«ТОЗА СОЗАД ГУЛБУНИ УМЕДРО ПАЙҒОМИ ДӮСТ…». Таассуроти хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик» аз сафар ба Тоҷикистон

Июль 10, 2018 12:03

ДУШАНБЕ, 10.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик» (чопи Ҷумҳурии Ӯзбекистон) Мирасрор АҲРОРОВ   таассуроти худро аз сафар ба Тоҷикистон, мулоқоту суҳбатҳо бо ҳамсабақони худ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар се шумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» нашр кардааст.

АМИТ «Ховар» сафарномаи М.Аҳроровро, ки бо сарлавҳаҳои: «МО ОМАДАЕМ, КИ БАЗМ БУНЁД КУНЕМ!» (2018-05-14: 08:19:08), «БАР ҲИСОРИ ШОДМОН ХУШ ОМАДЕД!» (2018-05-17 09:18:37), «ДИДОРУ СУҲБАТҲОЕ, КИ ФАРОМӮШ НАХОҲАНД ШУД!» (2018-05-23 10:01:36) чоп шудаанд, пешкаши хонандагон мекунад.

 

МО ОМАДАЕМ, КИ БАЗМ БУНЁД КУНЕМ!
2018-05-14 08:19:08 (қисми 1)

Дар бораи сафари давлатии Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, дидору гуфтугӯҳои ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон ва оид ба имзои санадҳои зиёди ҳамкорӣ миёни ду кишвари дӯсту бародар дар матбуот ва садову симо маводи зиёд ба табъ расидаанд.

Яке аз натиҷаҳои ин сафар аз байн бурдани низоми раводиди байни ду кишвар барои як моҳ мебошад. Ҳар фард, новобаста аз он, ки шаҳрванди Ӯзбекистон ё Тоҷикистон аст, бидуни раводид метавонад ба ин ё он самти марз сафар кунад ва як моҳ он ҷо меҳмон шавад.

Маҳз ҳамин падидаи нек боис гардид, ки мо азми сафари Тоҷикистон кардем. Аслан нигорандаи ин сатрҳо, ҳамсафаронам – Имомалӣ Эргашев ва Зайниддин Иброҳимов дар як донишгоҳ ва дар як курс таҳсил кардаем. Мо чанд сол инҷониб мехостем, ки ба Душанбе сафар кунем ва ба дидори ҳамкурсону дӯстонамон бирасем. Аммо ҳамеша гирифтани раводид ҳавсалаи моро пир мекард. Акнун хурсандем, ки ин монеа аз байн бардошта шуд.

Вақте мо ба гузаргоҳи марзиву гумрукии «Ойбек»-и вилояти Тошканд расидем, хуршед навакак нурҳои босаховати худро дар ихтиёри мавҷудоти заминӣ қарор дода буд ва аз фаро расидани боз як рӯзи офтобӣ дарак медод. Дар постгоҳ мусофирон чандон зиёд набуданд, барои ҳамин дар зарфи ҳашт-даҳ дақиқа гузаргоҳи ҷониби худамонро убур кардем ва худро ба гузаргоҳи марзиву гумрукии «Фотеҳобод»-и ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистон расондем. Он ҷо низ ҳуҷҷатҳоямонро расмӣ кунонида, вориди хоки Тоҷикистон шудем.

Қобили зикр аст, ки марзбонҳо ва ходимони гумруки ду постгоҳи марзӣ нисбат ба мусофирон муносибати хубу самимона доштанд. Аз ин ҳол рӯҳ гирифта, ба таксие савор шудем, ки моро то шаҳри Хуҷанд мерасонд. Вақте ки ронанда ба куҷо рафтанамонро фаҳмид, маслиҳат дод, ки беҳтараш аз автовокзали «Роҳи абрешим»-и Хуҷанд ба таксӣ савор шавем.

– Нарху навои масири байни Хуҷанд – Душанбе дар ҳудуди 70-80 сомонӣ ё муодили 70-80 ҳазор сӯми ӯзбекист. Аз ин арзонтараш ҳам ҳаст, вале он мошинҳо шояд барои шумо чандон мувофиқ набошанд, –гуфт ронанда пеш аз он ки аз мошинаш фароем.

Ба вай ибрози ташаккур кардем ва борҷомаҳоямонро гирифта, хостем, ки торик нашуда, ба шаҳри Душанбе расем. Барои ҳамин зуд ба мошин нишастем.

– Агар сафарамон барор гирад, масофаи байни Хуҷанд – Душанберо дар зарфи чоруним-панҷ соат тай хоҳем кард, – гуфт ронанда.

Шаҳри Хуҷанд хеле тағйир ёфтааст. Дар тарафи соҳили рости дарёи Сир иморатҳои баланду бошукӯҳ қомат рост кардаанд, ки қаблан мислашонро надида будам. Вақте ки аз болои пули рӯди Сир мегузаштем, оби он мисли қалби поку беолоиши мардуми ин шаҳри бостонӣ мусаффо буд ва бо як маром ҷорӣ мешуд. Ин шаҳрест, ки олимону адибони бузургро зодаву парвардааст ва онҳо дар тамаддуну фарҳанги ҷаҳонӣ нақши муассир доранд.

Ба ёдам расид, ки солҳои пеш зуд-зуд падару модарамро ба ин шаҳр меовардам (равонашон шод бод!) ва онҳоро тамошо медодам. Онҳо дар Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд дар бахши забон ва адабиёти тоҷик таҳсил кардаанд.

Ғарқи фикру хаёл бехабар мондаам, ки мошинамон шаҳри Хуҷандро аллакай пас гузоштаву дар ноҳияи Шаҳристон пеш мерафт. Баъди пас гузоштани маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи мазкур, ки дар сари роҳ вомехӯрданд, табиати зебо ва мафтункори ду тарафи роҳ моро ба канори худ кашид.

Тибқи омори расмии Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳристон 1140 километри мураббаъ масоҳатро ишғол мекунад ва яке аз минтақаҳои водии Фарғона маҳсуб мешавад. Ин ноҳия дар шимол бо шаҳри Истаравшан, дар шарқ бо ноҳияи Деваштич, дар ҷануб бо ноҳияи Айнӣ ва дар ғарб бо ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи кишвари мо ҳаммарз мебошад.

– Ман ин ағбаро бори аввал убур мекунам. Вақти таҳсил дар донишгоҳ ҳамеша тавассути ҳавопаймо ба Душанбе парвоз мекардам. Он вақт тақрибан ҳар рӯз ҳавопаймо дар хати сайри Тошканд – Душанбе парвоз мекард, – хомӯшии бамиёномадаро халалдор кард Имомалӣ Эргашев.

Вай баъди анҷоми таҳсил бори аввал ба Тоҷикистон меомад. Имомалӣ, ки аз тамошои анбӯҳи арчазорон ва талу теппаҳои хушманзара завқ мегирифт, ба суханаш чунин идома дод:

– Гӯё ҳамаи мо дирӯзакак ҷавону донишҷӯ будем, вале надониста мондем, ки чиҳил сол ин қадар бо суръати тез паси сар шудааст. Дар ин муддат чӣ қадар ҳодисаҳо рух доданд, чӣ қадар дигаргуниҳо ба вуқӯъ пайвастанд, чӣ қадар бузургон бо ин дунё падруд гуфтанд.

Аммо бист сол мешавад, ки ба шаҳри Душанбе нарафтаам. Бори охир як кори муҳим баромаду тавассути қатори Конибодом – Душанбе худро он ҷо расондам. Чанд тан аз хабарнигорони бо ҳам шинос дар хонаи Ҷовиди Муқим (ҳоло доктори илмҳои журналистика ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), дар яке аз биноҳои баландошёна гирд омадему суҳбат оростем. Баъди хӯрдани нони шом хостем, ки ба поён фароему аз ҳавои тоза нафас кашем.

Вақте ки ин матлабамро оҳиста ба Суҳроби Зиё, хабарнигори бахши форсии ББС гуфтам, ҳарфҳояш маро ба ҳайрат овард. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз силоҳдорон шабонгоҳ дар ҳар ҷойи шаҳр пайдо мешаванд ва дар байни онҳо нафароне ҳастанд, ки касро дониставу надониста азият медиҳанд. Барои ҳамин шабона дар берун сайр кардани мо ба мақсад мувофиқ нест.

Рӯзи дигар ман ба ҳамон қатори Душанбе – Конибодом савор шудаму ба ақиб баргаштам. Аммо соли 2010 ҳамроҳи намояндагони Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ дар шаҳри Хуҷанд ду рӯз меҳмон будам ва мо дар маросими таҷлили Рӯзи ваҳдат ширкат доштем.

– Ҳамин Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба кишвари мо сулҳу субот омад, вагарна ҷангу куштор шояд боз давом мекард, – гуфтани яке аз ҳамсафарамон маро боз аз гирдоби  фикру хаёл берун кашид. – Аз он рӯзҳои пурталотум вақти зиёд гузашт ва амну субот дар кишвари мо барқарору зиндагии мардум орому фаровон гардид.

Сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишвари мо ва суханрониҳои ӯ ҳоло вирди забони мардум мебошанд. Дар ду даҳсолаи охир дар кишвари мо ягон президентро чунин мутантану бошукӯҳ истиқбол нагирифтаанд! – ба шавқ илова намуд вай.

Нақбу саддҳои сохташударо дида, боварӣ ҳосил намудам, ки дар ин беш аз ду даҳсола Тоҷикистон ба бунёди иншооти бузург даст задааст. Дарозии баъзе нақбҳо то панҷ километрро ташкил мекард.

Аҷабам омад, ки дар ағбаҳои Шаҳристону Анзоб теъдоди хеле ками мошинҳо ҳаракат мекарданд ва инро бо ағбаи Қамчиқи худамон муқоиса карданӣ шудам, ки рӯзмарра садҳо ва баъзан аз он бештар мошинҳо мусофиронро ба ду тараф интиқол медиҳанду бори гуногун мекашонанд. Ҳамчунин баъди баҳрабардорӣ аз роҳи оҳани Ангрен – Поп ва ҳаракати қаторҳои поезди мусофиркашу боркаш низ теъдоди мошинҳо аз тариқи ин ағба чандон кам нашуд.

– Дар ин тарафи ағбаҳои Шаҳристону Анзоб танҳо як вилояти Суғд мавҷуд аст, ки теъдоди аҳолии он беш аз дуним миллион нафарро ташкил мекунад. Аммо дар се вилояти водии Фарғонаи Ӯзбекистон бештар аз нӯҳуним миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Шояд барои ҳамин ҳаракати мошинҳо он ҷо зиёд бошанд, – гуфт ронанда ва бо ин ҷавобаш ҳайрати моро афзуд.

Дарвоқеъ, баъзе минтақаҳои роҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла. роҳи Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон – Чаноқ пулакӣ будааст ва зимни сафари мо низ ҳар як мошин таваққуф мекард ва мувофиқи меъёре, ки муқаррар шудааст, пул пардохта, дубора ҳаракаташро давом медод. Маълум шуд, ки роҳи мазкур ба дарозии 350 километр дар ивази 281 миллион доллари амрикоӣ тармиму бозсозӣ шудааст.

Ахиран, мошин моро то назди корхонаи сементи Душанбе овард. Он ҷо мошинҳое қатор меистодаанд, ки ба самти Хуҷанд ва водии Зарафшон ҳаракат мекарданд. Аз мошин поён шудему баъд ба таксии дигар савор шудем.

– Моро ба назди бинои Театри лӯхтак расонед, – хоҳиш кардем аз ронанда.

Дар назди бинои театр ҳамкурсамон Қиёмуддин Сатторӣ моро интизор буд. Дар ин ҷо вохӯрданамонро қаблан ҳамоҳанг сохта будем. Ин вохӯрӣ, ки баъди чиҳил сол ба вуқӯъ пайваст, дар ҳаёти ҳамаи мо аз таҳаввулоти гуворотарин дар чанд соли охир маҳсуб меёфт. Мо омадем, ки бо дӯстони худ дар ин ҷо базми шодӣ бунёд кунем!

 

БАР ҲИСОРИ ШОДМОН ХУШ ОМАДЕД!
2018-05-17 09:18:37 (қисми 2)

Мо дар утоқҳои бӯстонсарои хурдакаки Театри лӯхтаки ҷумҳуриявии Тоҷикистон ҷойгир шудем. Ин меҳмонхона хеле зебо сохта шудааст. Хонаҳои алоҳида бо рахти хоб ва ҷиҳози дигари зарурии маишӣ комилан муҷаҳҳаз мебошанд. Роҳбаладамон Қиёмиддин Сатторӣ дар сари ҳамаи ин корҳо меистод. Чаҳор ҳамкурс хӯроки шомро дар фазои суҳбатҳои самимӣ ва  базлагӯиҳои ҷолиб нӯши ҷон кардем.

– Шумо роҳи дароз тай карда омадед ва акнун истироҳат кунед, зеро фардо дар як чорабинии наврӯзӣ ширкат мекунем ва баъд ба Ҳисори шодмон меравем. Ман ин ҷо ба сифати роҳбари бадеӣ низ кор мекунам.  Маъмурияти театр аз ман хоҳиш намуд, ки шуморо ба маҳфили наврӯзӣ даъват кунам,– иброз дошт Қиёмуддин ва ҳамроҳи мо шабро дар ҳамин ҷо рӯз кард.

– Сафари шумо ба Душанбе ба вақте рост омад, ки мо таҷлили ҷашни наврӯзии худро баргузор мекунем. Ширкати шумо, меҳмонони азиз, ин базми моро шукӯҳи тоза хоҳад бахшид. Хуш омадед ба базми идонаи мо, – бо тавозӯъ гуфт директори театри лӯхтак Суҳроб Мирзоев.

– Мо аз ҳузури шумо хеле шоду сарфароз ҳастем. Ин ба шарофати сафари давлатии Президенти кишвари шумо Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ба муҳлати муайян аз байн рафтани низоми раводиди байни ду кишвар ва боз шудани марзҳоямон ба вуқӯъ пайвастааст, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд ноиби ӯ, зани қоматбаланди зебо  Наргис Розиқова.

Мо муддати беш аз ду соат ғизоҳои хоси наврӯзӣ тановул кардем, аз таронаҳои хубу гуворои тоҷикӣ лаззат бурдем, рақсҳои дилпазири ҳунармандони театрро тамошо кардем. Ростӣ, дар ёдам нест кай дар чунин маҳфили гуворо ширкат  дошта бошам, ки ҳама ба форсии тоҷикӣ ҳарф зананд, шеър хонанд ва тарона сароянд.  Рақсҳои дилфиребу ҷолиби яке аз духтарчаҳои кормандони театр хеле мафтункунанда буд.

Барои чунин лутфи беандоза ба Суҳроб Мирзоев, Наргис Розиқова ва ҷамъи кормандони он арзи миннатдорӣ карда, ба мошини Бадриддин Мақсудов савор шудем. Вай зодаи шаҳри Конибодом аст ва аз зумраи он ҳамкурсонамон мебошад, ки баъди хатми донишгоҳ солҳои зиёд дар Афғонистон мутарҷим шуда, кор кардааст. Ҳатто иттифоқ афтодааст, ки дар шаҳри Кобул бо ҳам вохӯрем ва аз кору зиндагии якдигар бохабар шавем. Вай сонӣ машғули корҳои илмиву пажӯҳишӣ шуда, аввал номзад ва баъд унвони доктори илмҳои филологиро ба даст овардааст. Бадриддин профессори факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Корҳои пажӯҳишиаш ба ҳаёт ва фаъолияти Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бахшида шудаанд.

– Вақте ки Қиёмуддин аз омадани шумо маро огоҳ кард, аз шодӣ сарам ба осмон расид. Воқеият аст, ки аз ташрифи шумоён хеле хушҳол ҳастам, – гуфт Бадриддин Мақсудов ва роҳравон бароямон аз кору фаъолият, зиндагӣ ва  фарзандону наберагонаш нақл кард.

– Ба назарам, роҳи байни Душанбеву Ҳисор хеле хубу ҳамвор шудааст, ки ҳаваси касро меорад,– гуфтам ба Қиёмуддин, ки дар паҳлӯям менишаст. Шояд вай  мехост  ба мо халал нарасонад, то ки аз тамошои манзараҳои ду тарафи роҳ баҳра барем.

– Иқтисодиёти Тоҷикистон оҳиста ривоҷ меёбад ва муаммоҳои зиёди мардуми мо низ мунтазам ҳаллу фасл мешаванд. Байни Тоҷикистону Ӯзбекистон бояд робитаҳо беш аз пеш вусъат ёбанд, ҳамкориҳо дар ҳама самт роҳандозӣ шаванд, он гоҳ аз ин равобит ҳарду кишвар ва мардуми он манфиат хоҳанд дид, – гуфт вай. – Ӯзбекистон ба мо интиқоли гази табииро нисбат ба нархи бозори ҷаҳонӣ арзонтар кардааст, тибқи муоҳида Тоҷикистон низ интиқоли неруи барқро ба минтақаҳои ҷануби кишвари шумо оғоз намуд,– қаноатмандона афзуд Қиёмуддин Сатторӣ.

Мошини мо аз роҳи калон ба тарафи чап тоб хӯрд ва ба самти маркази Ҳисори Шодмон ҳаракат кард. Дар пеши рӯи мо бинои хеле бузург меистод, ки шакли харбуза дошт.

– Ин бинои ғайриодии харбузамонанд чойхонаест, ки бо услуби хоси миллӣ сохта шудааст ва мислаш дар ҷаҳон дида намешавад. Онро ҷамъияти саҳҳомии кушоди «Шаҳрофар» тарҳрезӣ намудаву сохтааст, – тавзеҳ дод   Қиёмуддин Сатторӣ.

Дар ҳақиқат, ин бинои боҳашамати харбузашакл тамошобоб буд. Он 43 метр баландӣ дошта, дарозияш 100 метр ва паҳнояш 55 метрро ташкил медодааст. Ғунҷоиши ошёнаи якуми он бо масоҳати 1600 метри мураббаъ барои зиёда аз ҳазор нафар муштарӣ муқаррар шудааст. Ин ошёна дорои ду утоқи калон, 5 ошхонаи замонавии бо ҷиҳози технологӣ муҷаҳҳаз низ мебошад.

– Дар толори ошёнаи сеюм бо масоҳати 2000 метри мураббаъ 1300 нафар метавонанд нишаста, тановул кунанд. Ҷамъи коргарони он 100 нафарро ташкил мекунад. Масоҳати умумии  он 4,5 гектар буда,  дар атрофи ин чойхонаи ғайриоддӣ ба масоҳати 22 гектар бунёди боғи фарҳангиву фароғатӣ низ тарҳрезӣ шудааст,– гуфт Қиёмиддин Сатторӣ.

Баъди боздид аз ин объекти бузург мо роҳамонро ба самти хонаи Лутфулло Фазлиддинов давом додем, ки дар яке аз маҳаллаҳои Ҳисори Шодмон воқеъ гаштааст. Баъд базмро дар ҳавлии Лутфуллоино идома додем.

– Беҳуда нагуфтаанд, ки «Интизорӣ бадтар аз марг аст». Мисли мурғи пойсӯхта кардед маро,– гилакунон ба пешвозамон баромад Лутфулло Фазлиддинов.

– Мо дар роҳ камтар банди корҳои дигар шудем,– сабаби дер монданамонро тавзеҳ дод Бадриддин Мақсудов ва моро аз вартаи хиҷолат берун кашид.

Баъди ба канор кашиданҳо вориди ҳавлии Лутфулло шудем.

Ҳамаи аҳли хонавода низ моро хуш истиқбол намуданд. Боиси хурсандӣ буд, ки баъди пушти сар кардани ҳодисаҳои мағшуши солҳои навадум мардуми тоҷик дубора ба ҳолати муқаррарӣ баргашта ва машғули зиндагии боамну субот ва ободу фаровон шудааст.

Дар хонаи калону васеъ дастурхон густурда буданд ва рӯи он анвои зиёди хӯрданӣ мавҷуд буд. Аввал як пиёла чой хӯрдем ва баъд таоми сиёҳалаф оварданд, ки шояд даҳ-понздаҳ сол боз аз он тановул накардаам. Онро хеле бомазза пухтаанд. Сонӣ ба мо ҳамкурсони дигарамон – Лутфулло Гиёев ва Лоиқ Саидов пайвастанд, ки яке дар Ҳисору дигаре дар Шаҳринав зиндагӣ мекарданд. Суҳбатҳои ширин, ёдоварии ҳодисаҳои солҳои донишҷӯӣ, завқу шавқи дидоре, ки баъди чиҳил сол ба вуқӯъ пайваст, табъамонро  хеле болида сохт.

Қиёмуддин ҳамаро огоҳ кард, ки имрӯз зодрӯз дорам. Лутфулло Фазлиддинов гуфт, ки ба шарафи мавлуди ман вай боз як бори дигар зиёфати дӯстонро бар дӯш мегирад ва ин корро анҷом дод. Дар тӯли солҳои дароз бори аввал дар иҳотаи ҳамкурсони собиқи худ рӯзи таваллуди худро таҷлил кардам.

– Бовар кунед, шахси хеле хушбахт ҳастам, чунки  бори аввал рӯзи таваллудамро ройгон, яъне аз ҳисоби дигарон таҷлил мекунам! – гуфтам шӯхикунон ба ҳамкурсони собиқам.

Ҳама баробар ба ин гуфтаҳо қарсак заданду хандиданд. Ҳамон рӯз бароям хеле хотирмон гузашт. Зеро баъд аз хонаи Фазлиддинов дар хонаи Лутфулло Гиёев меҳмон шудем. Завҷаи вай – Манзура низ ҳамкурсамон мебошад.

– Ман  ду рӯз боз шуморо интизорам, аммо ҳеч не, ки шумо ба хонаи мо биёетон, – гуфт каме гилаомез Манзура.
– Гилаатон нури дида, Манзураи азиз,– гуфтем баробар ҳама.

Ҳавлии  барҳавову бошукӯҳ, мошинҳои сохти хориҷӣ, дастурхони пур аз нозу неъмат аз он дарак медоданд, ки Лутфулло ва Манзура  зиндагии хубу фаровон доранд. Аз дидани ин ҳол хеле хушҳол шудам. Ваъда кардам, ки бо онҳо дар таҷлили 40-солагии хатми донишгоҳ боз вомехӯрем.

Баъди меҳмондориҳои пайдарпайу гуворо мо Ҳисори Шодмонро тарк кардем ва ба шаҳри Душанбе баргаштем.

 

ДИДОРУ СУҲБАТҲОЕ, КИ ФАРОМӮШ НАХОҲАНД ШУД!
2018-05-23 10:01:36 (қисми 3)

Мо субҳи дигар, баъди ношто хостем, ки аз боғу майдонҳо ва биноҳои нави Душанбе боздид кунем. Қиёмуддин Сатторӣ машварат дод ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биравем.

– Ин китобхона дар паси муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва шафати манораи рамзи Тоҷикистон қомат афрохтааст. Хазинааш ҳам хеле бою ғанӣ мебошад, – илова намуд ӯ.

Солҳои донишҷӯӣ ба китобхонаи ба номи Фирдавсӣ мерафтем. Махсусан, рӯзҳои якшанбе лозим меомад, ки мо то нимаи рӯз мунтазири расидани навбати худ бошем. Ҳамон солҳо аксарияти донишҷӯён рӯзи якшанберо дар китобхонаҳо сипарӣ мекарданд ва ба навиштани корҳои курсӣ, рисолаҳои дипломӣ машғул мешуданд, ба семинарҳо тайёрӣ медиданд.

Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар баландии 25 метр қомат афрохта буд. Дар паси он майдоне бунёд кардаанд, ки ҷойи сайру гашти одамон маҳсуб меёбад.

– Марҳамат, хуш омадед, – гуфт духтари зебое, ки моро дар даромадгоҳи Китобхонаи миллӣ истиқбол гирифт. – Имрӯз «Рӯзи дарҳои кушод» аст. Метавонам шуморо роҳнамоӣ кунам, – илова намуд бо табассуми ба худ хос.

Вай ба мо нақл намуд, ки хишти аввали бинои Китобхонаи миллиро 4 сентябри соли 2007 гузоштаанд. Ба гуфтаи ӯ, маросими ифтитоҳи китобхона ба арафаи иди Наврӯзи соли 2012 рост омад ва баъд онро «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» унвон карданд.

Бинои китобхона аз ҳар нигоҳу равзана хеле боҳашамат менамуд.

– Китобхона дар чаҳор самт фаъолияти худро пиёда мекунад, ки аз ҳифзи китоб, қироат, хизматрасонӣ ва роҳандозии чорабиниҳои фарҳангӣ иборат мебошад. Бино 167 метр дарозиву панҷоҳу ду метр баландӣ дорад. Масоҳати он бошад, беш аз чилу чор ҳазор метри мураббаъро ташкил менамояд. Китобхонаи мо барои даҳ миллион нусха китоб муқаррар шудааст. Дар айни ҳол китобҳоямон бештар аз шаш миллион нусхаро ташкил медиҳанд, ки аз китобҳои чопиву электронӣ иборатанд, – гуфт роҳбалади мо.

Дар яке аз толорҳо китобҳои нодиртаринро ба маърази тамошо гузошта буданд. Дар байни ин китобҳо чанд нусхаи китоб ва тафсирҳои «Қуръон», 7 ҷилди «Тафсири Табарӣ», 3 ҷилди «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ, се ҷилди «Луғатномаи Деҳхудо»,  «Девони ашъор»-и Ризоӣ Абдулбар, қисман нусхаҳои хаттии «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ, «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ ва амсоли онро дидан мумкин буд.

Гуфта мешавад, бештар аз дуним миллион нусха китобро аҳолӣ ба маъмурияти китобхона тақдим кардаанд. Тамошои 28 толори барҳавои он дар мо таассуроти хеле нек боқӣ гузошт.

Аз  китобхона бо табъи хушу гуворо баромадем ва каме дар майдон сайру гашт кардем. Дар ақиби манораи Рамзи миллии Тоҷикистон шаршараеро дидему моту мабҳут мондем. Дар маркази шаҳр бунёд кардани он ҳайрати ҳар бинандаро хоҳад овард. Ду тарафи шаршара зина ба зина курсиҳои нишаст гузошта буданд, ки агар дар ҳавои гарм низ кас он ҷо нишинад, асло эҳсоси нороҳатӣ нахоҳад кард.

Ҳарчанд дил мехост, ки боз чанд лаҳза шоридани оби шаршара ва манзараи зебои онро тамошо кунем, аммо тибқи нақшаамон то нимаи рӯз бояд аз Боғи устод Рӯдакӣ ва чанд ҷои дигари шаҳр боздид намоем.

Боғи устод Рӯдакӣ намои нав ба худ касб намуда буд. Аз ошхонаҳои дохили боғ, ки солҳои донишҷӯӣ баъзан мо хӯрок мехӯрдем, ному нишон намондааст. Гулгаштҳои ободу зебо бунёд шудаанд, ки аз бӯи гулҳои муаттари ду самти роҳравҳо димоғи кас роҳат мекард. Дар ҳақиқат, хеле меҳнату маблағ сарф шудааст ин ҷо.

Бинои «Кохи ваҳдат»-ро тармими куллӣ мекарданд, барои ҳамин натавонистем, ки дохили онро тамошо кунем. Андак дар чойхонаи «Роҳат» нишастем ва ман нақлиёти ҷамъиятиро мушоҳида намудам, ки дар кӯчаҳои марказии шаҳр равуо мекард. Ба назар мерасид, ки дар шаҳр троллейбусҳо нақлиёти асосӣ маҳсуб меёбанд. Гоҳ-гоҳ автобусҳои тамғаҳои гуногуни хориҷӣ низ дар кӯчаҳои шаҳр пайдо мешуданд.

Мебоист ба тамошои «Кохи Наврӯз» равем, зеро достони таърифу тавсифашро борҳо хондааму шунидаам. Гуфта мешавад, ин кох яке аз беҳтарин иншооти даврони истиқлолияти Тоҷикистон аст, ки тарҳи он шояд дар фазои шӯравии собиқ назир надорад. Он аз 12 толор иборат буда, барои се ҳазору дусад нафар пешбинӣ шудааст. Дар он аз тамоми санъати меъмории классикиву замонавӣ истифода кардаанд.

Ин дам садои занги телефон баланд шуд ва моро водор намуд, ки тамошои иншоотро ба вақти дигар гузорем.

– Шумо ҳоло куҷо? Бояд баъди понздаҳ-бист дақиқа дар назди тарабхонаи «Помир» ҳозир шавед. Ин тарафаш – «сюрприз»,– гуфт аз он тарафи гӯшак Қиёмуддин.

Ҳар се худро ба тарабхонаи «Помир» расонидем. Як гурӯҳ занҳо дар назди даромадгоҳи он меистоданд. Гумон кардем, ки шояд онҳо мисли занҳои тошкандӣ ба «гап»-и худ ҷамъ омадаанд. Аммо наздик рафтему ба чашмонам бовар накардам. Он ҷо ҳамкурсони собиқамон – духтарони курсамон меистоданд, ки мисли мо солхӯрда шудаанд. То наздик шудан Қурбонбӣ, Ҳуринисо, Маҳрам ва Санамбиро шинохтам. Он ҷо боз як зани дигар меистод. Гумон кардам, ки мудири тарабхона аст, барои ҳамин ба вай чандон аҳамият надодам.

Ҳама шодона бо якдигар вохӯрӣ кардем. Ростӣ, ҳолати ҳамон лаҳзаро қаламдод кардан бароям осон нест. Ҷисму ҷонамро ҳисси шодиву ифтихор фаро гирифта буд. Асло тасаввур намекардам, ки ба дидани ин қадар ҳамкурсонам мушарраф мешавам.

Сонӣ зеҳн мондаму зани панҷумро шинохтам. Ӯ Шодигули бухорӣ буд, ки баъди хатми таҳсил сукунат дар шаҳри Душанберо ихтиёр кард. Баъди лаҳзае Сарвар ва Саида ба мо пайвастанд.

– Ҳамаи мо ба дидани шумо омадем. Агар Қиёмуддин ба Душанбе омадани шуморо ба Сарвари ҳамкурсамон нагӯяд, мо бехабар мемондем,–гуфт шикоятомез Санамбӣ.

Ҳувайдо буд, ки онҳо низ моро сахт пазмон шудаанд. Охир, мо мисли хоҳарону бародарон дар як курс панҷ сол хондем, дар пахтазорон моҳҳои дароз пахта чидем!

Дар атрофи мизи калон нишастем, аз таҳти дил суҳбатҳо кардем. Гуфтему шунидем, хандидем ва гоҳ чеҳраҳо ҷиддӣ шуданд. Дар ин муддат Саида, Сарвар ва Барно хонаи Худоро зиёрат карда баргаштаанд.

Ба ёд овардем, ки муддати чиҳил сол даҳ нафар ҳамкурсонамон қазо кардаанд. Аз онҳо низ ёдоварӣ кардем.

– Медонед, таҷлили ҷашни чилсолагии хатми донишгоҳ охири моҳи июл баргузор хоҳад шуд. Албатта, ҳамкурсони зиёдамон гирди ҳам хоҳанд омад, – гуфт Қиёмуддин Сатторӣ.

Ҳудудан беш аз як соат суҳбатамон аз ину он идома кард. Аз ҳаёту зиндагӣ, маишату муваффақиятҳои ҳамдигар огоҳ шудем. Баъди шунидани сурудҳои дилангез ва рақсу бозӣ вақти хестан расид.

Баъд ҳамроҳ чанд акс гирифтем ва бо умеди он ки боз дида ба дидор хоҳад расид, хайрухуш намудем.

 

 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
Душанбе – Хуҷанд – Тошканд

Июль 10, 2018 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд