Вақте халқ ба Сарвараш боварӣ дорад, сиёсаташро пуштибонӣ мекунад, бешак, он давлат ояндаи дурахшон ва пешрафтро молик мегардад, – шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Июль 26, 2018 10:55

ДУШАНБЕ, 26.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шумораи навбатии нашрияи расмӣ — «Ҷумҳурият» (23.07.2018, №144) мулоҳизаҳои рӯзноманигор Ато Боқӣ зери сарлавҳаи «Истиқлолият. Офтобе, ки ба рӯзгори мардум нур мебахшад» нашр гардидаанд. Дар мақола муаллиф Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро аз бузургтарин дастоварҳои халқи тоҷик муаррифӣ кардааст, ки пас аз гузашти ҳазорсолаҳо ба даст омаданд. Барои расидан ба ин арзишҳои миллӣ нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле муҳим арзёбӣ гардида, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як тоҷик муаррифӣ шудааст. «Ҷое, ки ваҳдати халқ аст, ҷое, ки ниятҳо поку беолоишанд, ҷое, ки халқ ба Сарвараш меҳр ва боварӣ дорад, сиёсаташро пуштибонӣ мекунад, бешак, он давлат ояндаи дурахшон ва пешрафтро молик мегардад»,-навиштааст Ато Боқӣ.

Инчунин дар ин шумора мақолаи «Қолинҳои Қайроққум. Рушди истеҳсолот ҷиҳати рақобатпазирӣ ва пешгомӣ дар бозори ҷаҳонӣ», ки ба қалами рӯзноманигори ҳафтанома Шаҳбози Аброр тааллуқ дорад, чоп шудааст. Муаллиф дар заминаи корхонаи қолинбофии «Қолинҳои Қайроққум» ба яке аз самтҳои муҳими саноати кишвар – қолинбофӣ таваҷҷуҳ карда, дастоварду мушкилоти ин соҳаро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (24.07.2018, №145) зери унвони «Бозшиносии равандҳои сиёсӣ тақозои замон аст» бардошти Нозим Нуров, устоди ДДФСТ аз мулоқоти Сарвари давлат бо намояндагони ҷомеаи кишвар нашр гардидааст. Дар ин матлаб муаллиф ба яке аз мавзӯъҳои муҳим – таҳкими давлатдории тоҷикон, ки Пешвои миллат дар суханронии худ ҳамеша зикр мекунанд, таваҷҷуҳ карда, навиштааст: «Бозшиносии равандҳои муосири сиёсӣ талаботи замон аст ва дар шароити феълӣ, ки бархӯрдҳои тамаддунӣ ва сиёсӣ минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтаанд, бетафовутӣ ва саҳлангорӣ дар ин замина давлат, миллат ва ҷомеаро ба хоби ғафлат мебарад ва чуноне аз таҷрибаи талхи пешин хабар дорем, оқибатҳои фалокатбор дорад».

Инчунин дар ин шумора матлабҳои «Байторӣ. Чаро ба он таваҷҷуҳ кам зоҳир мешавад?», «Рашт. Афзоиши нақши бахши хусусӣ дар пешрафти ноҳия», «Аз қаламроҳ то қадамҷо. Андешаҳо перомуни китоби «Хоки баланд»-и шоир Тӯлқин Хоҷа» низ рӯйи чоп омадаанд.

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (25.07.2018, №146) хабару гузоришҳо зери сарлавҳаи «Машварати кории Пешвои миллат», «Сарҳади давлатӣ. Натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳа», «Об. Ҳар кӣ меовард, ситоиш мешуд», «Шоҳтемур, Айнӣ, «Овози тоҷик» ва Лоҳутӣ — якчанд саҳифаи таърих» чоп шудаанд.

Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» (21.07.2018, №89) зери унвони «Воқеияти таърихӣ набояд таҳриф шавад» мақолаи Ҳизбулло Хоҷаев, ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр намудааст, ки он ба яке аз мавзӯъҳои доғ – баҳсу моҷаро барои истифодаи обу замин байни сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, ки солҳо боз идома дорад, бахшида шудааст. Муаллиф ба таърихи пайдоиши ин проблема таваҷҷуҳ карда, иқдомҳои барои ҳалли ин мушкил рӯйи даст гирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ва кашолкориҳои ҷониби Қирғизистонро муфассал баён намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора матлабҳои дигар зери унвони «Ҳунарҳои мардумӣ дар Сағирдашт ҷойгоҳи хос доранд», «Саховатпеша доим арҷманд аст», «Фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ба меъёрҳои шаръӣ мухолиф аст», «Бештар ронандагони ҷавон аз рӯйи қоида амал намекунанд» ба нашр расидаанд.

Дар шумораи навбатии худ нашрияи «Садои мардум» (26.07.2018, №90) аз машварати корӣ, ки 24 июли соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор вазорати идораҳои давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва фаъолони пойтахт баргузор намуданд, гузориш нашр кардааст.

Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ мусоҳибаи рӯзноманигор Бурҳониддин Каримзод бо Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода нашр шудааст, ки дар он паҳлӯҳои гуногуни соҳаи нақлиёти автомобилии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастовардҳо ва мушкилоти соҳа баён карда шудаанд.

Инчунин дар ин шумора мақолаҳои «Тадбирандешӣ мебояд, на «обсофкунӣ», ки ба проблемаи гароншавии нархи маводи сӯхт ва «Шукр мекунам, ки ҳақиқатро дарк кардам», ки ба мавзӯи доғи ҷомеа – пушаймонии ҷавонон аз узвият ба гурӯҳҳои ифротӣ бахшида шудааст, нашр гардидааст.

Дар шумораи навбатии нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (25.07.2018, №30) мақолаи илмии   доктори илмҳои сиёсӣ,  узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зери сарлавҳаи «Политический  субъект и национальная безопасность» нашр гардидааст. Дар мақола гуфта мешавад, ки сарфи назар аз қонуниятҳои раванди зуҳуроти иҷтимоӣ, ки ногузир будани онҳо барои инкишоф ва такмили муносибати ҷамъиятӣ таъкид карда мешаванд, таҷрибаи таърихӣ баёнгари он аст, ки субъектҳои сиёсӣ дар ташаккул ва натиҷаи амали  сиёсӣ нақши фавқулода муҳим мебозанд. Ҳамзамон нақши Роҳбари сиёсӣ ҳамчун субъекти сиёсӣ дар таъриху давлатдорӣ ва ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ нишон дода шудааст. Ба назар чунин мерасад, ки омӯзиши субъекти сиёсӣ, ба тарзи «абадӣ ва беохир наздикшавии тафаккур ба ҳадафи таҳқиқро» тақозо мекунад.

Инчунин дар нашрия мақолаи  нависанда, рўзноманигор ва драматурги тоҷик Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин «Подвиг двух лидеров», ки дар бораи  дӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нақл мекунад, ба нашр расидааст. Дар ҳошияи дӯстии  тоҷику ӯзбек боз ду маводи дигар- «Новые страницы культурной связи между Таджикистаном и Узбекистаном» ва «Ярмарка товаров производителей Хатлонской области в городе Термез» рӯи чоп омадаанд.

Нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» (26.07.2018, №30) ин ҳафта низ мавзӯъҳои гуногунро аз ҳаёти ҷавонони ҷумҳурӣ инъикос кардааст. Зери сарлавҳаи «Бо фейсбук ба куҷо равонем?» матлаби таҳлилӣ нашр шудааст, ки дар он нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти одамон ва таъсиру хатарҳои фейсбук мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Инчунин дар ин шумора мақолаву гузоришҳо зери унвони «Сеюмин лагери ҷавонони СҲШ», «Зистан ҳунар аст!», «Қаҳрамонии паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Осиё», «Зиракии сиёсии ҷавонон – омили рушду суботи кишвар» ва «Фарҳанги садоқат» чоп гардидаанд.

Июль 26, 2018 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва аз тоҷик будани худ ифтихор намоем»
Дар Бадахшон озмуни вилоятии «Канӣ духтарон» ҷамъбаст гардид
Дар Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии минтақа баргузор шуд
Соли 2024 155 километр роҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст