Лука Модрич сазовори «Тӯби тиллоӣ»-и Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 гардид

Июль 16, 2018 10:39

ДУШАНБЕ, 16.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ниммуҳофизатгари дастаи мунтахаби Хорватия Лука Модрич беҳтарин бозигари Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол — 2018 дар Россия гардид. «Тӯби тиллоӣ»-и Чемпионати ҷаҳон пас аз анҷоми бозии финалӣ дар варзишгоҳи «Лужники»-и Москва ба футболбози хорватӣ тақдим карда шуд. Баъд аз анҷоми бозӣ Президенти Хорватия Колинда Грабар-Китарович, ки дар тан пироҳани дастаи мунтахаби кишварашро дошт, барои табрики Модрич ба майдон баромад.

Дастаи мунтахаби Хорватия дар финали Чемпионати ҷаҳон бо ҳисоби 2 бар 4 бар франсавиҳо мағлуб гардид.

Лука Модрич дар ин чемпионат дар 7 бозӣ ба майдон баромад, ки дар онҳо 2 гол зада, 1 партофти головар анҷом додааст. «Тӯби нуқрагӣ»-и чемпионат ба ниммуҳофизатгари белгиягӣ Эден Азар ва «Тӯби биринҷӣ» ба ҳамлагари франсавӣ Антуан Гризманн тақдим гардиданд. Ҳамчунин «Дастпӯшакҳои тиллоӣ»-и чемпионатро дарвозабони мунтахаби Белгия Тибо Куртуа ва «Кафши тиллоӣ»-ро ҳамлагари мунтахаби Англия Ҳарри Кейн соҳиб шуданд.

Модрич аввалин футболбози хорватӣ мебошад, ки унвони беҳтарин бозигари Чемпионати ҷаҳонро сазовор гардид.


Аз соли 1982 инҷониб бозигари беҳтарини Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-ро соҳиб мешавад. Ҳамчунин ду бозигари дигар барои ҷойҳои дуюм ва сеюм ҷоиза мегиранд. Солҳои 1930-1978 низ сегонаи беҳтаринҳо муайн мешуд, вале ба онҳо ҷоиза тақдим намегардид. Дар тамоми таърихи чемпионатҳои ҷаҳон аз ҳама бештар футболбозони дастаи мунтахаби Бразилия (7 маротиба) беҳтарин бозигари мусобиқот гардидаанд. Аз ҷумла, Леонодис (1938), Зизинё (1950), Диди (1958), Гарринча (1962), Пеле (1970), Ромарио (1994) ва Роналдо (1998).

Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Аргентина (Марио Кемпес соли 1978, Диего Марадона соли 1986 ва Леонел Месси соли 2014) ва Италия (Ҷузеппе Меаттса соли 1934, Паоло Росси соли 1982 ва Салватори Скиллачи соли 1990) се нафари беҳтарин бозигарон буданд.

Ду маротиба намояндагони Уругвай – Хосе Насасси соли 1930 ва Диего Форлан соли 2010 ҷоизаи бозигари беҳтарини Чемпионати ҷаҳонро сазовор гардидаанд. Аз рӯи натиҷаҳои Чемпионати ҷаҳон-1954 футболбози Венгрия Ферентс Пушкаш, соли 1966 – англис Бобби Чарлтон, соли 1974 – ҳолландӣ Йохан Кройф, соли 2002 – дарвозабони мунтахаби Германия Оливер Кан ва соли 2006 – франсавӣ Зинедин Зидан беҳтарин бозигар дониста шудаанд.

Июль 16, 2018 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон муайян мегарданд
Эҳсони Панҷшанбе фаъолияти касбияшро дар Суперлигаи Узбекистон идома медиҳад
Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд
Баргузории чорбинии муштараки Тоҷикистон ва Ню-Йорк ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2025 баррасӣ шуд