«ПАРЧАМИ МАЪРАКА ДАР БОМИ КИСТ?» Ду памфлети нависанда Азизи Азиз, ки дар партави Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» навишта шудаанд

Июль 15, 2018 09:01

ДУШАНБЕ, 15.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳадафи асосии қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба низом даровардани анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Талаботу меъёрҳои ин қонун, қабл аз ҳама, ба беҳдошти сатҳи зиндагии мардуими кишварамон равона гардидаанд. Аз ин лиҳоз тарғибу ташвиқи пайваста ва ҳамаҷонибаи он вазифаи эҷодкорон аст. Маҳз ба ҳамин хотир нависанда Азизи АЗИЗ ду памфлет навиштааст, ки онҳоро ба таваҷҷуҳи хонандагон пешниҳод менамоем.

 

Азизи АЗИЗ

 ЯК РӮЗ МУРДАНУ ЯК СОЛ ХӮРДАН

Рӯзе, ки Ҳайдарбекро аз кор ронданд, ҳамсояаш, бобои Сафол аз олам гузашт. Ин хабарро ба вай занаш расонд.

– Аҷаб мӯйсафеди беозору ҳалим буданд, – гуфт холаи Соро оби дидагонашро бо остин пок карда.

– Гиряро мону чӯт биёр! – ҳамоно амр кард Ҳайдарбек. – Як чойи доғ ҳам!

– Чӯт? Барои чӣ?

– Барои ҳисобу китоб…

– Чӣ ҷойи ҳисобу китоб!? Бобои Сафол наваду ҳафсола буданд. Агар як соли дар батни модар буданашонро…

– Э, бисёр ҷоғ назан, занак! –  риштаи сухани занашро бурид Ҳайдарбек. – Ҳисоби ман дигар аст. Лом нагуфта, чӯт биёру аз пайи корат шав!

Вақте холаи Соро чӯт овард, Ҳайдарбек гуфт:

– Имрӯз маро аз кор ронданд…

– Ваҳ, ман мурам… – ранги рӯйи холаи Соро парид. – Барои чӣ? Чӣ гуноҳ кардед?

– Фарқаш чӣ! – ҷавоб дод Ҳайдарбек. – Гуноҳ кардам ё накардам, дигар аҳамият надорад. Акнун ман бекорам. Хубаш нишин, нишину бигӯ, ки минбаъд чӣ тавр зиндагӣ кунем: чӣ хӯрем, чӣ нӯшем, аз куҷо пул ёбем? Ман, ту, писарамон, духтарамон – чор хӯранда. Чӣ кор кунем?

Холаи Соро рафта чой оварду бемадорона рӯйи кӯрпача нишаст. Аслан вай ба ин гапу кор одат карда буд: бори бистучандум буд, ки шавҳарашро аз кор пеш мекарданд. Бадгумону бадхаёлу бадгап аст… Вале ин дафъа чӯт биёр гуфтанаш хавотир намуд. Вай ҳаргиз чӯт намепурсид, чӯти аз бобои раҳматиаш меросмонда, солҳо дароз бекору бесоҳиб дар сақфи хона овезон аст. Имрӯз чаро лозим шуд, як муаммост ва шубҳаноку хавотирангез…

Ҳайдарбек аз бағалаш қаламу қоғаз гирифта, рӯйи гилем ва чӯтро рӯйи зонуи росташ гузошт, каме ба хаёл рафт ва якбора аз қатори садиҳо як мӯҳра ба чап партофт.

– Сад! Гуфтем, ки сад! Боз ҳашт мепартоем!

– Ин кадом сад? – ҳайрон шуд холаи Соро.

– Халал нарасон! – амр кард Ҳайдарбек. – Ба ин корҳо ақли зан намерасад… Ху-у-уб, сад ва ҳашт мешавад яксаду ҳашт…

Ҳайдарбек нимғурма-нимғурма боз чанд рақаму адад ба забон овард. Холаи Соро мунтазир нишаст. Не, не, як бор гуфт:

– Аз олам гузаштани бобои Сафол фаромӯшатон нашавад, мардак. Рафта қатори мардум рост истед, фотеҳа хонед, аз гӯручӯб намонед, савоб гиред…

– Бисёр чакидӣ, занак! – гӯё худ ба худ пичиррос зад Ҳайдарбек. – Ман ҳам дар ҳисобу китоби ҷанозаи бобои Сафолам.

Холаи Соро дигар лаб накушод. Ҳайдарбек боз чӯт зад, хуб чӯт зад, дурудароз чиқ-чиқу тиқ-тиқ кард ва дар коғаз чиҳое навишт, зарбу тақсиму каму зиёд намуд. Дар ин миён чанд маротиба лаб газид, розию норозӣ сар ҷунбонд, худ ба худ ҳаю не гуфт, хурсанду навмед шуд.

Ниҳоят косаи сабри холаи Соро лабрез гашт.

– Ба кори нав медароед? Маошаатонро ҳисоб мекунед? – пурсид ӯ.

– Кори нав куҷо! – хитоб кард Ҳайдарбек ҳатто сар набардошта.

– Чӣ хел «куҷо»? Кор хоҳеду кор кобед, олам пури кор!

– Шояд барои ту кор ёфт шавад, шояд барои ман ҳам… Аммо ман акнун ним сол кор накунам ҳам мешавад, – ҷавоб дод Ҳайдар.

– Нафаҳмидам, мардак. Ним сол кор накунед, чӣ хел рӯз мегузаронед? Аз гушнагӣ мурданатон мумкин.

Ҳайдарбек ниҳоят сар бардошта, ба рӯйи занаш нигарист, чӯту қаламу коғазро як сӯ гузошт ва гуфт:

– Ман намемурам, лекин ту мурданат мумкин.

– Аз забонатон шамол барад, мардак! Тавба, тавба, тавба! – хавотиромез ба чоки гиребонаш туф-туф кард холаи Соро. – Дониста, андеша карда гап занед. Мурдан магар осон аст?!

– Худат аз мурдан гап сар кардӣ, – эрод гирифт Ҳайдарбек. – Ман аз мурдаҳо гап задам, ту – аз мурдан. Фарқи «мурдан»-у «мурда» аз замин то осмон, занаки беақл!

Холаи Соро ба худ гуфт, ки беҳтар аст дигар баҳс накунад ва асрори ҳисоби китоби шавҳарашро фаҳмида гирад. Барои ин бояд нармтар шуд ва бояд муомилаи нек кард. Аз ин сабаб гуфт:

– Хайр, мардак, як бор дар умратон асрори дилатонро ошкор кунед чӣ… Осмон омада ба замин намечаспадагист. Мурам шумо-ба! Ин қадар чӣ ҳисобу китоб кардед?

– Ин асрор нест, – ҷавоб дод Ҳайдарбек якбора бо мулоиматӣ. – Ҳисоб кардам, ки аз маргу мурдаи бобои Сафол чӣ манфиату чӣ зарар мерасад.

– Ба кӣ?

– Ба кӣ мешуд? Ба худам!

– Чӣ хел?

– Ана, ин хел. Ду карат ду чанд мешавад?

– Чор… Чӣ буд?

– Ҳанӯз ҳисоб карда метавонистаӣ. Бад не. Акнун ман гӯяму  ту шумур, ҷамъ кун. Хуб?

– Хуб шудаст, мардакҷон!

– Бобои Сафол мурд, раҳматӣ шуд. Акнун мо як ҳафта дар хонаю ҳавлиаш мешинему мехезему мегардем. Чанд рӯз мешавад?

– Ҳафт рӯз.

– Давомаш: баъди ҳафти раҳматӣ, бист медиҳанд. Дуруст?

– Ҳа, дуруст…

– Чанд рӯз шуд?

– Ҳашт рӯз.

– Баъди ҳафту бист чил гуфтанӣ гапу кор ҳаст. Ба болои ҳашт ҷамъ кун!

Холаи Соро ангуштонашро қату рост кард.

– Нӯҳ шуд…

– Лекин бист тайёриҳо дорад. Чил ҳам тайёриҳо дорад. Як рӯз аз пешу як рӯз аз пас гирифта, боз зам кун, занак.

Занак боз ангуштонашро қату рост намуд ва ҷавоб дод:

– Ёздаҳ шуд!

Ҳайдарбек афзуд:

– Писари мӯйсафед сол медиҳад?

– Медиҳад…

– Сол бо омодагию гирумони дигараш чор-панҷ рӯз муддат дорад?

– Дорад…

– Чанд рӯз шуд?

– Шонздаҳ рӯз.

– Офарин! Акнун як чизи дигарро ҳисоб кунем: миёни рӯзи дафну маросими сол душанбегию ҷумъагӣ гуфтанӣ гапу кор ҳаст?

– Ҳаст!

– Чӣ қадар мешавад?

Ин дафъа холаи Соро дурудароз ҳисоб кард. Азбаски вай мактаби миёнаро бисту се сол пештар хатм намуда буд, ба хотир оварда натавонист, ки як сол аз чанд ҳафта иборат мебошад. Аз ин сабаб худи Ҳайдарбек ба занаш кӯмак кард:

– Як сол панҷоҳу ду ҳафта дорад, каллакаду! Дар ҳар ҳафта як ҷумъаю як душанбе ҳаст, беақл! Хулоса, дар як сол писари мӯйсафеди Сафол бояд як саду чаҳор ҷумъагию душанбегӣ диҳад, каллаварам!

– Ҳа, дуруст гуфтед, – розӣ шуд холаи Соро. – Панҷоҳу ду ҷумъагию панҷоҳу ду душанбегӣ! Фаҳмидам!

– Фаҳмида бошӣ, ин як саду чаҳор рӯзро ба болои ҳамон шонздаҳ зам кун.

– Инашро худатон зам кунед, мардакҷон, – хоҳиш кард холаи Соро. – Ақли ман намерасад.

– Гуфтам-ку: ақли ту кӯтоҳ! – қаноатманд хитоб кард Ҳайдарбек ва ба варақ нигариста ҷавоб дод: – Ҳамааш шуд, як саду бист рӯз! Акнун ақлат гирифт?

Холаи Соро боз ҳайрон монд.

– Чияшро ақлам гирад? Ин яксаду бист рӯз ба шумо чӣ дахл дорад? Мабодо Ҳотами Той шавам гуфта, барои ҳафту бисту чилу солу бегоҳи ҷумъагию душанбегии мӯйсафед шумо аз кисаи худатон пул харҷ кунед?! О, дар ҳамёнатон як пули пучак надоред! Балки худи ҳамён нест, мардакҷон. Мабодо ба қарзу қавола ғӯтида монед?

Ҳайдарбек хандид.

– Гуфтам-ку, боз ақлат кӯтаҳӣ кард, занаки шайтон! Гап дар сари он ки акнун дар як сол як саду бист рӯзи умри ман аз ҳисоби маъракаю маросимҳои маргу мотами бобои Сафол мегузарад. Худо раҳматаш кунад, мӯйсафед дар вақташ рафт. Воқеан, гӯшам бод бурд, ки кампири Садафмоҳу Шаммагул ҳам беморанд. Рост аст ин хабар?

– Ҳа, мардак, тобашон нест…

– Акнун хулоса мекунем: агар се ҳамсояат мурда монад, занаки камақл, масалан, пагоҳ фардо кампири Садафмоҳу Шаммагул низ аз олам гузаранд, як сол кор наҷуста, бекор, саланг-саланг ҳам гардӣ, рӯзат мегузарад, мисли подшоҳии Амир Олимхон – серу пуру хубу хуш, се саду шасту панҷ рӯз!..

Ин ҷо холаи Соро, чунонки мегӯянд, ҳушёрӣ ва зиракӣ зоҳир намуду эрод гирифт:

– Хато кардед, мардак. Маъракаю маросимҳои гуфтагиатон се саду шаст рӯз мешаванд. Боз, ба шарте ки ду кампири дардманд, Садафмоҳу Шаммагул ҳам худи пагоҳ ба он дунё рафта монанд… Хайр, фарз кардем, ки рафтанд. Бо вуҷуди ин панҷ рӯзи дигар монд! Панҷ рӯзи дигар чӣ кор мекунед?

– Панҷ рӯзи дигар? – пурсид Ҳайдарбек. – Панҷ рӯзи дигар… Гапат дуруст! Воқеан, панҷ рӯзи дигар боқӣ монд. Фикр кардан даркор, занак. Биё, дукаса фикр кунем…

Ҳайдарбеку холаи Соро ба фикр рафтанд.

Рости гап, ҳарду ҳанӯз дар банди фикранд…

Шояд ягон одами баақл пайдо шаваду ба онҳо маслиҳат диҳад, маслиҳат диҳад, ки дар панҷ рӯзи боқимонда Ҳайдарбек чӣ хӯраду чӣ нӯшад? Шумо чӣ – ақл доред, яъне маслиҳат дода метавонед?..

 

ПАРЧАМИ МАЪРАКА ДАР БОМИ КИСТ

ё қиссаи он ки чаро бобои Камол намурд?

То моҳҳои наздик дар маъракаҳои маҳаллаи мо парчам меафрохтанд. Ин парчамро мардум хеле барвақт, аз замони Шӯравӣ болои сар бардошта меомаданд. Аммо шумо гумон набаред, ки парчами маъракаҳои мо мисли парчами дасти комсомолону пионерони асри гузашта воқеӣ буд. Ҳаргиз! Вай на чӯбдаста дошт, на матою навиштаҷот. Ягон кас бо чашми сар ҳам надидаст, балки нахоҳад дид. Ин парчаме буд ориятӣ, чунонки баъзе мегуфтанду мегӯянд, парчами нангу номус аст…

Ҳамин парчам бори охир дар хонадони Вафои Самандар қарор дошт, гуфтан мумкин ки зеби боми бинои баландошёнаи ӯ шуда буд. Чунки дар маъракаи дафни падараш Вафои Самандар ба ҳар ҷанозахон дусадсомонӣ садақа карда буд. Баъди маърака Вафои Самандар дусадро ба ду ҳазор зарб зада чунин эълон намуд:

– Чаҳорсад ҳазор додам, дар роҳи Худо!

Ҳамон рӯз мардум парчамро аз боми хонаи Сангин Қаландар канда гирифтанд, зеро Сангин барои гӯручӯби модари раҳматиаш чаҳорсад ҳазор нею 0,4 фоиз камтар пул харҷ карда буд.

Вақте ки парчами маъракадорию маъракаоройӣ дар боми хонаи Вафои Самандар партавафшон шуд, бисёриҳо ор карданд…

Барои он ки хонандаи азиз раҳгум назанад, бори дигар таъкид мекунем: ҳеҷ гуна парчам-марчам набуд. Не, буд, аммо ориятӣ буд, дар забону дар тасаввур, дар асл вай  на чӯбдаста дошт ва на матоъю навиштаҷот.

– Қандаша занад, бачаи мардак! – оби даҳонашон рафта гуфтанд чанд пирамард, ки қариб ҳар ду пояшон ба лаби гӯр расида буд. – Фарзанд бошад, ин тур бошад!

Ин хитобро шунида, чунонки гуфтем, баъзе ҷавонҳо ба сари номус омаданд. Гуфтанд, ки парчамро аз дасти Вафои Самандар кашида нагиранд, номашонро тағйир хоҳанд дод. Ҳатто писари мӯйсафеди Ҳотам Сангтарош – Диловар қасам хӯрд.

– Ё қиблагоҳиро ду карат аз падари Вафои Самандар гаронтар гӯр мекунам, ё ҳамроҳи қиблагоҳӣ ба гӯр даромада хоб меравам!

Ёбеду гиред! Диловар ин қадар маблағро аз куҷо пайдо карданаш мумкин? Шасту се омӯзгори як мактаби овозадори маҳалла ду сол инҷониб остонаи хонаашро охурча кардаанду ҳеҷ не, ки барои ду писараш китобдон гирад. Ду фарзанди ӯ китобу дафтарашонро мисли шогирдони мактаби солҳои сиюми асри бистум дар халтаи дӯғу чаккаи бибиашон андохта мактаб мераванд…

Бо вуҷуди ин кадоме Диловарро ба худ овардан хост.

– Як миллион сомонӣ даркор, – гуфт он шахс. – Бовар накунӣ, ҳисоб карда бин, ҷӯра.

– Барои чӣ як миллион? – розӣ нашуд Диловар. – Ҳаштсад ҳазор…

– Ду-се гов намекушӣ? – пурсид ҳамон шахс маккорона. – Се-чор серкаю гӯсфанд намекушӣ? Ба халқи Худо ҳафт-ҳашт дег шӯрбою палав намедиҳӣ? Ҳафту бисту чилу чилуяку чилупанҷ фаромӯшат шуданд?!

– Медиҳам! Мекушам! Фаромуш намекунам! – хитоб кард Диловар диловарона…

Лекин баъди як ҳафта кор ранги дигар гирифт: Диловарро тоб гурехт. Як-ду рӯз баҳушу беҳуш ҳарчӣ гуфта гашт, баъд ба рақсу бозӣ даромад ва ночор ба Кӯктош бурданд…

Хушбахтона падараш, бобои Ҳотами Сангтарош, сиҳату саломатанд, яъне зиндаанд, аммо хавотир, сахт хавотир: мабодо Диловар… Он гоҳ аз куҷо пул пайдо мекунанд, дар ин замон кӣ лоақал панҷоҳ ҳазор қарз медиҳад?..

Дуруст, ки баъзе пирон ба даъвою дағдағаи фарзандон муқобил баромаданд. Масалан, мӯйсафеди Ҳалим гуфт:

– Монед ҳамин парчами сабилмондаро! Парчамбардор мешавам гуфта, миёнатонро нашиканед! Як замон ба як бурида нон зор будем, мурда кафан намеёфт, ки пӯшида равад… Шумо чиҳо мегӯед?! Тавба кунед-е!

Рости гап, тавба кардан осон аст, вале ба ғайр аз парчами ориятии маҳалла, боз як парчами дигар буд, ки онро Парчами Сайёр мегуфтанд. Парчами Сайёр миёни маҳаллаҳо ва деҳоти гирду атроф даст ба дасту бом ба бом мегашт. Ин парчам низ на чӯбдаста дошту на матоъ ва на навиштаҷот. Аммо буд, ноаёну нонамоён буд, гӯё вӯҷуд дошт. Аз ин сабаб баъзе баномусон гуфтанд:

– Хайр, майлаш, мо тавба мекунем, парчами маъракаҳои маҳалларо шикаста мепартоем. Мардуми дуру наздик шунаванду фаҳманд чӣ мегӯянд? Намегӯянд, ки фалон маҳалла нангу номусу ору обрӯяшро ба замин зад, бо хоки сияҳ баробар кард?!

Дар ҳақиқат мардуми аз дуру наздик омада, аз якдигару аз мизбонон мепурсиданд:

– Ҳоло парчаматон дар дасти кист?

Баҳс хест. Гап дар сари он ки мардуми ҳар маҳал ҳафтод фирқа мешаванд. Аз ҳафтод фақат як фирқаро ба гап даровардану гап фаҳмондан мумкину осон аст. Шасту нӯҳ фирқа гӯш мекунанду намешунаванд, агар шунаванд, намефаҳманд, агар фаҳманд, шубҳа менамоянд ва ғайра. Яъне чун мӯйсафеди Ҳалим боз чанд сухани маслиҳатомезу пурҳикмат гуфт, якбора баҳс хест. Яке гуфт:

– Шумо муред, бе парчам гӯр мекунем, бобо. Монед, ки мо падару бобоёнамонро бо шукӯҳу тантана гусел кунем. Одам як бор ба дунё омада, аз дунё меравад.

Он гоҳ мӯйсафеди Ҳалим пурсид:

– Уй мардум, одам як бор ба дунё ояд, барои осудагии тану ҷони вай корҳои дигар кардан даркор.

– Масалан, чӣ кор?

– Масалан, кӣ дар хонаю ҳавлиаш ҳаммом дорад? – пурсид бобои Ҳалим.

Ягон нафар ман нагуфт.

Мӯйсафед дубора суол кард:

– Фарзанди кадоми шумо дар мизу курсӣ нишаста, вазифаи хонагӣ тайёр мекунад?

Боз ҳам касе даст набардошт.

Бобои Ҳалим бори сеюм чизе пурсидан хост, вале кадоме хабар овард:

– Бародарон! Ба аёдати бобои Карим аз шаҳр меҳмон омадаст. Ду-се мӯйсафед ба назди меҳмонраванд будаст!

Дар ҳақиқат бобои Карим бемор буд. Ногуфта намонад, ки писари ӯ низ даъвои парчамбардорӣ мекард. Хушбахтона вай  дар баҳс ҳузур надошт. Акнун маълум шуд, ки чаро ҳузур надоштаст:  меҳмон доштаст, кадом ҷӯраи раҳдураш омадаст.

Се пирамард аз мардум ҷудо шуда, ба хонаи бобои Камол рафтанд. Мӯйсафед як сол инҷониб бистарӣ буд. Пӯсту устухон гашта, базӯр меҷунбид. Як моҳи охир баъзе одамшиносон тахмин мезаданд, ки имрӯз намурд, вале фардо гумон аст зинда монад. Бо вуҷуди ин рӯзҳо мегузаштанду мӯйсафед рафтан намехост…

Ба ифтихори меҳмони раҳдуру мӯйсафедони маҳалла писари бобои Камол як серка забҳ намуд. (Ин серкаро барои рӯзи мабодо нигоҳубин мекарданд…) Меҳмонону мизбонон чаҳоряки серкаро нӯши ҷон карданду рафтанд…

Баъди як ҳафта бобои Камол асозанон кӯчабаро шуд. Боз се рӯз гузашту асоро ҳам партофт. Дар охири ҳафтаи дуюм пирамард каланд гирифта ба боғаш рафт…

Дар маҳалла овоза шуд, ки мӯйсафед бемор набудаст, гурусна, бемадор будаст, аз нарасидани витамину сафедаю минерал рӯболо мехобидаст. Серкаро хӯрда, ба по хестаст…

Баргардем ба сари парчам…

Э, монем ҳамон парчамро! Ҳама гап гуфта шуд-ку! Дигар чӣ илова кунем?!

 

ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ:

Азизи АЗИЗ 12 феврали соли 1960 дар деҳаи Каҷровути ноҳияи Ғончӣ таваллуд ёфтааст. Мактаби ҳаштсоларо дар зодгоҳаш ва миёнаро дар интернати шаҳри Чкалов хатм карда, соли 1977 муҳассили факултаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии  Донишгоҳи  давлатии педагогии Хуҷанд шудааст. Баъди хатми донишгоҳ (1982) муддате корманди радиои маҳаллӣ ва рӯзномаи сертиражи «Абрешимбофи пешқадам» будааст. Баъдан ба зодгоҳаш рафта, то соли 1987 омӯзгорӣ кардааст. Соли 1987 дар Душанбе ба кор пардохта, аввал муҳаррири калон, баъдан котиби масъули маҷаллаи «Чашма» будааст. Ҳамчунин, муддате дар рӯзномаҳои «Тоҷикистон»-у «Ҷавонони Тоҷикистон» ва маҷаллаҳои «Фирӯза»-ву «Истиқбол» фаъолият доштааст.

Азизи АЗИЗ асосан барои бачаҳо менависад. Гулчини офаридаҳояш дар китобҳои «Афсона ва ҳикояҳо» (1989), «Хандонак» (1998), «Қиссаи пирамарди тоҷик ва сарлашкари муғул» (1998), «Қарзи сарлашкар» (2001), «Донишманд ва девдарахт» (2010), ҳикояҳо (2011), «Баҳор омад» (2012), «Фил аз чӣ метарсад?», «Афсонаи об», «Шаш ва нӯҳ», «Саргузашти заргӯшак», «Афсонаи тарс», «Ҷануб кадом тараф аст?» (2013) ба чоп расидаанд. Чанд афсонаи ӯ ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, чехӣ ва қирғизӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (1994) ва нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Июль 15, 2018 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд