Таъминоти 12 корхонаи Тоҷикистон бо гази табиии Ӯзбекистон аз нав барқарор гардид
ДУШАНБЕ, 17.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Баъди барқарор шудани робитаҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъмини корхонаҳои ватанӣ бо гази кишвари ҳамсоя барқарор шудааст ва ҳоло 12 корхонаи Тоҷикистон бо истифода аз гази табиӣ фаъолият мекунанд. Дар ин бора 16 июл зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали директори генералии ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки шурӯъ аз моҳи апрели соли равон 12 корхонаи саноатии Тоҷикистон, аз ҷумла, Ширкати алюминийи Тоҷикистон (ТАЛКО) кори худро бо истифода аз гази табиии Ӯзбекистон ба роҳ мондаанд. Дар қатори инҳо корхонаҳои истеҳсоли хишт низ ҳастанд.
Имкони дигарбораи харидории газ аз Ӯзбекистон баъди таъхири панҷунимсола дар асоси созишнома, ки моҳи марти ҳамин сол ба имзо расид, фароҳам омад. Тибқи ин санад, имсол Тоҷикистон аз Ӯзбекистон тахминан 126 миллион метри мукааб гази табииро бо арзиши беш аз 15 миллион доллар харидорӣ мекунад.
«Шумораи корхонаҳои саноатие, ки аз гази табиии воридотӣ истифода мекунанд, торафт афзоиш меёбад. То ба имрӯз чаҳор ноҳияи вилояти Суғд аз гази табиии Ӯзбекистон истифода мекунанд. Қубури интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон то ба шаҳри Душанбе расонида шуда, тирамоҳи имсол маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-1» аз ин маводи сӯхт истифода хоҳад кард», — изҳор намуд Шавкат Шоимзода.
Муовини аввали директори генералии ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ҳамчунин афзуд, ки баъди пурра барқарор намудани лӯлаҳои интиқоли гази табиӣ, ки беш аз панҷ соли охир бекор монда буданд, сокинони Тоҷикистон низ метавонанд дар манзилҳои истиқоматии худ аз гази табиӣ истифода намоянд.












Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






