Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар расми ифтитоҳи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор ширкат намуд

Июль 10, 2018 09:44

ДУШАНБЕ, 10.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. 9 июл Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар маросими ифтитоҳи Форуми сиёсии сатҳи баланд (HLPF-2018), ки таҳти сарпарастии Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ЭКОСОК) доир мегардад, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии ҶТ дар СММ хабар доданд.

М. Маҳмадаминов ба ҳайси Ноиби Президенти ЭКОСОК ҳамчунин яке аз сессияҳои интерактивии Форуми болозикрро таҳти унвони “Ҳадафи 6-уми рушди устувор –таъмини дастрасӣ ва мудирияти устувори об ва беҳдошт барои ҳама” раисӣ намуд.

Форуми мазкур механизми асосии бисёрҷонибаи низоми СММ ҷиҳати баррасии раванди татбиқи Рӯзнома оид ба рушди устувор барои давраи то соли 2030 (Рӯзномаи 2030) ба ҳисоб меравад. Ҳадаф аз баргузории Форум мусоидат ба табодули таҷрибаи муваффақ дар ноилшавӣ ба рушди устувор мебошад.

Июль 10, 2018 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид