Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози деринтизорро ба Самарқанд анҷом дод
ДУШАНБЕ, 28.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. 28 июл Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» пас аз танаффузи зиёд тавассути ҳавопаймои «Boeing 737-300» дар самти Душанбе – Самарқанд нахустин парвозро анҷом дод. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Кристина ЭРЛИХ, ки мусофири хушбахти ин парвози таърихӣ буд, хабар дод.
Дар миёни мусофирони ҳавопаймо намояндагони ВАО, блогнависони маъруф ва корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ низ буданд, ки ба онҳо Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имконият хубе барои боздид аз як гӯшаи дигари дунё – Самарқанди афсонавӣ туҳфа намуд.
Қобили зикр аст, ки ин парвоз бо талошҳои Сарони ду давлати дӯст — Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ояндаи наздик бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон ташриф меоранд, имконпазир гардид.
Нахустин парвоз ба Самарқанд на танҳо як саҳифаи нав дар таърихи ду давлати дӯст, балки як қадами бузург дар расидан ба дидори якдигар мебошад. Акнун халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонанд бемамоният ба меҳмонии якдигар раванд, бо фарҳанг, расму русум, маконҳои тамошобоб ва сабзу хуррами ҳарду давлат шинос шаванд.
Сипос ба Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ки ба мусофирони нахустини парвоз имконият дод, ки аз шаҳри қадимаи Самарқанд ва мавзеъҳои таърихии он, ки бо тарзу усули шарқӣ оро ёфтаанд, дидан намоянд. Мо дар макони афсонаи шарқӣ будем.
Бояд ёдовар шуд, ки парвози навбатӣ дар самти Душанбе — Самарқанд 4 августи соли равон ба нақша гирифта шудааст. Давомнокии парвоз дар масири Душанбе –Самарқанд 45 дақиқа ва нархи чипта барои як самти парвоз 684 сомониро ташкил медиҳад.



















Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






