Султон Раҳимзода дар Мубоҳисаҳои умумии Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ ширкат намуд

Июль 19, 2018 10:25

ДУШАНБЕ, 19.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 18 июл, муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар мубоҳисаҳои умумии Форуми сиёсии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор (HLPF 2018), ки дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд.

Зимни ироаи мавқеи Тоҷикистон дар робита ба барномаи ҷаҳонии рушд, С. Раҳимзода ҳамчунин вобаста ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи мазкур (20-22 июни 2018) изҳори назар намуд.

Хотиррасон менамоем, ки Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор, рӯзҳои 16-18 июл доир гардид, аз ҷониби Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ роҳандозӣ карда шуд.

Июль 19, 2018 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид