Сафири Япония шахсонеро, ки лавҳаи ёдгории кормандони қурбоншудаи Созмони Милали Муттаҳидро нигаҳдорӣ мекунанд, қадрдонӣ кард

Июль 24, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 24.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсонеро, ки лавҳаи ёдгории кормандони қурбоншудаи Миссияи нозирони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (МНСММТ)-ро насб карда, нигаҳдорӣ намуданд, қадрдонӣ кард.

20 июл Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока ба 9 нафар истиқоматкунандаи ноҳияи Нуробод барои насб ва нигоҳубини лавҳаи ёдгории кормандони қурбонгардидаи МНСММТ дар ноҳияи Нуробод «Сипоснома» тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки 20 июли соли 1998 доктор Ютака Акино (Япония), ду нозири ҳарбӣ — Майор Ришард Шевчик (Полша), майор Адолфо Шарпеге (Уругвай) ва Ҷӯраҷон Маҳрамов (тарҷумон ва ронанда аз Тоҷикистон) ҳангоми амалиёт барои нигоҳдории сулҳ дар мавзеи кӯҳии ноҳияи Нуробод кушта шуданд.

Ҳасан Дӯстзода (раиси ноҳияи Нуробод), Зиёратшо Саъдулло (собиқ раиси ноҳияи Нуробод), Додихудо Қандов (собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Ҳумдон), Шамъигул Наботова (собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Ҳумдон, собиқ муовини раиси ноҳияи Нуробод), Наргис Маҷидова (муовини раиси ноҳияи Нуробод), Гулрухсор Неъматова (сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (собиқ мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Нуробод), Талбихоҷа Камаров (раиси Ҷамоати деҳоти Ҳумдон), Ҳасан Шоев (рассом) ва Маъруф Азизов (директори мактаби №10 ба номи Ютака Акино) нафаронеанд, ки дар анҷом додани сохтмон ва нигоҳдории лавҳаи ёдгории кормандони МНСММТ саҳми бузург гузоштаанд ва аз ҷониби Ҳаҷиме Китаока қадрдонӣ шуданд.

Сафир Ҳаҷиме Китаока ғаму андӯҳи худро нисбат ба қурбоншудагон иброз дошта, ба Ҳукумат ва сокинони ноҳияи Нуробод барои бунёд, насб кардан ва нигаҳдорӣ намудани лавҳаи ёдгорӣ миннатдорӣ баён намуд: «Ба наздикӣ дар бораи лавҳаи ёдгорие, ки дар ҷои воқеа бунёд шудааст, шунидам. Вақте ман хабар ёфтам, ки лавҳаи ёдгорӣ аз ҷониби сокинони Нуробод хеле хуб нигаҳдорӣ карда мешавад, тааҷҷуб кардам ва ҳамзамон дар қалбам ҳиссиёти гарме пайдо шуд. Мехоҳам ба ҳамагон аз самими қалб ба хотири ғамхорӣ ва саҳми босахояшон ибрози сипосгузорӣ намоям. Барои кишвари шумо сулҳ ва рушди минбаъдаро аз самими қалб орзу намоям».

Сафир Ҳаҷиме Китаока мактуби ҳамсари доктор Акиноро қироат намуд, ки дар он, аз ҷумла, навишта шуда буд: «Имсол низ тобистон гарм омад. Аз он воқеа аллакай 20 сол сипарӣ шуд. Ба назарам пас аз он ҳодиса ҳаёти тӯлониеро паси сар кардам, ки дар он рӯзҳоям бисёр вазнин мегузаштанд, мисле ки абадӣ бошанд. Аммо дар ниҳоят ҳаёти осоишта ба ман баргашт ва ҳозир рӯзҳоям хубтар сипарӣ шуда истодаанд».

Дар ин маросим ҳамчунин Кордори Сафорати Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томас Коллат, директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Ян Ҳарфст ва раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дӯстзода ширкат варзиданд.

Июль 24, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ