«МЕДОНИСТАМ, КИ АДОЛАТ ҲАСТ ВА ҚОНУН ҲАМЕША  РОСТИРО ПУШТИБОНӢ МЕКУНАД». Чунин навиштааст корбари шабакаи Фейсбук  Ҷамшед Олимов  ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода   

Июль 6, 2018 08:20

ДУШАНБЕ, 06.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре дирӯз хабар додем, барои дағалона вайрон кардани оинномаи интизомӣ мақомоти корҳои дохилӣ  ба ду нафар кормандони  худ ҷазои интизомии «танбеҳ»  доданд. Татбиқи ҷазо пас аз баррасии хабари Ҷамшед Олимов, ки 18 июни соли равон дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» таҳти унвони «Ба Вазорати корҳои дохилӣ ва 2212121 эътимод надорам» дарҷ гардид,  амалӣ шуд. Дар он оид ба лату кӯби як мард аз ҷониби шахси номаълум ва дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе хабар дода мешуд.

Ба иттилои манбаъ, зимни санҷиши хизматӣ муайян карда шуд, ки маълумоти мазкурро 16 июни соли 2018, соати 14:30 навбатдори фаврии қисми навбатдории шуъбаи ВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, капитани милитсия М.С. Одинаев қабул карда, ба ҷои сари вақт гурӯҳи фаврӣ-тафтишотиро ба  маҳали  ҳодиса равон кардан танҳо ваколатдори фаврии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии шуъбаи мазкур, майори милитсия М.И. Асоевро равон кардааст, вале номбурда сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир нашудааст.

«Барои дағалона вайрон кардани оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилӣ ва Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили хизмати басти навбатдории шабонарӯзӣ дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба ваколатдори фаврии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ, майори милитсия М.И. Асоев ва навбатдори фаврии қисми навбатдории ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ, капитани милитсия М.С. Одинаев ҷазои интизомии «танбеҳ» татбиқ карда шуд»,- гуфтанд ба АМИТ «Ховар» дар ВКД ҶТ.

Худи ҳамон рӯз корбари фаъоли  шабакаи Facebook Ҷамшед Олимов  ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода номаи миннатдорӣ навишта,маводи нашршудаи АМИТ «Ховар»-ро дар он замима намудааст.

Ҷамшед Олимов дар номаи худ, аз ҷумла, чунин  нигоштааст (нома бо каме ихтисор оварда, вале услуби ногориши муаллиф нигоҳ дошта машавад – АМИТ «Ховар»):

«Муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ, хело хушҳолам, ки муроҷиати бандаро шахсан худатон зери таваҷҷуҳ гирифта будед. Ҳисси кордонӣ ва сафарбарнамоии Шумо боис гардид, ки мушкилоти мо бе баррасӣ намонд. Албатта мо низ хуб медонем, ки сохторҳои ВКД хело фарох амал мекунанд ва одитарин ҷинояти содиршуда аз назари кормандони милитсияи тоҷик пӯшида намемонад. Матлабе, ки мо дар саҳифаи фейсбуки худ   нашр намудем, аз нуқтаи таҳлилу назари Шумо дур намонд,  ҳамин буд, шахсан бо супориши Шумо  аз ман баёноти хаттӣ гирифтанд.  Ман медонистам, ки адолат ҳаст  ва қонун ҳамеша ҷониби ростиро пуштибонӣ мекунад. Ва ин буд, ки Шумо мушкилоти маро нодида нагирифтед.   Барои расидан ба адолат ва ҳимоя аз ҳақи хеш бояд ҳамеша талош намуд, то ба муваффақият ноил гашт. Ташаккур ба Шумо, Вазири муҳтарам…».

***

Мавриди зикр аст, ки муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ ва яке аз ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Дар ин самт 14 декабри соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» (аз  23 июли соли 2016 Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ») қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.   Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ирсол гардидаанд,  танзим  менамояд.

Яке аз сохторҳои муҳими қудратии мамлакат Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки фаъолияти ҳамарӯзаи он бевосита бо шаҳрвандон сурат гирифта, барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҷамъият, ҳимояи манфиатҳои онҳо тадбирандешӣ менамояд.

5 сол пеш, 19 марти соли 2013 бо Фармони Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013–2020 ва баъди як соли он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014   Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 тасдиқ шуданд, ки дар баробари дигар самтҳо ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа низ яке аз  самтҳои асосии фаъолияти ин мақомот  ба шумор меравад.

Дар робита ба тартиби муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилӣ ва баррасии онҳо роҳбари Маркази матбуоти дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ   ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин изҳор намуд: «Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида ҳар рӯзи шанбеи ҳафтаи аввали моҳ аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ ва шанбеҳои дигар пай дар пай аз тарафи муовинони Вазир ба роҳ монда шуда, инчунин шаҳрвандон- муроҷикаткунандагонро рӯзҳои чоршанбе муовинони Вазир ба таври иловагӣ қабул мекунанд».

Гуфта шуд, ки дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат  ғайр аз он, ки шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ  фаъолият доранд, нозирони минтақавӣ низ муроҷиати шаҳрвандонро баррасӣ мекунанд, зеро дар ин самт аз ҷониби котиботи ВКД лоиҳаи дастурамал дар бораи тартиби баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва  ҳуқуқӣ, инчунин ташкили қабули шахсӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои зерсохтори он таҳия ва тасдиқ гардида, барои истифодаи хизматӣ ба ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ирсол карда шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки телефони боварии 221-21-21 ва «Мадад-1919» ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд, то арзу муроҷиати шаҳрвандон сари вақт ба қайд гирифта шуда, ҳаматарафа санҷида шаванд ва аз рӯи ҳар кадоми онҳо қарори қонунӣ қабул карда шавад.

 

Июль 6, 2018 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш доир шуд
Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таҷҳизоти нигоҳдорӣ ва истифодаи китобҳо беҳтар мегардад
Барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ эълон карда шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Таваҷҷуҳи сокинон ба парвариши маҳсулот дар гармхона бештар гардидааст
Моҳи май дар Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимон баргузор мешавад
Дар Истаравшан вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест
Озмуни экологии «Моҳи ҳифзи пиряхҳо 2025» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таъсири интернет ва расонаҳои рақамӣ конфронс доир шуд
Вазъ ва мушкилоти таълими фанни мантиқ дар мактабҳои олии Тоҷикистон баррасӣ гардид