ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Меъёри бароҳати ҳарорат барои организми одам 15-25 дараҷа мебошад, вале чанд рӯзи оянда гармии ҳаво дар Тоҷикистон ба 41-45 дараҷа мерасад. Чӣ бояд кард?

Июль 18, 2018 11:23

ДУШАНБЕ, 18.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 18 то 21 июл ҳарорати ҳаво дар ҳудуди  Тоҷикистон 41- 45 дараҷаро ташкил хоҳад дод. «Аз ин лиҳоз дар чунин рӯзҳои тамузи тобистон мо бояд саломатии худ ва наздиконамонро эҳтиёт намоем», — маслиҳат додааст духтури қалбшиноси Маркази саломатии №13-и шаҳри Душанбе Наимҷон БОБОХОНОВ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА.

Бино ба гуфтаи Наимҷон Бобохонов, меъёри бароҳати ҳарорат барои организми одам 15 — 25 дараҷа мебошад. Аз ин рӯ дар ин рӯзҳои гарми тобистон ҳар як шахс бояд саломатии худ ва наздикони худро эҳтиёт намояд, чунки инсон ҳамчун объекти биологӣ шароити муайяни фаъолияти организми худро дорад. Ҳарорати ҳаво низ нишондоди муҳими физикӣ мебошад, ки дар ҳошияи муайяни ин нишондиҳанда организми инсон метавонад ба таври дуруст фаъолият кунад.

Ҳоло рӯзҳои гармтарини фасли тобистон ҷараён доранд. Ҳарорати ҳаво бениҳоят баланд шудааст, ки ин албатта, ба хуруҷ кардани баъзе бемориҳо оварда мерасонад.

Ҳарорати баланд боиси афзудани бемориҳои дарунравӣ миёни кӯдакон ва наврасон мегардад, зеро дар натиҷаи гармии баланд кӯдакон баъзан обу нӯшокиҳои на ҳама вақт ҷӯшонидашуда, инчунин  меваҳо ва сабзавоти  гуногунро, ки на ҳама вақт тоза шуста мешаванд, истеъмол мекунанд.

Ба гуфтаи мусоҳиб, агар таъсири ҳаворо ба насли калонсол ба ҳисоб гирем, қабл аз ҳама, чунин ҳарорати баланд барои гирифторони бемории диабети қанд мушкилӣ пеш меорад. Зеро дар ҳарорати баланд арақкунии бадан зиёд мегардад ва дар натиҷа консентратсияи қанди хун баланд мешавад.

Бояд зикр кард, ки бештари гирифторони бемории диабети қанд ҳамчунин ба дигар бемориҳои музмин гирифторанд, ба мисли фишорбаландии шараёнӣ, бемории ишемикии дил, норасоии музмини дил ва гурдаҳо. Аз ин рӯ ҳамаи ин бемориҳо ба якдигар таъсир намуда, хуруҷи яке аз онҳо метавонад ба авҷгирии бемориҳои дигар боис шавад.

Ба гуфтаи Н. Бобохонов, дар чунин гармои шадид муроҷиат ба табибони дилшинос аз ҷониби беморони гирифтори бемориҳои музмини системаи дилу рагҳои хунгард зиёд мешавад.

«Дар ин айём мо, табибон ба беморон, қабл аз ҳама, чунин маслиҳатҳо медиҳем: дар мадди аввал то ҳадди имкон дар соатҳои офтобӣ ба берун набароянд, яъне бештари рӯзро дар дохили биноҳо гузаронанд. Инчунин зиёд об нӯшанд, албатта, оби ҷӯшонидашуда ё чойи тунук. Агар имконият бошад, дар айёми гармӣ ба рухсатии меҳнатӣ бароянд, беҳтараш ба деҳа ё осоишгоҳҳою хонаҳои истироҳатӣ раванд. Аммо тавсияи аз ҳама муҳим- ин ба таври ҳатмӣ ва сари вақт истеъмол намудани доруҳое мебошад, ки табиби муолиҷавӣ ба чунин беморон тавсия додааст»,-гуфт  Н.Бобохонов.

Бори дигар бо истифода аз ҳушдору тавсияҳои табибону мутахассисони Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ сокинони мамлакатро даъват мекунем, ки дар ин гуна вазъи ҳаво бе зарурат ба кӯча набароянд ва зери нурҳои офтоб зиёд нагарданд.

Июль 18, 2018 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад