НАРХИ ФУРӮШИ НАҚДИ ДОЛЛАР ДАР БОЗОРИ ҒАЙРИРАСМӢ БОЗ БАЛАНД ШУД. Сабабу омилҳои баландшавии аз эътидол беруни қурби фурӯши асъори хориҷиро Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 11.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нархи фурӯши нақдии доллари ИМА дар бозори ғайрирасмӣ то андозае аз нав боло рафтааст. Сабаб чист? Сабабу омилҳои асосии ин ҳолатро Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» чунин шарҳ дод:
Дафъатан бояд зикр намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон тибқи муқаррароти «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат» бо дарназардошти гузариш ба низоми «ҳадафгирии таваррум» сиёсати қурбии ба реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда» асосёфтаро амалӣ менамояд.
Дар натиҷаи татбиқи ин сиёсат тӯли 6 моҳи охир нишондиҳандаҳои зерин ба қайд гирифта шудаанд:
— қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 3,8 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 (коҳишёбӣ 11,8 фоиз) 8,0 фоиз камтар мебошад.
Андозаи коҳиши қурби расмӣ ба дурнамои қурби миёнаи он дар соли 2018 мувофиқ буда, асосан моҳҳои апрел (0,9 фоиз), май (1,3 фоиз) ва июн (1,6 фоиз) ба вуҷуд омадааст.
Тағйирёбии қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА вазъи воқеъии имрӯзаи иқтисодиёт, фаъолияти расмии бозорҳои хариду фурӯши молу мавод ва асъори хориҷии ҷумҳуриро инъикос менамояд;
— қурби фурӯши нақдии доллари ИМА бо сомонӣ дар бозори ғайрирасмӣ 4,5 фоиз баланд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 (баландшавӣ 11,7 фоиз) 7,2 фоиз пасттар аст. Чунин баландшавии қурби фурӯши нақдии доллари ИМА асосан моҳҳои апрел (1,9 фоиз), май (1,8 фоиз) ва июн (0,6 фоиз) ба вуҷуд омада, номуътадил гаштани вазъи бозори дохилии асъор ва қурби пули миллиро зери таъсири омилу сабабҳои мавсимӣ ва ҳолатҳои ғайричашмдошти берунӣ инъикос менамояд.
Ҳолати мазкур ба он оварда расонид, ки фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши нақдии доллари ИМА дар бозори ғайрирасмӣ меъёри муқарраршудаи 2- фоизаро гузашта, аз 2,0 фоизи 10 апрели соли 2018 то ба 3,4 фоизи 27 апрели соли 2018 расид.
Сабабу омилҳои баландшавии аз эътидол беруни қурби фурӯши нақдии доллари ИМА дар бозори ғайрирасмӣ инҳоянд:
- Боқӣ мондани бақияи манфии тавозуни савдои ҷумҳурӣ (фарқияти байни содирот ва воридот). Бақияи манфӣ дар 5 моҳи соли 2018 ба 825,6 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 — 200,0 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.
Афзоиши бақияи манфии тавозуни савдо, бинобар ба андозаи то 24,9 фоиз (250,5 млн. доллари ИМА) афзоиш ёфтани воридот ва танҳо ба андозаи 13,3 фоиз (50,5 млн. доллари ИМА) афзоиш ёфтани содирот ба вуҷуд омадааст.
- Мубодилаи рубли русӣ ба доллари ИМА яке аз манбаъҳои асосии дарёфт кардани асъори хориҷии озод мубодилашаванда маҳсуб гашта, устувор будани қурби он ба ташкилотҳои қарзии ватанӣ имконият медод, ки муназзам доллари ИМА-ро бо қурби қобили қабул аз бозорҳои Россия харидорӣ карда, талаботи мизоҷонашонро ба он қонеъ намоянд.
Мавҷудияти ҳамин механизм яке аз омилҳои асосии нигоҳдории тавозуни байни талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ, муътадил шудани вазъи бозори дохилии асъор ва суботи қурби пули миллӣ дар нимаи дуюми соли 2017 ва семоҳаи якуми соли 2018 мебошад.
Аз 6 апрел то 12 апрели соли ҷорӣ қурби рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА якбора то ба 11,2 фоиз коҳиш ёфт. Коҳиши мазкур амалияи бо рубли русӣ харидорӣ намудани доллари ИМА-ро маҳдуд намуда, боиси аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба маротиб кам кардани пешниҳоди доллари ИМА ва, чун натиҷа, зиёд гаштани талабот ба доллари ИМА-и ғайринақдӣ аз ҷониби мизоҷон — субъектҳои хоҷагидорӣ ва ба доллари ИМА-и нақд аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва аҳолӣ мусоидат намуд.
Ҳолати мазкур ва инчунин таъсири омили равонӣ, дар навбати худ ба фаъол гаштани бозори ғайрирасмии асъор, баланд шудани қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар он ва аз 2 фоиз зиёд шудани фарқияти байни қурбҳо сабаб гашт.
- Зиёд шудани талабот ба доллари ИМА (бахусус, ба пули нақд) бинобар афзудани фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва ҳаҷми савдо, ки ба афзоиши ҳаҷми интиқоли пулӣ бо рубли русӣ ва баландшавии қурби он нисбат ба сомонӣ (11,6 фоиз) дар давраи аз моҳи июли соли 2017 то моҳи марти соли 2018 алоқаманд аст.
- Афзоиши ҳаҷми пули нақди миллии дар муомилотбуда аз ҳисоби зиёд шудани хароҷоти буҷет барои таъмини уҳдадориҳои қарзи беруна ва маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ (27,4 фоиз афзоиш дар 5 моҳи соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли 2017).
Зикр намудан бамаврид аст, ки соли 2018 гузариш ба реҷаи «ҳадафгирии таваррум» дар амалӣ гардонидани сиёсати пулию қарзӣ пешбинӣ шудааст ва бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бояд ба тағйирёбии бештари қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ имконият диҳад.
Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон дахолатҳои асъории худро (фурӯши доллари ИМА-ро дар бозори байнибонкӣ) тавассути татбиқи роҳу воситаҳои иқтисоди бозаргонӣ, бо истифода аз механизми мутамаркази хариду фурӯши рубли русӣ ва барориши қоғазҳои қиматноки худӣ (дар 6 моҳи соли 2018 ба маблағи 9,0 млрд. сомонӣ, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 5,1 млрд. сомонӣ ё 1,8 маротиба зиёд мебошад) анҷом дода, бозорро ба танзим медарорад.
То 30 июни соли 2018, Бонки миллии Тоҷикистон аз бозори дохилӣ 15,1 млн. доллари ИМА ва 38,4 млрд. рубли русӣ харидорӣ ва дар он 13,0 млн. доллари ИМА ва 34,7 млрд. рубли русиро ба фурӯш гузошт. Дар баробари ин, дар бозори беруна амалиёти вогардонии (конверсияи) асъори хориҷиро анҷом дода, аз ҷумла, 3,8 млрд. рубли русиро фурӯхта, мутаносибан 68,3 млн. доллари ИМА ва 4,3 млн. евро харидорӣ кардааст.
Маҳз аз ҳисоби ҳамин маблағҳо Бонки миллии Тоҷикистон иҷрои уҳдадориҳои буҷет, барномаҳои стратегии давлатӣ, пардохтҳои ташкилотҳои қарзӣ ва дастгирии пули миллиро анҷом дода истодааст.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини устувории қурби пули миллӣ бо истифода аз тамоми воситаю имкониятҳо, маҷмӯи чораҳои сиёсати пулию қарзӣ ва маъмурию назоратиро ҳамарӯза амалӣ дорад. Ба ин нигоҳ накарда, фарқияти аз меъёр зиёди қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар бозори ғайрирасмӣ боқӣ мондааст ва бинобар ин, барои бартараф кардани он амалӣ кардани як қатор корҳои иловагӣ зарур аст.
Аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз барои қонеъ гардонидани талаботи мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ ба асъори хориҷӣ дахолати асъорӣ — фурӯши доллари ИМА-ро дар бозори байнибонкӣ анҷом дода, минбаъд дар музоядаҳои фурӯши рубли русӣ аз фишангҳои муосири худ самаранок истифода мебарад.
Айни замон, худи ҳамин рӯз бо мақсади таъмини риояи меъёри фарқияти то 2-фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар бозори ғайрирасмӣ тасҳеҳи (коррексияи) якдаъфинаи қурби базавии миёнавазни қарордодҳои хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкиро анҷом хоҳад дод.
Бонки миллии Тоҷикистон бо камоли масъулият изҳор менамояд, ки ҳамарӯза вазъиятро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорати доимӣ нигоҳ дошта, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва устувории қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода хоҳад бурд.