Ба имзо расидани Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни агентиҳои иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Ӯзбекистон «ӮзА» барои таъмини амнияти иттилоотии ҳарду кишвар мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 23.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, 17 августи соли равон дар шаҳри Тошканд пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев 26 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки дар қатори онҳо Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «ӮзА» шомил мебошад.
Созишномаи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ ва аз ҷониби Ӯзбекистон директори генералии Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «ӮзА» Абдусаид Кучимов ба имзо расониданд.
Санади мазкур бо мақсади мусоидат кардан ба ҳамкории судманди касбии ҷонибҳо дар соҳаи иттилоот, табодули ройгон ва пешниҳоди иттилооти дақиқу боэътимод, таҳким бахшидан ба муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвари ҳамсоя, инъикоси урфу одат ва анъанаҳои мардумони тоҷику ӯзбек, инчунин ташвиқу тарғиби имкониятҳои сайёҳии ҳарду кишвар таҳия шудааст.
Мувофиқи санади имзошуда, агентиҳои иттилоотии «Ховар» ва «ӮзА» мунтазам дар сомонаҳои интернетии худ хабару гузоришҳо, мусоҳибаҳо ва мақолаҳои таҳлилиро, ки дар мавзӯъҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ, адабӣ ва сайёҳӣ навишта шудаанд, бознашр мекунанд. Ҳамчунин агентиҳои иттилоотии давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон сафарҳои сарони ҳар ду давлат ва ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Ӯзбекистонро инъикос карда, зимни баргузор шудани конференсияҳои минтақавию байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи давлатӣ ба ҳамдигар мусоидат ва кумак мерасонанд.
Ба имзо расидани Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «ӮзА» дар таъмини амнияти иттилоотии ҳар ду кишвар саҳми шоиста мегузорад. Зеро то ин замон хабару гузоришҳо оид ба воқеияти Тоҷикистону Ӯзбекистон аз ВАО-и кишварҳои дигари минтақа дастрас карда мешуданд, ки ба талаботи амнияти иттилоотӣ пурра мувофиқат намекард.
Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «ӮзА» мисли Агентии «Ховар» дар Тоҷикистон агентии иттилоотии давлатии Ӯзбекистон буда, соли 1918 ҳамчун шуъбаи ӯзбекистонии РосТА таъсис дода шуда, баъдан таҳти номи ӮзТАГ дар сохтори ТАСС фаъолияти босамар кардааст.
Ҳоло Агентии иттилоотии «ӮзА» оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Парлумон ва Девони вазирони Ӯзбекистон ва дигар сохтору мақомоти давлатии ин кишвар бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, анлисӣ, франсузӣ, олмонӣ, арабӣ ва хитоӣ хабару гузоришҳо омода ва паҳн мекунад.
Маводи таҳиянамудаи «ӮзА» аз тарафи рӯзномаву маҷаллаҳо, телевизион ва радиои ин мамлакат паҳн ва бознашр карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар давоми як соли охир ин дуюмин Созишномаи ҳамкории АМИТ «Ховар» мебошад, ки бо расонаҳои иттилотии кишварҳои хориҷӣ ба имзо расидааст. 1-уми сентябри соли 2017 зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии Чин «Синхуа» ба тасвиб расида буд.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳӣ ва осори бостонии Миср мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва FAO баррасӣ гардид
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2026–2028» ба имзо расид
Котиби кулли Конвенсияи Рамсар ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Дар Анқара масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангию илмӣ барои соли 2026 дар Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Шараф Шерализода бо Роҳбари Дафтари Федералӣ оид ба кишоварзӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амвол ва биноҳои Вазорати корҳои хориҷии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ширкати австриягии «Andritz Hydro GmbH» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Австрия мулоқот намуд






