ОЧЕРКИ НАВИ ИЛМӢ-ОММАВИИ АКАДЕМИК АБДУҶАББОР РАҲМОНЗОДА ОИД БА ДЎСТИИ ТОҶИКОНУ ЎЗБЕКОН
 
			
					
										ДУШАНБЕ, 2.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Шарқи Озод» очерки нави илмӣ-оммавии академик Абдуҷаббор Раҳмонзодаро таҳти унвони «Равобити адабию фарҳангии халқҳои тоҷик ва ўзбек» ба сифати китоби алоҳида ва бо теъдоди ҳазор нусха ба нашр расонид.
Асари нави академик А. Раҳмонзода дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиф ёфтааст, ки яке аз самтҳои он таҳким бахшидани равобити фарҳангию адабии чандинасраи халқҳои тоҷику ўзбек ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ин хидматҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи очерк таъкид менамояд, ки «Роҳбари хирадманди тоҷикон дар доираи ниятҳои холисона дўстии халқҳои тоҷику ўзбекро пос медоранд ва баҳри татбиқи амалии он кўшиш карда, ҷиҳати васеъ гардидани доираи ҳамкориҳо шахсан талош менамоянд».
Дар аввали очерк академик А. Раҳмонзода қайд менамояд, ки «фарзандони бонангу номус ва соҳибмаърифати ин ду халқ тайи қарнҳо кўшиш кардаанд, ки дар зеҳну андешаи мардум хислатҳои неку ҳамидаи инсондўстӣ ва ҳамзистиро ҷой намоянд ва умр ба сар бурдан дар фазои дўстию рафоқатро тарғиб созанд. Махсусан, аҳли адаб аз ибтидо ба масъалаҳои мазкур диққати ҷиддӣ дода, тавассути осорашон ғояҳои дўстию рафоқат, бародарию баробарӣ ва ҳусни ҳамҷавориро тараннум намуда, бо ҳамдигар робитаи эҷодӣ ва аз осори ҳамдигар омўхта, ба таълифоти якдигарӣ эътимоду эътиқод доштанд».
Муаллиф ин мулоҳизаи худро дар ҳашт қисмати очерк дар мисоли дўстӣ ва равобити адабию фарҳангии шахсиятҳои барҷастае ба монанди: Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, устод Садриддин Айнӣ ва Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом, устод Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов ва дигар адибони тоҷику ўзбек ба таври муфассал, бо ҷалби маводҳои фаровон ба риштаи таҳқиқ кашида, асоснок намудааст.
Аз ҷумла, дўстиву ҳамкории Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро тадқиқу тавсиф карда, тазаккур медиҳад, ки «Мавлоно Ҷомӣ ва Навоӣ то охири умр дўстию рафоқатро пос дошта, аз комёбӣ ва дастовардҳои хеш шод гардида, ҳамеша нахуст мусаввадаҳои асарҳояшонро аз назари ҳамдигар мегузарониданд ва баъд мавриди мутолиаи дигарон қарор медоданд».
Муаллиф дар очерк ба масъалаҳои равобити фарҳангии ду халқи бародар низ дахл намуда, вобаста ба аҳамияти баргузории рўзҳои фарҳангии якдигар, нақши тоҷикону ўзбекон дар рушди санъати миллии ҳамдигар, тарбияи кадрҳои соҳаи санъат ва масоили дигар мулоҳиза рондааст.
Лозим ба ёдоварист, ки очерк тамоми ҷанбаҳои дўстӣ ва равобити адабию фарҳангии ду халқи ҳамсояро аз қарни XV то замони имрўза фаро гирифта, бо забони фасеҳу оммафаҳми ба аҳли васеи хонандагон дастрас таълиф гардидааст.
Китоби нави академик Абдуҷаббор Раҳмонзода на танҳо туҳфаи хубу арзандаест ба хонандагон, ки дар бораи дўстиву равобити адабию фарҳангии ду халқи бародар маълумоти муфиду пурқимат медиҳад, балки саҳми бевоситаи муаллиф дар таҳкими дўстиву рафоқати тоҷикону ўзбекон ба ҳисоб меравад.









 
						
 Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик  маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик  маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд Ба сокинони ноҳияи Данғара  туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
Ба сокинони ноҳияи Данғара  туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад «ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд Намояндагони  Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро  тамошо карданд
Намояндагони  Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро  тамошо карданд Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид
Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид «АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд Китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8 дар таҳрири нав ба нашр расид
Китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8 дар таҳрири нав ба нашр расид Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд Дар ноҳияи Темурмалик тақсими «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Темурмалик тақсими «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оғоз гардид Масъалаи  баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Масъалаи  баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид 
									 
									 
									 
									 
									





