Низоми алоқаи видеоконфронс бо раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар маҳалҳо ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 17.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори калони Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи ислоҳоти милитсия маросими ифтитоҳи пайваст гардидани низоми алоқаи видеоконференсия бо раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру вилоятҳо баргузор гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорат хабар доданд, дар ҷамъомад Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода, кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт, Роҳбари ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» (Saferworld) Никола Фердинанд, намояндагони ташкилоти мазкур Хирад Каргасов ва Зоҳир Асаншоев, роҳбари ширкати «Сарфароз» Ҷаҳонгир Анваров, аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии назди мақомоти милитсия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аъзои фаъоли гурӯҳи ҷавонони «Авангард», дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия иштирок доштанд.
Видеоконфронс тариқи реҷаи мустақим (онлайн) доир гардида, ҳайати шахсӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар толорҳои раёсатҳои ВКД дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, қисми минтақавӣ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, минтақа ва ноҳияи Рашт, РВКД дар шаҳри Душанбе ва дигар раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД бевосита ҷамъомадро тамошо карданд.
Зикр карда шуд, ки низоми алоқаи видеоконфронс бо дастгирии бевоситаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» (Saferworld) ва ширкати «Сарфароз» дар доираи ислоҳоти милитсия таъсис ёфта, робитаи милитсияро бо аҳли ҷомеа боз ҳам қавитар мегардонад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ҷамъомад Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати ИМА ва ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» (Saferworld) ба имзо расонида шуд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






