Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ дар Қоҳира: «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши ботафсили фаъолияти «Ихвонулмуслимин» ва ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ»

Июль 31, 2018 17:20

ДУШАНБЕ, 31.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қоҳира Конференсияи  зери сарпарастии Пажуҳишгоҳҳои давлатии илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Арабии Миср — Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ, Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО, Маркази тадқиқоти сиёсӣ ва хабарии «Ҳивор» ва Намоишгоҳи баҳрӣ Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзӯи  «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши ботафсили фаъолияти «Ихвонулмуслимин» ва ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ» барпо мегардад.

Конференсия аз он ҷиҳат муҳим ва қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар он масъалаи мубориза бар зидди терроризм дар Миср ва Тоҷикистон, шабоҳати  вазъияти ду кишвар ва вуҷуди созмонҳои террористие ба мисли «Ихвонулмуслимин» ва ҲНИ, ки ҳардуи он кӯшиши ноором сохтани суботи ду кишварро доранд,  баррасӣ мегардад.

Конференсияи мазкур  бо ҷалби коршиносони соҳа, устодони факултети сиёсии донишгоҳҳои Миср, пажуҳишгарони сиёсӣ, рӯзноманигорон, мансабдорони давлатӣ, корпуси дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва шабакаҳои телевизиони давлатии Миср дар толори коференсияи Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ баргузор мегардад. Дар рафти он таърихи ихвониҳо ва ТТЭ ҲНИ, нақши онҳо дар халалдор намудани амнияту суботи ду кишвар ва таъсироти манфии онҳо, ҳамчунин роҳҳои мубориза бар зидди онҳо ба хотири ҳифзи ваҳдату якпорчагии Ватан сурат мегирад.

Ҷараёни Конференсияро муовини сармуҳаррири рӯзномаи давлатии «ал-Ҷумҳурия» профессор  Муҳаммад Талъат идора намуда, дар он пажуҳишгарони машҳури мисрӣ — собиқ сафири ғайримуқими Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ ёрдамчии Вазири корҳои хориҷӣ ва директори Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ профессор Иззат Саъд,  собиқ директори радио ва телевизиони давлатӣ, директори Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО генерал Ториқ Маҳдӣ, директори бахши ахбор  дар телевизиони мисрӣ Иброҳим Сайёд, узви Парлумони Миср ва директори Маркази таҳқиқоти сиёсии ал-Ҳивор инженер Абдусалом ал-Хизровӣ, рӯзноманигори «ал-Аҳром» Маҳмуд Дийоб, устоди забони форсии донишгоҳи Айнӣ Шамс профессор Аҳмад Сомӣ, устоди илмҳои сиёсии факултети иқтисод ва илмҳои сиёсии Донишгоҳи Қоҳира профессор Далоил Маҳмуд ва мушовири Суди кассатсионии Миср Маҳмуд Абдулло суханронӣ хоҳанд намуд.

Дар Консепсияи конференсия омадааст, ки «терроризм дин ва ватан надорад, ӯ палидест, ки дар рехтани хун таъхир намекунад». Инҳо суханоне мебошанд, ки дар бисёр маҳфилу суханрониҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ садо медиҳанд. Ин амр бори дигар таъкид менамояд, ки «терроризм рабте бо Ислом надорад, зеро  ҳамчунин терроризм дин, мазҳаб, миллат ва ватан надорад».

Мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Миср Абдуфаттоҳ ас-Сисӣ дар Ар-Риёз моҳи майи соли 2017

Аз ин рӯ, нигоҳи муштараки Миср ва Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ ва шохаҳои паҳншудаи онҳо дар тамоми гӯшаҳои дунё таъкиди худро пайдо менамояд. Ҳар ду кишвар талош доранд, то барои тамоми олам хатари ин созмонҳоро таъкид намоянд. Фаъолияти онҳо зери ному шиорҳои гуногун сурат мегирад, вале аз як сарчашма об мехӯранд. Пайдоиши идеологияи террористиро асосгузори гурӯҳи «Ихвонулмуслимин» оғоз бахшидааст, гурӯҳе, ки худро ба Ислом мепайвандад, дар ҳоле ки Ислом ҳамчун як дини васатӣ бар зидди тамоми арзишҳои манфии чунин падидаҳо, аз қабили тундравӣ, зӯроварӣ, куштор ва терроризм мубориза мебарад.

Ҷанге, ки кишвар бо ин созмонҳо бурда истодааст, зодаи имрӯзу дирӯзи наздик нест, балки решаи он ба солҳои навадуми асри гузашта мепечад. Мардум ҳодисаи террористии  соли 1997-ро, ки дар вилояти Уқсури Миср рух дод, аз ёд набаровардааст. Дар пайи ин ҳодисаи террористӣ мардуми зиёд, аз ҷумлаи сайёҳони хориҷӣ,  кормандони  полис ва шаҳрвандони бегуноҳ ба ҳалокат расиданд. Миср кайҳо чунин хунрезиҳоро дар ёд надошт. Муборизаи Миср бар зидди ин созмонҳои террористӣ бо рӯйдодҳои хунини солҳои 90-уми Тоҷикистон  шабоҳат дорад. Муборизаи Тоҷикистон бар зидди созмонҳои террористӣ ҳанӯз пас аз ба даст овардани истиқлолияти кишвар шурӯъ гардид. Аввалин ҷиноятҳои ТТЭ ҲНИ, ки он ҳам худро мисли ихвониҳо ба Ислом нисбат медиҳад, дар солҳои 1992 оғоз гардида, бо амалҳои асиргирӣ, одамрабоӣ аз сафи кормандони давлатӣ ва кушодани маҳбасхонаҳо кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонид. Ҷанг то соли 1997 идома ёфта, бар асари он 150 ҳазор фарзанди тоҷик ба шаҳодат расид.

Бояд зикр намуд, ки қувваю нерӯи давлат, ҳамбастагии миллат ва дастгирии ҳукумати қонунии он аз ҷониби мардуми Миср ва Тоҷикистон, кӯшиши созмонҳои террористиро баҳри нооромии ҷомеа, парокандагии миллат ва шикасти давлат ноком гардонид. Онҳо ба орзӯи худ нарасиданд. Давлат бо қудрати қавӣ ва дастгирии ҷомеа ба онҳо рӯ ба рӯ истод.

Июль 31, 2018 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи май дар Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимон баргузор мешавад
Дар Истаравшан вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест
Озмуни экологии «Моҳи ҳифзи пиряхҳо 2025» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таъсири интернет ва расонаҳои рақамӣ конфронс доир шуд
Вазъ ва мушкилоти таълими фанни мантиқ дар мактабҳои олии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ конфронс баргузор гардид
Дар Мастчоҳ Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай ба беморони диабети қанд муфид аст