«ИТТИҲОДИ НАҲЗАТИҲО БАР ЗИДДИ ТОҶИКИСТОН РАВОНА ШУДААСТ». Чунин омадааст дар изҳороти Анҷумани тоҷикон дар Туркия, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид

Июль 13, 2018 17:26

ДУШАНБЕ, 13.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар воситаҳои ахбори омма хабарҳои ҳангомабарангез оид ба баргузор гардидани ҷамъомади наҳзатиҳои ифротӣ дар Дортмунд паҳн гардид. Роҳбари фирории ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар Германия бо баҳонаи таҷлили 21-солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ном Анҷуман ташкил карда, дар асл зимни ин ҳамоиш созмони нави худ – Эътилофи неруҳои мухолифи Тоҷикистонро таъсис ва эълон карданӣ ҳастанд. Онҳо кӯшиш доранд, ки бо роҳи найрангу фиреб  муҳоҷирони тоҷикистонӣ ва хусусан намояндагони табақаи зиёиро ба ин созмон ҷалб созанд. Албатта, ин амали наҳзатиҳо бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори хориҷӣ сурат мегирад. Дар ин бора дар изҳороти Анҷумани тоҷикон дар  Туркия хабар дода шудааст, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид.

Бино ба иттилои ин Анҷуман, наҳзатиҳо кӯшиш доранд, ки созмонҳои дигари ифротӣ, мисли «Гурўҳи 24», «Анҷумани озодандешони тоҷик», ҳамчунин ташкилоти  Ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро низ ба ҳайати иттиҳодашон шомил созанд. Вале чунин нахоҳад шуд, зеро ҳар кадоми ин созмонҳои ифротӣ, ки мақсадҳои ғаразнок доранду ҷоҳталабу худхоҳанд, мутеъ ва дастнигари наҳзатиҳо будан намехоҳанд.

«Ин дафъа ягон муҳоҷири тоҷик ва умуман ягон одами солимақл ба наҳзатиҳо бовар нахоҳад кард ва ба иттиҳоди зиддимиллию ифротии онҳо, ки вобастаи неруҳои бадхоҳи хориҷист ва танҳо ба харобкорию сӯзандагӣ қодир мебошад, ҳамроҳ нахоҳад шуд.

Дар шароите, ки Тоҷикистони азиз ободу озод аст ва бемайлон рушд мекунад, мо бояд дар атрофи Роҳбари давлатамон муттаҳид бошему Ватанамонро боз ҳам ободтару зеботар намоем.

Мутмаин ҳастем, ки тамоми ҳамватанони мо, аз ҷумла, тоҷикистониҳои муқими Туркия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ кӯшиши ғаразноку  бадхоҳонаи наҳзатиҳоро, ки иттиҳоди зидди Тоҷикистон таъсис доданианд, маҳкум мекунанд!» — омадааст дар изҳороти анҷумани тоҷикон дар Туркия.

Июль 13, 2018 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад