Исфара: миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва чандин кишварҳои хориҷӣ 21 санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Июль 2, 2018 17:42

ДУШАНБЕ, 02.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи мулоқот ва гуфтушунидҳои иштирокдорони “Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва чандин кишварҳои хориҷӣ 21 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.          

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 30 июн ва 1 июл “Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар осоишгоҳи “Зумрад”-и шаҳри Исфара баргузор гардид. Дар кори Форум зиёда аз 150 нафар иштирокчиён, бо шумули роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони соҳаи сайёҳии кишварҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Чин ва Тоҷикистон ширкат намуданд.

“Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, ҳадаф аз баргузории он муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, мубодилаи афкор ва густариши ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои “Шоҳроҳи абрешим”, омўзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва тақвияти ҳамгироии минбаъдаи соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ маҳсуб меёбад.

Дар қисмати ифтитоҳии Форум  ва намоишгоҳи байналмилалӣ раиси Кумитаи илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, раиси шаҳри Исфара Сиҷовуддин Саломзода, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ширкат ва суханронӣ намуданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода оид ба имконият ва захираҳои сайёҳии Тоҷикистон ва имтиёзҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар пешниҳодгардида маълумот дода, гуфт, ки имрӯз Кумитаи рушди сайёҳӣ бо дастгирию ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвоми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзудани мавқеи худ дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ва кашфи бозорҳои нави байналмилалӣ корҳои зиёд амалӣ намуда истодааст ва ҳамоиши имрӯза низ дар ҳошияи ҳамин тадбирҳо роҳандозӣ гардид.

Дар нимаи дуюми рӯз Форум кори худро дар се панели алоҳида дар мавзӯъҳои “Ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ: дастовард ва мушкилот”, “Рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ- муаррифи симои сайёҳии кишвар” ва “Имкониятҳои сайёҳии табобатию солимгардонӣ дар Тоҷикистон” идома дода, иштирокдорон дар доираи мавзӯъҳои болозикр баромад карданд ва миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар кори бахшҳо Рашид Камол — роҳбари ширкати сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб “Бин Муса трейвл”, Бабур Ризаев — роҳбари ширкати сайёҳии Қазоқистон “КИТО” , Дамир Ахмедов — роҳбари ширкати сайёҳии Ӯзбекистон “Атлас авиатур”, Беҳруз Узоқов-мушовири агентии намояндагии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JACA)дар ҶТ ва дигарон суханронӣ намуда, оид ба сатҳи баланди баргузории ҳамоиш, меҳмоннавозии тоҷикона ва табиати нотакрори кишвари мо андешаронӣ карданд.

Дар поёни Форум аз кори он натиҷагирӣ карда шуда, Изҳороти Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қабул карда шуд.

Дар баробари ин, дар натиҷаи гуфтушунидҳо ва мулоқоту суҳбатҳо 21 санади ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо шумули “Ҷавоҳир тур”,  “Куҳандиз”, “Панҷакент интур”, “Бозори Вору”, “Нодир тур”, “Ориён эдвентур”, “Скай тур”, “Ассотсиатсияи ёрирасони рушди сайёҳӣ” ва “Сайри мунк” бо ширкатҳои сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб “Эйшн голф трейвл”, “Бин Муса трейвл” ва “Омер тревл эҷенсӣ”, ширкатҳои сайёҳии Қазоқистон  “Скай вей” ва “КИТО”, “Атлас авиатур”  аз Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд, ки дар рушди минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ нақши бориз хоҳанд дошт.

Баъд аз анҷоми Форум дар саҳни осоишгоҳи “Зумрад” намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуда, иштирокчиён аз он дидан намуданд. Аз меваҳои шаҳдбори кишвари мо чашида, аз тамошои намунаи маҳсули меҳнати дастии ҳунарҳои қадимии миллӣ лаззат бурданд.

Аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Исфара барои иштирокчиёни “Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барномаи ҳунарии рангину хотирмоне баргузор карда шуд, ки дар он дар баробари муаррифии санъати волои тоҷикон, рақсу сурудҳои халқияту миллатҳои гуногун низ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Рӯзи якуми июл иштирокдорони ҳамоиш ба тамошои шаҳри Исфара рафта, аз боғи калони зардолу дидан намуданд ва шурӯъ аз ҷамъоварии ҳосили зардолу то ба бандубасти он ҷиҳати содирот шинос шуданд. Қобили зикр аст, ки шаҳри Исфара ҳанӯз аз замони иттиҳоди Шӯравӣ бо зардолуи худ машҳур буд ва имрӯз низ яке аз содироткунандагони асосии меваи хушк дар кишвар ба шумор меравад.

Зимни тамошо аз маконҳои таърихию фарҳангии шаҳри Исфара ба меҳмонони хориҷӣ аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Иштирокдорони “Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  бо таассуроти рангин ва хотироти ширин ба кишварҳои худ баргаштанд.

Ёдовар бояд шуд, ки баргузории чунин як чорабинии сатҳи байналмилалӣ моҳи августи соли 2018 дар шаҳри Норак низ дар назар аст ва дар он намояндагони кишварҳои бештари минтақа ва ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.

Июль 2, 2018 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market – 2025» муаррифӣ мегарданд
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаро ифтитоҳ намуданд
Имсол беш аз 30 ҳазор сайёҳон бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Восеъ шинос гардиданд
Дар нуҳ моҳ беш аз 1,5 миллион сайёҳ мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистонро тамошо намуданд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар Душанбе ба макони таҷлили ин ҷашн хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда мешавад