Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин

Июль 27, 2018 09:05

ДУШАНБЕ, 27.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 26 июли соли 2018 Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин д-р Риёз Моликӣ ва ҳайати ҳамроҳи ӯро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили вобаста ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг, сайёҳӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, инчунин ҳамкориро дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин барои таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ изҳори ҳавасмандӣ намуда, ба мувофиқа расидаанд, ки санадҳои дар баррасии ҷонибҳо қарордошта ҳарчи зудтар ба имзо расанд.

Июль 27, 2018 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид