«Тоҷик Эйр» ба шаҳри бостонии Самарқанд парвозҳоро ба роҳ мемонад
ДУШАНБЕ, 27.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози нахустинро дар самти Душанбе – Самарқанд – Душанбе оғоз менамояд.
Назар ба иттилои котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев, парвози нахустин 28 июл бо ҳавопаймои Boeing 737–300 соати 09:00 аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сурат мегирад. Давомнокии парвоз дар масири Душанбе –Самарқанд 45 дақиқа ва нархи чипта барои як самти парвоз 684 сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои сарчашма, парвози минбаъда рӯзи 4 август сурат мегирад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






