«СОХТИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКИСТОН НАМУНА БАРОИ КИШВАРҲОИ ШАРҚИ МУСАЛМОНӢ МЕБОШАД…». Посухи ховаршинос, профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Зафар Мирзоён ба тоҷикситезоне, ки зери пардаи ислом даст ба бадномкунии кишвари мо бурданианд

Июль 13, 2018 10:14

ДУШАНБЕ, 13.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ховаршиноси маъруфи тоҷик, профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб  Зафар Мирзоён дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба тоҷикситезоне, ки зери пардаи ислом даст ба бадномкунии кишвари мо бурданианд, посух гуфтааст. Ӯ, аз ҷумла, менависад: «Имрӯз сохти давлатдории Тоҷикистон намуна барои кишварҳои дигари Шарқи мусалмонӣ мебошад. Мусалмонии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Саймӯмин Ятимов як мусалмонии шахсони бохирад мебошад. Масалан, ману ту хурдтарин кори хайреро барои ислом анҷом надодаем, аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷуз корҳои бешумори густариши исломи солими анъанавӣ чанде пеш Донишгоҳи исломиро дар пойтахти кишвар ифтитоҳ намуд. Саймӯмин Ятимов бо доноиву ҳушёрии худ намегузорад, ки нозиҳои навин марзҳои кишварро убур кунанд».

Номаи ҷавобии Зафар Мирзоёнро бо ихтисори як порча шеър аз он, ки дар маънӣ ба мавқеи мо созгор нест, пешниҳоди хонандагони АМИТ «Ховар» менамоем.

Номаи эътирозӣ ба тоҷикситезоне, ки дар пардаи ислом дасти нопок ба бадномии кишвари ориёии шукуфон — Тоҷикистони яктову беҳамто бурданианд

Сухане чанд ба дингароёни ифротӣ, ки мехоҳанд шабакаҳои иҷтимоиро майдони ҳарзаофариниҳои хеш қарор диҳанд.

Тоифае аз дингароёни ифротӣ инак садсолаҳо нула мекашанд ё, ба истилоҳи ирониён, зуза мекашанд, ки «Вой, ислом! Вой, ислом хор шуд! Вой, исломро фулониҳо хароб кардаанд…» Ҷамъияте худро мусалмони пок мепиндорад, зеро суннӣ аст, ҷамъияти дигар аз шиъӣ будани хеш болида, дигаронро мушрикони дин эълом медорад ва аз миёни равияҳои дигар он қадар раҳгумони боварҳои динӣ ба чашм мехӯранд, ки хешро масъули мусалмонсозии мардумони саросари ҷаҳон пиндошта, дил пур аз кина рисолати Худованди бахшояндаи меҳрубонро ба дасти худ гирифта, бандагони он яктои беҳамторо «мушрик», «кофир» мехонанд. Бо ин кирдори хеш пай намебаранд, ки худро ба гуноҳи бузурге гирифтор кардаанд, ки кайфари онро дар ҷаҳони фонӣ хоҳанд дид.

Аз навиштаи фейсбукӣ ҳувайдост, ки шахси гаштаю баргашта ифодагари вожаи «исломситезон» худ аҷири мамлакате мебошад, ки дар зери шиори ислом (ҳамон «ислом хор шуд») ҳадафи хароб кардани кишвари орому ободро дорад. Бо коштани нифоқ, ҳамдигарситезӣ даст ба манҳустарин иқдом, яъне ватанфурӯшӣ бурдааст. Ба чашми чунин ватанфурӯшон пешравиҳои кишвари тоҷикон, осудагии мардумонаш, лаби пурхандаи душизагонаш бо либосҳои миллӣ, озод будан дар интихоби ақида чун хор мехалад. Онҳо мехоҳанд дар давлате, ки бо иттифоқи оро мардумонаш тарзи дунявӣ ва даҳрии зиндагиро пазируфтаанд, кишвари сияҳпӯшону аммомабасаронро бунёд намоянд, Дар сари роҳ занонро сангсор кунанд, дар майдон душизаеро бо туҳмат сар бибурранд. Кишварро ба ҷаҳолати асримиёнагӣ вопас бикашанд.

Огаҳон медонанд, ки аксарияти равшанандешони кишварҳои ҳамсоя дар муҳоҷират умр ба сар мебаранд. Беҳтарин андешамандону фарҳангиён дар кишварҳои озод ба офаридани асарҳои адабиву бадеӣ машғуланд.  

Дар поён мехоҳам ба ҳамраҳони фейсбукӣ бирасонам, ки имрӯз сохти давлатдории Тоҷикистон бидуни шаку тардид, намуна барои кишварҳои дигари Шарқи мусалмонӣ мебошад ва фазои мусоиду фараҳбахш барои ҳамаи диндорон, ҳама қавму миллатҳо фароҳам оварда шудааст. Мусалмонии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Саймӯмин Ятимов як мусалмонии шахсони бохирад мебошад. Масалан, ману ту бо рӯи пурпашми худ хурдтарин кори хайреро барои ислом анҷом надодаем, аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷуз корҳои бешумори густариши исломи солими анъанавӣ, чанде пеш Донишгоҳи исломиро дар пойтахти кишвар ифтитоҳ намуд. Саймӯмин Ятимов бо доноиву ҳушёрии худ, намегузорад ки нозиҳои навин марзҳои кишварро убур кунанд.

***

Мавриди зикр аст, ки Зафар Мирзоён, яке аз  донишмандони маъруфи Тоҷикистон, факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда,  солҳои 70-ум  дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ифои вазифа намудааст.  Ӯ «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро китоби рӯимизии худ қарор дода, фаъолияти илмии худро ба таҳқиқи таърихи миллат ва ниёгони тоҷик бахшидааст.

Чанд сол пеш дар шаҳри Кӯлоб маҳфили «Шоҳномахонӣ» созмон дода, ҳаводорони ин асари оламшумул ва дӯстдорони шеъру адабро ба ҳам овард.

Баҳори соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа, ховаршинос Зафар Мирзоён унвони «профессори ифтихорӣ» дода шуд.

Зафар Мирзоён яке аз олимони сермаҳсул буда, пайваста мақолаҳояш дар рӯзномаҳову маҷаллаҳои илмӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла сомонаи АМИТ «Ховар» чоп мешаванд. Ӯ муаллифи чанд китоби илмист. Танҳо соли 2017 дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳои Тоҷикистон 36 мақола чоп кардааст, ки онҳо ба мавзӯи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бахшида шудаанд. Дар нигоштаҳояш ҳар дафъа муаллиф фикрҳои ҷолиб ва дархӯри замон баён менамояд. Аз ҷумла, дар як мақолаи худ, ки моҳи январи соли равон дар матбуот дарҷ гардид, навиштааст:

«Мутаасифона, имрӯз ҳарзаофаринони бешуморе пайдо шудаанд, ки ҳама гуфтаҳои шоирони аз дасти мутаассибони динӣ дарду ранҷу таҳқир дидаро пиндорҳои ирфониву хирадгароӣ бозгӯ карда, аз ин нодонии худ адабиётшиносии тоҷикро ба вартаи торикиву раҳгумӣ  ҳидоят менамоянд. Гузашта аз ин, чуноне дида мешавад, донишҳои худошиносиро бо илмҳои даҳрӣ даромехта, зеҳну ҳуши ҷавононро аз эъҷозу ибъод ба канор мебаранд…

Таърих намунаҳои зиёдеро медонад, ки фақеҳони дини ислом маҳз бо дасти рӯҳониёни ислом, аз роҳи рабудани хотираи торихӣ ва худогоҳӣ давлатҳои тоҷиконро дар рӯзгори шукуфоӣ ва сарбаландии мардумаш сарнагун кардаанд».

Дар як нигоштаи дигари худ соли 2015 Зафар Мирзоён роҷеъ ба шароитҳои фароҳамовардаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти озодиҳои динии мардуми кишвар изҳор дошта буд, ки имрӯз шумори масҷидҳо аз шумори мактабҳо камтар нест, донишгоҳ ва мадрасаҳои динӣ дарҳои худро ба рӯи  ҷавононе, ки мехоҳанд умри хешро ба тақво ва омӯзиши аркони дини ислом бубахшанд, боз шудаанд, ҳукумат ба имомони масҷидҳо маоши ҳармоҳа медиҳад, шумори ҳоҷиёни кишвари мо дар нисбат ба кишварҳои мусалмонии Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва бархе кишварҳои дигари мусалмонӣ (ба ҳар сари аҳолӣ) бештар аст.  Ба андешаи донишманд, қавми тоҷик, ки табъан худоҷӯву худотарс аст, ғолибан ҳама хостҳои муҳимтарини динро, ба вижа донистану пазируфтани андешаи тавҳид, намозгузориву рӯзадорӣ, сафари ҳаҷ, хулоса аз хондани азон дар гӯши навзод  то хатнаву никоҳу расми ҷаноза ва хайру худоиро саросар риоят дорад ва дар давлате, ки сарвараш худ ба дин вафодор аст, касе ба посдории рукнҳои дини мубини ислом мухолифат надорад.

Ба қавли Зафар Мирзоён, садсолаи 21 садсолаи давлатҳои мазҳабӣ нест, зеро имрӯз хатари ҷангҳои мазҳабӣ дарвозаи ҷаҳони дингустариро дар кӯбидан аст. Ва шигифтангез он аст, ки дар пушти дингустарони кӯтоҳандеши нахондаву андакхонда ва фақеҳони аз сиёсати геополитикии ҷаҳон дур, чӣ нерӯҳои хуношоме ҷой нагирифтаанд: аз комплекси саноатии ҳарбӣ (тавлиди силоҳ ва фурӯши он)  то мафияи фурӯши силоҳ, аз мафияи тавлид ва фурӯши маводи мухаддир то тундгароёни фошистӣ ва ғайра. «Ҳилаи аз ҳама корои онҳо имрӯз то ба ҳассосияти ваҳим расондани мардуми мусалмон, ба вижа ҷавонони акнун ба худошиносӣ майл пайдокарда мебошад. Онҳо барои дар чашми мардуми ҷаҳон ваҳшиву барбарӣ бознамоёндани мусалмон  аз ҷавонони шарқӣ дастаҳое тартиб медиҳанд, ки аслан бар асари таълими махсус гирифтори бемории рӯҳӣ гашта, симову пӯшоку кирдорашон баёнгари барбарият мебошад. Ҳоло дигар комгор шудаанд, ки дар Аврупову Амрико ва Ҷопону Австралия, агар касе мусалмонро бубинад, ҳатман гумони нахустин бар он мекунад, ки дар муқобилаш кушанда  ё тарконандаи эҳтимолӣ воистодааст. Аврупоиву амрикоӣ акнун кӯдакашро дар синни наврасӣ ҳушдор медиҳад, ки аз мусалмон ҳазар бояд дошт…».

Муаллиф чунин мешуморад, ки барои ҷаҳонхорон ҳассосияти динпарастии мусалмонон ниҳоят муҳим аст, ҳатто зиндагисоз аст. Агар мусалмонон бо ҳам дар ситез намебуданд, ин даҳҳо ҳазор коргоҳҳои тавлидгари автомату тиру танку туфанг аз кор бозмемонданд. Миллионҳо коргар ҷойи корашонро аз даст медоданд, буҷаи давлатҳояшон касод мешуд. Агар ҳассосияти мусалмонон ба риояи тамоми нозукиҳои дини худ коҳиш меёфт ва  онҳо   рӯ ба андешаҳои техникиву иноватсионӣ меоварданд ва худашон тавлидгари трактору обкашаку ҳавопаймову компутер ва соири василаи рӯзгор мешуданд, иқтисоди аврупоиён варшикаста мешуд. Агар дар кишварҳои мусалмонӣ оромиву осудагӣ фароҳам ояд, роҳи фурӯши аслиҳа ва героину нашъаи онҳо баста хоҳад шуд.

Зафар Мирзоён чунин ба мушоҳида гирифтааст: «ислоҳотхоҳон»-и мо сурудаҳои Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро ҳанӯз дар солҳои ошуфтабори 90-ум шиор мекарданд ва байти «Аз хоби гарон хез» — ро ҳамвора ба забон меоварданд. Онҳо гумон доштанд, ки даъвати Иқбол аз мардуми Шарқ барои аз хоби гарон бархостан  ба даст силоҳ бардоштану зидди ғарбиён воистодан аст. Онҳо дарнамерафтанд, ки ин шеъри Аллома Иқболи динпаноҳ ишора ба вопасмонии шарқиён аз тамаддуни пешрафтаи ҷаҳонӣ аст. Дили ин фозили равшанбин бар он доғ мегашт, ки мағрибиён шираву шарбати заминро гирд оварда, ба фарзандонашон мехӯронанд, барояшон фазои осоишу оромишу омӯзиш фароҳам меоваранд, вале машриқӣ барои тар кардани гулӯи кудаки бемораш гаҳе наметавонад об пайдо кунад, ҳар тифли севвумаш ба беморие гирифтор аст. Ҳамин аст, ки Иқбол бо дард мегӯяд:

Мусалмон фоқамасту жандапӯш аст,
Зи кораш Ҷабраил андар хурӯш аст.
Биё нақши дигар миллат бисозем,
Ки ин миллат ҷаҳонро бори дӯш аст.

Яъне, тавре муаллифи мақола хулоса кардааст, масъала вопасмонии андешаи машриқӣ аз прогресси илмӣ – техникии замон мебошад. Мавзӯъ ин аст, ки дар он рӯзгоре, ки ҷавонони амрикоиву аврупоӣ ва ҷопониву ҳиндӣ андешаҳояшонро мутамарказ сохта, дармеёбанд, ки ҷирми (массаи) офтоб  99, 8% ро ташкил карда, тамоми маҷмуъи системаи офтобӣ, ба шумули замину астереоидҳо 0, 2% онро  ташкил медиҳанд, ё қонуни гравитатсия имкони парвози одамро ба осмон пешгӯйӣ дорад, ва ё аз маводи кимиёвии мушаххас аэрозолеро тавлид метавон кард, ки бо пош додани он пардаи аз чашм ниҳон ҳосил гардида, намегузорад тири туфанг ба хат – радиуси муайяни сарбоз ҷойгирифта ворид шуда, ба пайкари ӯ кора кунад ва монанди он ҳазорон кашфиёту дарёфтҳо, аммо дар ин ҷо андешаи ҷавононро ба омӯзиши достони Юсуфу Зулайхо ё дар ояҳои Қуръони муқаддас ҷустуҷӯ намудани қонунҳои физикаи шуоъ, кайҳоншиносӣ, генетика ва монанди он ҳикматҳои фаннӣ ҳидоят мекунанд, дар сурате, ки паёми Худованд ба тарбияи равонии мардум нигаронида шудааст, на ба ибъод дар кашфи қонунҳои физикиву кимиёвӣ. Яъне динпаноҳу динпараст будан ба сони нону об хӯрдан ҳатмӣ мебошад, вале андешаҳоро чуноне дар масали машҳури мардумӣ омадааст, сӯйи ҷустуҷӯи бутта равон кардан лозим аст, то онро маҳкам дошта, аз афтидан ба ғори бетаг эмин бимонӣ (Худо бигӯ, вале буттаро маҳкам бидор).

Зафар Мирзоён ин  гуфторро ба он сабаб пеши рӯ меоварад, ки  замоне, ки мо дар онем, ҳассосиятҳо ба дин дар нисбат ба садсолаи гузашта хеле афзудааст ва аксари тоҷикони мо дарнамераванд, ки ин ҳассосиятҳо ба осиёби бадхоҳони дини ислом ва миллати тоҷик об мерезанд.

Ва Зафар Мирзоён  нигоштаи  хешро бо ин байти Ҳаким Фирдавсӣ, ки пойдории динро танҳо дар хирадгароӣ донистааст, ба поён расондааст:

Ҳар он дин, ки бошад ба хубӣ ба пой,
Бар он дин бошад хирад раҳнамой.

ДАР АКС:  Зафар Мирзоён дар назди муҷассамаи устоди сухан  Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Тӯси Эрон

Июль 13, 2018 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд