Мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар Париж муаррифӣ гардид

Июль 3, 2018 09:03

ДУШАНБЕ, 03.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Франсия 29 июн   дар шаҳри Париж Шоми фарҳангии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Франсия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шоми фарҳангии Тоҷикистон бо мақсади пеш бурдани ташаббусҳои кишвар дар соҳаи рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Анҷумани диаспораи тоҷикони Фаронса – “Равзана” доир карда шуд. Дар он Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, роҳбари Ансамбли давлатии “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманд Холов ва устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон Шавқатҷон Оқилов иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои Фаронса, ҳайати дипломатии кишвари иқомат, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Зимни чорабинии мазкур, ки ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст, бо манзури муаррифии бештари Тоҷикистон мизи миллии тоҷикӣ пешкаши меҳмонон гардида, гӯшаи ҷудогона бо лавҳаю овеза ва аксҳои ҷолиб ба маъраз гузошта шуд.

Июль 3, 2018 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад