва осон арзёбӣ мегардад.

Омӯзиши забони байналмилалии эсперанто дар Тоҷикистон бори нахуст соли 1980 ба роҳ монда шудааст. Он вақт як гурӯҳ ходимони Академияи илмҳо барои паҳн кардани ин забон маҳфил ташкил карданд. Машғулияти аввалинро ходими илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон, адъюнкти Академияи байналмилалии илмҳо Фирдавс Шукуров гузаронд. Ассотсиатсияи эсперантодонҳои Тоҷикистон соли 2005 ташкил шуда, 10 августи соли 2007 дар Конгресси байналмилалии эсперандонҳо дар Икогамаи Япония  ба Ассотсиатсияи эсперантони ҷаҳон пазируфта шуд.

Фирдавс Шукуров мегӯяд, «боиси хушнудист, ки дар Тоҷикистон низ ба омӯхтани забони эсперанто таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Шумораи истифодабарандагони ин забон зиёда аз 10 нафарро ташкил медиҳад, ки аксаран ҷавононанд».

Бино ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон китобҳои зиёд, аз ҷумла, «Луғати русӣ-эсперанто»,  мақолаҳо дар соҳаи геология, шеърҳои асосгузори адабиёти классикии тоҷик устод Рӯдакӣ, инчунин сурудҳои сарояндагони машҳур-Аҳмад Бобоқул, Туҳфа Фозилова ва дигарон ба забони эсперанто тарҷума шудаанд.

«Забони эсперанто дар заминаи забонҳои аврупоиву шарқӣ сохта шуда, феълҳои номуайян надорад. Дар он ҳама таркибҳои забонӣ муайяну мушаххас мебошанд. Грамматикаи забони эсперанто ҳамагӣ 16 қоида дорад  ва ҳар нафаре, ки онро меомӯзад, давоми 3-4 моҳ онро аз худ мекунад»,-нақл кард Ф. Шукуров.

Фирдавс Шукуров гуфт, ки ёд гирифтани забони эсперанто хеле осон аст ва ба ҷавонон тавсия дод, ки ба омӯхтани он талош варзанд. Зеро аз худ кардани он ба манфиат буда, барои зуд омӯхтани дигар забонҳо замина мегузорад.  Он барои аз худ кардани забонҳои этникӣ, хусусан забонҳои аврупоӣ, ки имрӯз талабот ба омӯхтани забонҳои англисӣ ва франсузӣ хеле зиёд аст, бисёр кумак мерасонад.

Июль 26, 2018 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид