ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйрёбандаи боронӣ дар назар аст

Июль 27, 2018 08:02

ДУШАНБЕ, 27.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Инчунин, то 29 июл дар дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи об пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад эҳтимоли омадани сел дар назар аст.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, борони кутоҳмуддат меборад. Шабона +12+ 17 ва рӯзона +27 +32 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +39 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво боронӣ шуда, раъду барқ дар назар аст. Шабона 17+22 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, шабона +18+20 ва рӯзона +35+37 дараҷа гарм мешавад.

Июль 27, 2018 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад