Ғолибони озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин» соҳиби шаҳодатнома ва роҳхат ба озмуни ҷумҳуриявӣ гардиданд

Июль 14, 2018 11:16

ХОРУҒ, 14.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори бахши «Тоҷикстандарт» дар ВМКБ  даври вилоятии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар озмун 14 корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, соҳибкорону ҳунармандони мардумӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулоти худӣ машғуланд, ширкат варзиданд. Дар ин озмун ҳамчунин намояндагони марказҳои пазироии сайёҳон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят  ҳузур доштанд ва китобу дастурамалҳо оид ба маконҳои таърихии Бадахшон, асбобу анҷоми зарурӣ барои  кӯҳнавардон, маълумот оид ба хати сайри сайёҳатро ба маърази тамошо гузоштанд.

Мудири озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯроквории бахши вилоятии «Тоҷикстандарт» Ҷамила Маликова гуфт, ки «яке аз шартҳои асосии озмун- ин истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ пок ва бидуни иловагиҳои кимиёӣ мебошад. Дар ин ҷо маҳсулоти гуногуни қаннодӣ, нӯшокию шарбатҳо ба намоиш гузошта шудаанд, ки аз гулу гиёҳ, сабзавоту зироат, дарахтони мевадори маҳаллӣ истеҳсол шудаанд. Бисёр соҳибкорон бо мақсади ба даст овардани фоидаи бештар ҳангоми парвариши маҳсулоти кишоварзӣ аз меъёр зиёд нуриҳои минералӣ истифода мебаранд, ки ба саломотии одамон зарар мерасонанд. Аммо ҳастанд деҳқононе, ки фақат аз нуриҳои органикӣ, яъне поруи маҳаллӣ истифода мебаранд. Бартарӣ ҳам ба маҳсулоте дода мешавад, ки   аз чунин меваю сабзавоти пок тавлид шудаанд. Ҳарчанд нархашон аз дигар маҳсулот каме  болотар аст, аммо онҳо бо намуди зоҳирӣ ва бӯю мазза таваҷҷуҳи сокинони маҳаллӣ, сайёҳони дохилию хориҷиро бештар ба худ ҷалб мекунанд. Мутаассифона, вақтҳои охир бисёр ҳунармандони мардумӣ ҷӯробҳои маҳаллиро аз риштаву рангҳои сунъӣ бофта, ба бозор мебароранд, ки на танҳо сифати хуб надоранд, балки ба саломатии одамон ҳам зарар мерасонанд. Илова бар ин маҳбубияти худро дар байни меҳмонон, сайёҳони дохилию хориҷӣ аз даст медиҳанд. Бинобар ин мо кӯшиш мекунем, ки аз истеҳсол ва фурӯши чунин маҳсулот ҳарчӣ бештар ҷилавгирӣ намоем».

Ба гуфтаи Ҷамила Маликова,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ  пайваста таъкид мекунанд, ки «баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва тараққиёти соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими пешрафти иқтисодиву иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, дар навбати худ рушди ин бахш ба ташкили ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад».

Ҳайати ҳакамон баъди санҷиш ва таҳлилу баррасӣ ба 8 нафар аз иштирокчиёни ин озмун шаҳодатномаи «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин» ва роҳхат ба озмуни ҷумҳуриявиро тақдим карданд.

Июль 14, 2018 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид