РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ МУБОРАК! Соҳа тӯли зиёда аз як асри мавҷудият ба пешрафту устувории иқтисодиёти мамлакат мусоидат намуд

Июль 6, 2018 13:17

ДУШАНБЕ, 06.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 6 июл дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии кормандони соҳаи кооператсия ҷашн гирифта мешавад. Мутобиқи Қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 16 декабри соли 1992 шанбеи аввали моҳи июл ҳамасола дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии кооператсияи матлубот  таҷлил карда мешавад. Мақсад аз таҷлили санаи мазкур- ин  ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон  ба фаъолияти кооператсия  ҷиҳати тавсеаи шарикӣ байни  ҳаракати байналмилалии кооператсияҳо ва дигар субъектҳои  ҳуқуқи байналмилалӣ, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ   мебошад.

Ҳоло  кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи  96-умин солгарди иди ин соҳа қарор дошта, онро  дар баробари дигар кооператорони кураи замин бо рӯҳияи баланди меҳнатӣ ва ватандӯстӣ баҳри беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ ҷашн мегиранд.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  мудири  шуъбаи  ташкилии  дастгоҳи  Иттифоқи  «Тоҷикматлубот» Абдураҳмон  Изатуллоев иброз дошт, Кооператсияи матлубот дар ҷумҳурии мо таърихи тӯлонӣ дорад. Ҳаракати  кооперативӣ ва кооперативҳо дар дунё 180 сол пеш оғоз гардида, аввалин кооперативи матлубот дар Англия «Ҷамъияти пионерони Ройҷдейл» ном дошт. Дар нимаи дуюми асри ХIХ ҳаракати кооперативӣ хусусияти байналхалқӣ гирифт.

Ба гуфтаи Абдураҳмон  Изатуллоев, дар Тоҷикистон ҳаракати кооперативӣ аз ибтидои асри ХХ оғоз ёфта, нахустячейкаи кооператсия соли 1898 дар шаҳри Хуҷанд ташкил шудааст. Соли 1919 дар шаҳри Конибодоми Округи Хуҷанд дуюмин ҷамъияти матлубот ташкил гардид ва  то соли 1922 шумораи шабакаҳои ноҳиявии кооператсия ба 29 адад расид. Бо мақсади таъмини самаранокии фаъолият кооператсияи матлубот аввали соли 1922 ба тарзи нави сохтор гузаронида шуд. Шуъбаи ноҳиявӣ бо бурду бохти худ бо Иттифоқи истеъмолкунандагони Хуҷанд пайваст шуд ва аз ҳамин лаҳза рушди кооператсияи матлуботи Хуҷанд ибтидо гирифт.

«Дар  тӯли зиёда аз як асри мавҷудият кооператсияи матлубот ба пешравию мустаҳкамшавии иқтисодиёти кишвар мусоидат намуда, маҳсули меҳнати ба даст овардаашро пешкаши аҳолӣ, хусусан аҳолии деҳот гардонида, хизматрасонӣ ба мардумро таъмин менамояд. Иттифоқи «Тоҷикматлубот» узви фаъоли Лигаи байналхалқии ташкилотҳои кооператсияи матлуботи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аъзои Алянси байналхалқии кооперативӣ ва аъзои Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон буда, дар раванди рушди иқтисодиёти кишвар ҳисса мегузорад. Маҳз  бо  дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттифоқи «Тоҷикматлубот»  тайи солҳои охир дар ташкили чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон саҳми босазо мегузорад.

Ҳоло кооператсияи матлубот дорои 3 адад Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоятӣ, 46 адад ҷамъиятҳои матлуботи ноҳиявӣ, 15 адад корхонаву хоҷагиҳо, бозорҳо ва 3 адад муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои асосӣ ва маблағҳои гардони худӣ мебошад»,- зикр намуд Абдураҳмон  Изатуллоев.

Бояд гуфт, ки рушди кооператсияи матлубот дар замони нав маҳз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардид. Иттифоқи «Тоҷикматлубот» қариб дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берун аз марзи кишвар даъват шуда, онҳо дастовардҳои давраи Истиқлолиятро дар сатҳи баланд ба дигарон муаррифӣ менамояд. Бояд гуфт, ки то имрӯз барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи гуногун кооператсияи матлубот ҳамеша  баҳои баланд гирифта, сазовори боварии Ҳукумати Ҷумҳурӣ гардидааст.

Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» фаъолияти ташкилоту хоҷагиҳои кооператсияи матлуботи ҷумҳуриро дар натиҷаи татбиқи тадбирҳое, ки аз Паёми Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 бармеоянд, инчунин вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати рушди   соҳа, беҳтар  намудани  сатҳи  хизматрасонӣ  ба  аҳолӣ,  ҳарчи бештар захира  кардани  маҳсулоти  кишоварзӣ,   мусоидат  намудан  ба пешгирии болоравии нарх  дар  бозори  истеъмолӣ ва  муҳайё  кардани ҷойҳои   нави корӣ   тадбирҳои   зарурӣ  андешида, соли 2017  ба нишондиҳандаҳои назаррас  ноил гардид.

«Бо мақсади пешгирии болоравии нархи маводи ғизоӣ дар бозори истеъмолӣ ва таъмин намудани аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мунтазам ярмаркаҳои  фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ  гузаронида мешаванд. Аз ҷумла,  дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашнҳои 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи шарифи Рамазон, Иди Қурбон рӯзҳои шанбе- якшанбе дар назди КВД «Бозори Меҳргон», назди бозори  «Қарияи боло» ва қисми ҷанубии Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии  «Дӯстии халқҳо» ярмаркаҳои фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ  гузаронида мешаванд.

Барои  таъмини аҳолии пойтахт бо озуқа  соли  2017 дар шаҳри Душанбе сардхона бо нигоҳдории 1500 тонна меваю сабзавот ва навсозии 5 адад анбори нав дар масоҳати 2080 м2 бо нигохдории то 3000 тонна молу маҳсулоти хӯрокворӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ амалӣ гардид. Инчунин дар заминаи  анборҳои бекорхобида ва таъмирталаб навсозии бозорҳои ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияи Мастчоҳ ва Лахш, гузаронидани корҳои таъмирӣ дар бозорҳои ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияҳои Ашт, Мӯъминобод, Идораи маҳсулоттайёркунии ноҳияи Ховалинг ва бозори ноҳияи Балҷувон дар назар аст.

Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар иҷрои вазифаҳои ба миён гузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду тараққиёти соҳаи  кооператсияи матлубот, таъмин  намудани аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ ва маҳсулоти ниёзи мардум тадбирҳои самарабахш амалӣ  менамояд»,- иброз намуд мудири  шуъбаи  ташкилии   «Тоҷикматлубот» Абдураҳмон  Изатуллоев.

Иттифоқи «Тоҷикматлубот» барои татбиқи яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон —  таъмини амнияти озуқаворӣ,  инчунин баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии ҷомеа, таъминоти аҳолӣ бо молҳои мавриди ниёзи аввал ва маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Ҳоло дар Тоҷикистон  73 бозор фаъолият менамоянд, ки  тобеи  Иттифоқи «Тоҷикматлубот» мебошанд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Июль 6, 2018 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд