ТОҶИКИСТОНРО АЗ КИШВАРИ ВОРИДКУНАНДА БА СОДИРКУНАНДАИ МОҲИИ ХУШСИФАТ ТАБДИЛ ДИҲЕМ! Ба Рӯзи моҳипарварон бахшида мешавад

Июль 8, 2018 09:42

ДУШАНБЕ, 08.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи июл дар Тоҷикистон Рӯзи моҳипарварон таҷлил карда мешавад. Моҳипарварӣ дар навбати худ яке аз соҳаҳои сердаромад ва манфиатовари кишвар ба ҳисоб меравад.  Солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа бештар гардидааст. Намунаи равшани ин дастгирӣ он аст, ки чанде пеш, 26 июни соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ ва афзоиши навъҳои беҳтарини моҳӣ дар шаҳри Хуҷанд дар дарёи Сир 20 ҳазор моҳиҳои навъи «сазан» ва «амури сафед» сар доданд.  Ва бояд гуфт, ки дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда шуда, даромад аз фурӯши он як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.

Мавриди зикр аст, ки «Барномаи  рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2015», ки бо мақсади нигоҳ доштан, зиёд кардани саршумор, маҳсулнокӣ, такмил додани сифатҳои генетикии моҳиҳо ва ба ин восита, таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ таҳия  гардида буд, барои пешрафти соҳа нақши муҳим бозид. Барқарорсозии иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои моҳипарварии мавҷуда, парвариши зотҳои нав, эҳёи намудҳои қаблан  нестшуда (бестер, гулмоҳии рангоранг, амури сиёҳ, пешонағафси рангоранг, буффалои амрикоӣ, лақамоҳии  каналӣ) ташкили хоҷагиҳои  парвариши моҳии хушзот, тавлидгоҳҳои  парваришӣ ва хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ  ҳадафҳои асосии ин барнома маҳсуб меёбанд.

Ба гуфтаи мутахассиси соҳаи моҳипарварии Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» Акрам Хоҷаев, баъди амалӣ гаштани Барномаи  рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2009-2015 истеҳсоли моҳӣ аз 253 тонна ба 2100 тонна расид.

Бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2018-2022» тарҳрезӣ шуда, имсол мавриди амал қарор мегирад, ки тибқи он бояд истеҳсоли моҳӣ дар ҷумҳурӣ аз 2240 тоннаи соли 2018 то ба 2620 тоннаи соли 2022 расонида шавад.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар кишвар 2037 тонна моҳии молӣ сайд шуда, ба фурӯш бароварда шуд. Дар 5 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби хоҷагиҳои моҳипарварӣ 360,8 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст. Аммо бояд гуфт, ки агарчӣ ин теъдод нисбат ба солҳои қаблӣ бештар бошад ҳам, вале ин миқдор барои таъмини аҳолии кишвар бо гӯшти моҳӣ кифоя нест.  Зеро, бинобар гуфтаи мутахассисон, талаботи солонаи аҳолии Тоҷикистон ба моҳӣ 14 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки дар як сол ба ҳар сари аҳолӣ 23 кг рост меояд. Имрӯз нархи моҳӣ дар бозорҳои пойтахт нисбатан гарон аст. Ин дар ҳолест, ки захираи обҳои поку мусаффои Тоҷикистон имкон медиҳад, ки барои рушди соҳа ҳавзҳои зиёди парвариши моҳӣ бунёд карда шуда, хоҷагиҳои моҳипарварӣ барои зиёд намудани моҳӣ талош намоянд.

Барои тасдиқи гуфтаҳои боло мо сӯйи Бозори «Меҳргон» ва Маркази савдои «Душанбе мол» (Ашан), ки шумораи зиёди харидорон ва дӯстдорони ғизои моҳигиро метавон он ҷо пайдо намуд, роҳ пеш гирифтем. Зимни мушоҳида маълум гардид, ки дар бозори «Меҳргон» дар дӯконҳои моҳифурӯшӣ нархи 1 кг зағорамоҳӣ 35, ширмоҳӣ 35 ва гулмоҳӣ 60 сомониро ташкил медиҳад.

Дар Маркази савдои «Душанбе мол» танҳо як намуди моҳӣ-гулмоҳӣ ба фурӯш монда шудааст, ки нархи он 63,99 дирамро ташкил медиҳад. Ҳангоми пурсидани фикри харидорон онҳо аз нархи гарони ин моҳӣ шикоят намуданд.

Мутахассиси ин соҳа Акрам Хоҷаев сабаби гаронии нархи моҳиро ба якчанд омилҳо вобаста медонад. «Яке аз омилҳои аввалиндараҷа заминаи хӯрокӣ ба шумор меравад. Зеро хӯроки моҳӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад».

Ба гуфтаи А. Хоҷаев, агар ба воридоти техникаву технология, тухм ва хӯрокии моҳӣ, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, сабукиҳои андозҳои гумрукӣ пешбинӣ гарданд, ин кор ба нафъи соҳа  хоҳад буд. Инчунин нархи муайянгардидаи об низ барои моҳипарварон гаронӣ мекунад.

«Моҳӣ бе хӯрокӣ ва бидуни об зиста наметавонад. Инҳо омилҳоеанд, ки барои афзоиши моҳӣ мушкилӣ эҷод мекунанд. Агар мо аз ин мушкилиҳо раҳоӣ ёбем, метавонем истеҳсоли моҳиро афзун гардонем ва нархи онро дар бозорҳои дохилии худамон   низоми муайян дарорем. Барои як гулмоҳие, ки моҳии нодир аст, аз хориҷи кишвар хӯрокӣ дастрас мекунем, ки 1 кг он то 5-10 долларро ташкил медиҳад. Агар дар мамлакат барои истеҳсоли маводи хӯрокии моҳӣ корхонаҳои хурд ба фаъолият оғоз намоянд, ин мушкилии мо осон мегардад»,-зикр намуд ӯ.

Бояд гуфт, ки дар пойгоҳи зертобеи Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» то имрӯз 277 хоҷагиҳои хурду калони моҳипарварӣ шомиланд, дар ҳоле, ки  солҳои қаблӣ ҳамагӣ 7 хоҷагӣ фаъолият мекарданд.  Ба гуфтаи Акрам Хоҷаев,  миёни ин хоҷагиҳо   хоҷагии моҳипарварии «Исмоил»-и шаҳри Кӯлоб пешқадам аст. Ин хоҷагӣ   дар як сол 30-35 тонна моҳӣ истеҳсол мекунад.

Зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» директори хоҷагии моҳипарварии «Исмоил» Исмоил Тағоев иброз намуд, ки соли равон бар асари омадани сел 2 кӯли моҳӣ аз байн рафт ба хоҷагӣ дар натиҷа  хисороти зиёд расид. Аммо ба гуфтаи ӯ, ба ин нигоҳ накарда, хоҷагии номбурда тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то аҳолиро бо маҳсулоти гӯшти моҳӣ таъмин намуда, соли равон истеҳсоли моҳиро ҳадди ақал ба 15-20 тонна расонад. Ба гуфтаи И. Тағоев, нисбат ба 3 соли қабл хӯроки моҳӣ гарон шуда, аммо нархи моҳӣ ҳамон гунае, ки буд, боқӣ мондааст.

«Ғизои моҳӣ қимат шудааст ва ин сабаби он мешавад, ки гоҳо зарару фоида баробар шаванд. Хӯрокии моҳиро мо аз Хуҷанд меорем, аз ҷумла, гандум, ҷуворимакка, ему хошоки омехта (комбикорм). Барои мисол,  1 кг ҷуворимакка то 3 сомонӣ, гандум 2 сомонӣ шудааст,   солҳои қаблӣ гандум 70-80 дирам буд. Сабус 60 дирам буд, ки ҳоло нархи он 1.20 дирамро ташкил медиҳад. Ҳоло замини обии ҳавзии мо 10 гектарро дарбар мегиранд ва дар назар аст, ки мо аз ин масоҳат 15-20 тонна моҳӣ ба даст орем»,- афзуд И.Тағоев.

Мавсуф ба моҳипарварон маслиҳат медиҳад, ки дар парвариши моҳӣ бояд хеле бодиққат ва нозукбин бошанд. Қабл аз ҳама, бояд оби ҳавз тоза бошад ва тӯли 6 моҳе, ки давраи афзоиши моҳичаҳо аст, об ҳамеша бояд гардиш кунад. Инчунин  муҳим аст, ки моҳӣ бояд доимо бо хӯрокӣ таъмин бошад.

Ба иттилои Акрам Хоҷаев, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба ин дам аз тарафи олимони соҳаи моҳипарварӣ 65 намуди моҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Гулмоҳӣ, амури сафед, пешонағафси сафед, зағорамоҳиҳо ва дигар намудҳои он дар хоҷагиҳои мо парвариш меёбанд.

Зикр бояд кард, ки сол то сол зиёд шудани аҳолии мамлакат тақозо мекунад, ки моҳӣ аз ин ҳам бештар истеҳсол карда шавад. Илова бар ин, рушди минбаъдаи соҳа дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва маҳсулоти аз моҳӣ омодашуда барои саломатии аҳолӣ  нақши ҷиддӣ хоҳад дошт. Ба андешаи мутахассисон, дар сурати аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода кардан ва ба рушди минбаъдаи соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудани муассисаву корхонаҳои масъул метавон Тоҷикистонро аз кишвари воридкунанда ба содиркунандаи моҳии хушсифат табдил дод.

Шаҳлои САДРИДДИН,

АМИТ «ХОВАР»

Июль 8, 2018 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва аз тоҷик будани худ ифтихор намоем»
Дар Бадахшон озмуни вилоятии «Канӣ духтарон» ҷамъбаст гардид
Дар Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии минтақа баргузор шуд
Соли 2024 155 километр роҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст