Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзид
ДУШАНБЕ, 24.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари кории дурӯза ҷиҳати иштирок дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки он 20-22 июли соли 2018 дар шаҳри Чолпон-Ато баргузор гардид, сафар намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон созишҳои дар рафти вохӯрии кории сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (15 марти соли 2018, ш.Остона) ба даст омадаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни вохӯрии вазирон мубодилаи афкор оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.
Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, маориф ва илм, фарҳанг ва туризмро муҳокима карданд.
Роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ истифодаи маҷмӯи захираҳои обу энергетикаро дар Осиёи Марказӣ тақвият дода, омодагии худро ҷиҳати таҳким додани ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид намуданд.








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






